Барномарезии хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Ироқ

Барномарезии хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Ироқ

Ахбори байналмилал

Reuters

Гузориши Reuters аз замзамаи хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз Ироқ

Хабаргузории Reuters ба нақл аз манобеъи худ фош кард, ки Кохи сафед дар номае муҳим ба давлати Ироқ дар бораи шартҳои аввалияи худ дар бораи поён додан ба ҳузури низомӣ дар Ироқ хабар додааст.

Бар асоси ин гузориш, бархе шавоҳид нишондиҳандаи оғози музокироти аввалияи ду кишвари Ироқ ва Омрико бо ҳадафи поёни ҳузури низомии ин кишвар дар Ироқ аст.

Reuters аз муҳтавои номаи Омрико ба вазири хориҷаи Ироқ аз тариқи сафири Омрико дар Бағдод хабар дод.

Ин хабаргузорӣ муддаӣ шуд, муҳтавои ин нома дар бораи оғози музокироти аввалияи ду кишвар дар робита бо поёни амалиёти эътилофи байналмилалӣ таҳти раҳбарии Омрико дар Ироқ аст.

Ин хабаргузорӣ дар айни ҳол таъкид кард, ки ин раванд мумкин аст чандин моҳ то солҳо тӯл бикашад, бинобар ин хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ қарибулвуқӯъ нест.

Аз сӯйи дигар, шабакаи хабарии CNN ба нақл аз манобеӯе навишт, ки интизор меравад, ки Вошингтун музокироти худро бо Бағдод дар хусуси ояндаи ҳузури низомии Омрико дар Ироқ ба зудӣ оғоз кунад.

Reuters

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи мушакии Ҳизбуллоҳ ба пойгоҳи низомиёни исроилӣ
Ҳамлаи муқовимати Ироқ ба Исроил

Матолиби пурбоздид