Бародари имониатро дар ҳар ҳол ёрӣ кун

Фарҳанг

Бародари имониатро дар ҳар ҳол ёрӣ кун

Сабки зиндагӣ

Дар ривояте, ҳазрати Расули Акрам (с) фармоянд:

“Бародари имониатро ёрӣ кун, хоҳ ситамгар бошад ва хоҳ ситамдида. Асҳоб гӯё аз шунидани ин фармоиш ҳайратзада ва тааҷҷуб карданд, аз ин рӯ марде пурсид:

— Эй Расули Худо! Агар мазлум ва ситамдида бошад ва кӯмакаш кунем, ин мантиқӣ ва уқалоӣ ва як вазифаи динӣ аст, инро мефаҳмем, вале агар ситамгар бошад чӣ гуна ӯро ёрӣ кунем?

Ҳазраташ фармуд:

— Кӯмак ба ӯ ин нест, ки ӯро дар ситамгарӣ ва зӯргӯӣ ҳимоят ва ёрӣ кунед, балки ёрии ӯ ба ин аст, ки ҷилави зулму ситами ӯро бигирӣ ва дар муқобили ӯ биистӣ. Ин аст ёрӣ кардани ӯ”.

(Ривояти Бухорӣ, Аҳмад ва Тирмизӣ)

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тумос Фридман: “Телавив бо хатари мавҷудиятӣ рӯ ба рӯст”
Симурғ

Матолиби пурбоздид