Баррасии андешаҳои сиёсии Имом Абуҳанифа – III

Таърих

Баррасии андешаҳои сиёсии Имом Абуҳанифа – III

Бахши севвум (поёнӣ)

Фасли севвум: Фиқҳи сиёсии Имом Абӯҳанифа

1) Шаклгирӣ

Дар рӯзгори Имом Абӯҳанифа гурӯҳҳои зиёде бо ӯ мухолиф буданд. Бо ин ҳол, вай ба унвони як шахси донишманд ва соҳибназар дар эътиқодҳо ва аҳкоми фиқҳӣ, нуфузи камназире дошт. Аз аҷоиби рӯзгор ин ки ба рағми мухолифатҳо ва муноқишаҳо, балки муборизаҳои сиёсӣ, ки бо ҳокимони замони худ дошт, интизор мерафт дастгоҳи фикрии ӯ ба ҳошия рафта ва матрук бимонад, вале фиқҳи ӯ ба далели вежагиҳои хоссе, ки дошт, ба суръат ба баданаи низоми қазоии расмӣ роҳ ёфт ва дар бахшҳое аз хилофати азими исломӣ дар рӯзгори худ ва пас аз он, мабнои тасмимгириҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ қарор гирифт.

Омилҳое, ки ин хушиқболиро фароҳам кард, ду омил буд:

а) Вусъати дастгоҳи фиқҳии ӯ, ки дуруст дар замоне шакл гирифт, ки хилофати исломӣ ба орои фиқҳии ончунонӣ ниёз дошт;

б) Вуҷуди омилҳое чун “озодандешӣ ва парҳез аз тақлиди ноогоҳона”, “бакоргирии раъю қиёс ба унвони яке аз манобеи мӯътабари фиқҳӣ” ва “тафкики аҳкоми шариат ба аҳкоми таъаббудӣ ва ғайритаъаббудӣ”, ки дар фиқҳи Имом вуҷуд дошт, тавонист халаъи фиқҳӣ ва ниёзҳои ҷадиди ҳуқуқӣ-шаръии ҳукуматҳо ва ҷомеаи рӯ ба густариши исломиро пӯшиш диҳад.

Имом Абӯҳанифа дар рӯзгоре, ки ҷомеаи исломӣ бо парокандагӣ ва ошуфтагии фиқҳӣ рӯ ба рӯ шуда буд ва даргириҳои каломӣ-сиёсӣ якпорчагии онро таҳдид мекард, бо тарбияти ҳудуди 36 шогирд, ки нақши аъзои як маҷмаъ ё шӯрои фиқҳиро ба риёсати худи вай ифо карданд, тавонист ҳазорон масъалаи фиқҳиро сомон бидиҳад.

Иллати тавфиқи ин ташаккули ба истилоҳ ғайридавлатӣ ва истихроҷи ҳаҷми азиме аз масоили фиқҳӣ, ки гуфта мешавад то он замон истихроҷ ва тадвин нашуда буданд, ҳам ба шахсияти пурнуфузи Имом Абӯҳанифа бозмегардад, ҳам ба диққате, ки ӯ ва шогирдонаш дар судури фатвои фиқҳӣ ба харҷ медоданд, ва ҳам ба ниёзи рӯзафзуни дастгоҳи хилофати он рӯз ба орои фиқҳӣ; ниёзе, ки сабаб шуд, дастгоҳи хилофат орои Имомро ба кор бандад ва худ ба худ мӯҷиби густариши он шавад. Ба далели ҳамин вежагиҳо, фиқҳи Имом Абӯҳанифа аз сӯи бисёре аз силсилаҳои ҳокимони мусалмон ба унвони мабнои амали ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ қарор гирифт. (24)

Кашмакаш байни истодан дар суннати динӣ ва навгароӣ ва навоварии динӣ, таҷрибаи муштараки ҳамаи фарҳангҳои динӣ аз ҷумла фарҳанги исломӣ будааст. Гузашти замон ва тағйири авзоъ ва шароит, ба вежа он гоҳ, ки дин ба дунёитарин лояи худ яъне сиёсат ворид мешавад, ниёзҳои ҷадид меофаринад ва ниёзҳои ҷадид посухҳо ва роҳи ҳаллҳои тоза талаб мекунад. Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ бо гузашти андаке аз зуҳури худ, ба шиддат ниёзманди созукоре шуд, ки битавонад дар айни ҳифзи усул ва мабонии диндорӣ, ба ниёзҳои мутағайири асрӣ ва фарҳангии мусалмонон посух гӯяд. Бо густариши қаламрави ҷаҳони ислом, ниёз ба қоидаҳо ва формуле, ки битавонад ба ин ниёз посух гӯяд, беш аз пеш эҳсос шуд. Бо ин ки Имом Абӯҳанифа ба шиддат бо бидъатгузорӣ дар ислом мухолиф ва аз он парҳез дошт (25), аммо вуҷуди унсуре чун озодандешии фиқҳӣ, раъю қиёс ва бархе нигаришҳои тафкикӣ — монанди тафкики аҳком ба таъаббудӣ ва ғайритаъаббудӣ дар фиқҳи вай — ба навбаи худ тавонист тафаккури фиқҳии ӯро аз истоӣ хориҷ карда ва равияи инъитофпазирӣ дар он бидамад. Ин амр метавонист, андешаи сиёсии мусалмононро аз шаклгароӣ раҳоӣ бахшида ва имкони амали сиёсии мутанаввеъ ва рӯзомадро бе он ки аз усули шариат фосила бигиранд, барои ҳукуматҳои исломӣ фароҳам оварад.

* * *

2) Вежагиҳо

Фиқҳи сиёсии Имом Абӯҳанифа дорои вежагиҳое аст, ки ин вежагиҳо, ҳам ба лиҳози фиқҳӣ ва ҳам аз назари сиёсӣ-иҷтимоӣ метавонад ҳоизи аҳаммият бошад. Бархе аз ин вежагиҳо дар пай меоянд:

а) Озодандешии фиқҳӣ

Дуктур Аҳмад Покатчӣ бо таҳқиқ дар оро ва андешаҳои Имом Абӯҳанифа, мӯътақид аст, вай озодандеширо дар фиқҳ тарвиҷ мекард ва ҳеч гоҳ касеро ба тақлиди ноогоҳона аз худ фаро намехонд. Дар иборате, ки Зуфар ибни Ҳузайл, аз шогирдони Имом Абӯҳанифа нақл карда, ӯ ошкоро иброз доштааст, ки ҳеҷ касе муҷоз нест бидуни он ки далели ӯро дар судури фатвое бидонад, сирфан бар пояи тақлид аз ӯ фатво диҳад. (26)

Имом Абӯҳанифа бо чунон таъкиде ин омӯзаи худро ба асҳоби худ илқо карда буд, ки то наслҳо, пайравони ӯ тақлиди олиме аз олими дигарро бидуни огоҳӣ аз мабнои ҳукм ҳаром мешумурданд. (27) Покатчӣ тасреҳ мекунад, муқоисае байни фиқҳи Имом Абӯҳанифа ва шогирдони ӯ, ба равшанӣ нишон медиҳад, онон ҳаргиз муқаллиди Имом Абӯҳанифа набудаанд ва мисли муҷтаҳидон ба истинботи аҳком аз манобеи онҳо пардохта ва дар бархе маворид, ба хилофи назари устоди худ, назар медодаанд. (28)

* * *

б) Раъю қиёс

Бо фатҳи Ироқ ва пазириши ислом, дар муқобили мактаби фиқҳии Ҳиҷоз, мактаби фиқҳии Ироқ шакл гирифт. Мактаби Ироқ дар муқоиса бо мактаби Ҳиҷоз ба унсури раъю қиёс таваҷҷӯҳи бештаре кард ва онро ба унвони яке аз манобеи мӯътабари истинботи аҳкоми шаръӣ ба расмият шинохт. Аҳли раъю қиёс дар давраи севвуми тобеъин, номдортарин фақеҳони Куфа буданд, ки боризтарини онҳо Ҳаммод ибни Абисулаймон, муҳимтарин устоди Имом Абӯҳанифа буд.

Бар хилофи пиндори бархе, қиёс дар мактаби Ироқ дар муқобили насс ё ҳадиси мӯътабар қарор надошт, балки тибқи ҳадисе, ки Абӯдовуд ва Тирмизӣ нақл кардаанд, қиёс, баъд аз набуди ҳукми шаръӣ дар китоби Худо ва суннати Расулуллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва бино ба нақли ҳадиси Нисоӣ баъд аз фуқдони ҳукм дар китоби Худо ва суннати Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва дар мартибаи баъд, дар сурати фуқдони ҳукм дар ақволи саҳоба, эътибор меёбад.

Қиёс дар миёни мухолифони Имом Абӯҳанифа низ роиҷ буд, аммо он чи қиёси ӯро аз қиёси дигарон мутамойиз мекард, мизони корбурд ва ба вежа чигунагии бархӯрди вай дар таъорузи қиёс бо далелҳои заъифи нақлӣ чун “хабари воҳид” ва бархе завоҳир буд. Бо ин ҳол, Имом Абӯҳанифа дар истифода аз қиёс ба завобите пойбанд буд. Ҳаддиақал он ки аз корбасти он дар умури таъаббудӣ парҳез дошт. Ҳатто Ибни Удай дар “Алкомилу фи зуъафоир-риҷол” бо ин ки ақволи зиёде дар мазаммати Имом Абӯҳанифа нақл карда, вале иборатеро низ аз вай нақл мекунад, ки ӯ бархе аз анвоъи қиёсро ба шиддат мавриди ҳамла қарор додааст. (29) Ин амр нишони ошкоре бар эҳтиёти Имом Абӯҳанифа дар бакоргирии қиёс дорад.

* * *

в) Аҳкоми тааббудӣ ва ғайритааббудӣ

Имом Абӯҳанифа аҳкоми шариатро ба аҳкоми тааббудӣ (мисли аҳкоми марбут ба намозу рӯзаву ҳаҷҷу ғайра) ва аҳкоми ғайритааббудӣ тақсим мекард. Ӯ аз корбасти қиёс дар умури тааббудӣ парҳез дошт ва равиши қиёсии худро бештар дар аҳкоми ғайритааббудӣ ба кор мебаст. Бо ин рӯйкард, имкони санҷишҳои ақлонӣ дар умури иҷтимоӣ, ки арсаи аҳкоми ғайритааббудӣ аст фароҳам мешуд ва ба сурате созгорона ва низомманд, имкони навоварӣ дар арсаҳои иҷтимоӣ, ки арсаи тағйиру дигаргунӣ аст, ҳосил меомад. Иллати истиқболи ҳукуматҳо дар ҷаҳони ислом аз фиқҳи ҳанафиро бояд дар ҳамин қавоид ва вежагиҳо ҷустуҷӯ кард.

* * *

Ҷамъбандӣ

Ба унвони як мутафаккири сиёсӣ, Имом Абӯҳанифа дорои дидгоҳҳои воқеъгароёнае аст, ки реша дар шаръ дорад ва бо таваҷҷӯҳ ба шароити сиёсӣ-иҷтимоии замони ӯ шакл гирифтааст. Агар лозимаи арсаи сиёсат ва ҳукуматро чанд асл бидонем, Имом Абӯҳанифа онҳоро дошта ё мавриди таваҷҷӯҳ қарор додааст.

Нахустин асл, эътидол, миёнаравӣ ва парҳез аз тундравӣ ва ифротгарӣ ба лиҳози фикрӣ ва сиёсӣ аст ва мавриди таваҷҷӯҳи Имом Абӯҳанифа аст.

Дуввумин асл, сиъаи садр ва таҳаммул аст, ки аз заруратҳои ин арса ба шумор меравад ва бидуни он, умури сиёсӣ-иҷтимоӣ дар дарозмуддат ба бунбаст ва бӯҳрон дучор хоҳад шуд.

Ва севвумин асли муҳим, мудоро ва таъомул аст, ки он ҳам лозимаи сиёсат ва ҳукуматдорӣ аст.

Аммо дар тамоми мавориди фавқ, Имом Абӯҳанифа талош карда андозаро таъйин кунад ва тафсири хосси худро аз онҳо равшан кунад, ба гунае, ки ифрот дар ин усули зарурӣ ва муҳим, ба ибоҳигарӣ ва аз даст рафтани мабонии динӣ ва исломӣ наянҷомад.

Имом Абӯҳанифа дорои ду вежагии барҷаста буд, ки дар ҳавзаи сиёсат ва ҳукумат зарурӣ ва коромад ба назар мерасад. Нахуст ин ки: дар умури динӣ ва эътиқодӣ сахтгир ва дар умури сиёсӣ ва иҷтимоӣ саҳлгир ва мутасомеҳ аст, ки ин вежагӣ ҳам метавонад ба ҳифз ва тадовуми усули эътиқодӣ ва мазҳабии ислом кӯмак кунад ва ҳам умури сиёсӣ-иҷтимоии ҷомеаи исломиро бо тангно, бӯҳрон, ошуфтагӣ ва дар ниҳоят бо фурӯпошӣ мувоҷеҳ насозад.

Дуввум ин ки: ба он чи эътиқод дошт, бар худ сахт мегирифт, аммо бо дигарон ба тасомуҳ бархӯрд мекард. Ин амр низ мӯҷиб мешавад аввалан донишмандон, бузургон ва раҳбарони ҷомеа ба он чи эътиқод доранд ва бар забон меоваранд амал кунанд ва улгуе барои соирин бошанд, ва сониян аз соири афроди ҷомеа, ки аз тавон, бовар ва нигарише мисли бузургон ва донишмандон бархӯрдор нестанд, таколифе, ки дар ҳадди вусъи онҳо нест, хоста нашавад.

Поёни мақола

Пайнавиштҳо:

1) Ҳусайн ибни Алӣ ал-Симарӣ, Ахбору Абиҳанифа ва асҳобуҳу, с.15; Ҳофиз Абӯбакр Аҳмад ибни Алӣ ал-Хатиб ал-Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, ҷ.13, с.324.

2) Муҳаммад ибни Исҳоқ Абулфараҷ ан-Надим, Алфеҳрист, с.284.

3) Ҳусайн ибни Алӣ ал-Симарӣ, пешин, с.15.

4) Ҳофиз Абӯбакр Аҳмад ибни Алӣ ал-Хатиб ал-Бағдодӣ, пешин, ҷ.13, с.333.

5) Ҳусайн ибни Алӣ ал-Симарӣ, пешин, с.21-22.

6) Абдулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотилут-толибийин, с.100.

7) Муҳаммад ибни Ҷарир ат-Табарӣ, Таърихи Табарӣ, ҷ.7, с.293.

8) Ҳофиз Абӯбакр Аҳмад ибни Алӣ ал-Хатиб ал-Бағдодӣ, пешин, ҷ.13, с.366.

9) Муваффақ ибни Аҳмади Маккӣ, Маноқибу Абиҳанифа; Абулмуайид Муҳаммад ибни Маҳмуди Хоразмӣ, Ҷомеъу масониди Абиҳанифа, ҷ.1, с.66.

10) Абдулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотилут-толибийин, пешин, с. 240-243 ва 251; Ҳофиз Абӯбакр Аҳмад ибни Алӣ ал-Хатиб ал-Бағдодӣ, ҷ.13, пешин, с.329-330.

11) Иззуддин Алӣ ибни Асир, Алкомил фит-таърих, ҷ.5, с.585.

12) Ҳофиз Абӯбакр Аҳмад ибни Алӣ ал-Хатиб ал-Бағдодӣ, пешин, ҷ.13, с.327-330.

13) Миён Муҳаммад Шариф, Таърихи фалсафа дар ислом, ҷ.2, с.128.

14) Аҳмад Покатчӣ, Абӯҳанифа, Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.5, с.379-409.

15) Абӯбакр Муҳаммад ибни Саҳли Сарахсӣ, Алмабсут, ҷ.1, с.3.

16) Масъудӣ, Муруҷуз-заҳаб, ҷ.2, с.192.

17) Муҳаммад Миён Шариф, пешин, ҷ.2, с.137.

18) Ҳамон, ҷ.2, с.134-135.

19) Ҳусайн ибни Алӣ ал-Симарӣ, пешин, с.68-69.

20) Абӯбакри Ҷассос, Аҳкомул-Қуръон, ҷ.1, с.86-87.

21) Муваффақ ибни Аҳмади Маккӣ, Маноқибу Абиҳанифа, ҷ1, с.162.

22) Муҳаммад Миён Шариф, пешин, ҷ.2, с.140-141.

23) Нӯъмон ибни Собис Абӯҳанифа, Васийятун ило Юсуф ибни Холид ас-Самтӣ.

24) Муҳаммад Миён Шариф, пешин, ҷ.2, с.142-146.

25) Абилмутиъи Балхӣ, Ашшарҳул-муяссар лил-фиқҳил-авсат ал-мансуб ли Абиҳанифа.

26) Юсуф ибни Абдуллоҳ, Ибни Абдулбарр, Алинтифоъ мин фазоили-салосатил-аимматил-фуқаҳо, с.145.

27) Абдулқодири Қурайшӣ, Алҷавоҳирул-музиа, ҷ.1, с.347.

28) Аҳмади Покатчӣ, пешин, с.400.

29) Ибни Удай, Алкомилу фи зуъафоир-риҷол, ҷ.7, с.9.

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Достони Ҳишом ва Фараздақ
Достони Адий ибни Ҳотам

Матолиби пурбоздид