Бартарии инсон
Бартарӣ ва имтиёзи инсон аз соири махлуқот дар мухтор будани ӯст ва ин ки ҳамеша дар сари дуроҳӣ қарор дорад. Худо ӯро маҷбур наёфарида, Худо ӯро мисли занбӯри асал эҷод накарда, ки дар паймудани роҳ маҷбур аст. Занбӯрҳои асал ҳама бидуни истисно маҷбуранд, ки асал дуруст кунанд. Аммо инсонҳо маҷбур нестанд ҳама монанди масалан Мӯсо (а) бошанд. Монанди Мӯсо будан барои ту лозимааш ин аст, ки дар сари як дуроҳӣ қарор бигирӣ: яке, роҳи мӯсоҳо ва дигаре роҳи фиръавнҳо ва ту бо ихтиёри худат, на аз сари иҷбор, роҳи Мӯсоро биравӣ, ки албатта дар он, сахтиҳо ва душвориҳо ва азобҳо ва маҳрумиятҳо ҳаст. Вагарна, Худо метавонист ману туро низ мисли занбӯри асал маҷбур биёфаринад. Бинобар ин, вуҷуди фиръавнҳо дар рӯи замин адолати Худо ва дар натиҷа вуҷуди ӯро зери суол намебарад. Вуҷуди фиръавнҳост, ки мӯсоҳоро намоён месозад, агар Фиръавне набуд, қатъан Мӯсое набуд.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн