Бахмут – яке аз шаҳрҳои муҳимми Украина дар тасарруфи Русия

Бахмут – яке аз шаҳрҳои муҳимми Украина дар тасарруфи Русия

Ахбори байналмилал

Евгений Викторович Пригожин раиси гурӯҳи “Вагнер”-и Русия аз тасарруфи комили шаҳри Бахмут дар шарқи Украина хабар дод.

Ба гузориши Рarstoday, ба нақл аз Ирно, Пригожин, якшанбе дар паёми савтӣ гуфт: Аз лиҳози ҳуқуқӣ Бахмут тасарруф шуда ва парчами Русия бар фарози сохтмони идории ин шаҳр барафрошта шудааст.

Шаҳри Бахмут дар шарқи Украина воқеъ шудааст ва дар моҳҳои ахир, ҷанги шаддиде миёни нерӯҳои русӣ ва украинӣ барои тасарруфи ин шаҳр ҷараён доштааст.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дар ҳафтаҳои ахир борҳо дар мавриди авоқиби вахими суқути Бахмут ҳушдор дода буд.

Ба ҳамин далел, ситоди муштараки артиши Украина душанбе бо радди тасаруфи Бахумт тавассути Русия гуфт: Низомиёни Украина ҳанӯз шаҳри Бахмутро дар даст доранд ва бисёре аз ҳамалоти душманро дафъ кардаанд.

Зеленский гуфтааст оянда Укриана ба натиҷаи набард дар конунҳои аслии ҷанг дар шарқи Украина аз ҷумла Бахмут бастагӣ дорад. Вай ҳушдор дода буд, авзоъ дар шарқи Украина бисёр сахт ва дарднок аст.

Пригожин раиси гуруҳи низомии Вегнер чанде пеш бо баёни ин, ки нерӯҳои рус ба маркази Бахмут наздик шудаанд хостори дарёфти таслиҳоти бештар барои тасарруфи комили ин шаҳр шуда буд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

“Бозии бузург” алайҳи Русия
Оё ғарб мутамаддин аст?

Матолиби пурбоздид