Бахше аз дуои Макоримул ахлоқ

Бахше аз дуои Макоримул ахлоқ
Худоё! Бар Муҳаммад ва хонадонаш дуруд бифрист!
(Худоё!) Маро ба зевари шоистагон биёрой,
ва ба ҷомаи парҳезгорон бипӯшон: дар густардани адлу дод ва фурӯ хӯрдани хашм ва мирондани оташи душманӣ ва ба ҳам пайвастани дилҳои пароканда ва ба сомон кардани кори бандагон,
ва бармало кардани писандидаҳо ва пӯшондани корҳои нописанд ва нармхӯйӣ ва фурӯтанӣ ва хушрафторӣ ва бурдборӣ ва хушрӯйӣ ва пешӣ ҷустан дар фазилатҳо ва гаравидан ба шеваи эҳсон ва сарзаниш накардани дигарон ва бахшиш накардан ба касе, ки сазовори бахшиш нест ва гуфтани сухани ҳақ, агарчӣ душвор бошад ва андак шумурдани кирдор ва гуфтори неки худ, агарчӣ бисёр бошад ва бисёр шумурдани кирдор ва рафтори бади хеш, агарчӣ андак бошад!
Эй маъбуди ман! Ин сифотро дар ман ба камол расон, ба василаи тоати пайваста ва ҳамроҳӣ бо ҷамоати мӯъминон ва дурӣ гузидан аз бидъатгузорон ва пайравони андешаҳои сохтагӣ!
(Саҳифаи Саҷҷодия)
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мӯъмин кист?
Дониш ва донишмандон дар суханони Паёмбари Акрам (с)

Матолиби пурбоздид