Баёнияи муштараки нишасти С5+1 дар Самарқанд

Баёнияи муштараки нишасти С5+1 дар Самарқанд

Ахбори минтақа

Нишасти муштараки мақомоти баландпояи Осиёи Марказӣ ва мудири USAID (Намояндагии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои тавсеаи байналмилалӣ) Саманта Пауэр дар Самарқанд баргузор шуд.

Нишасти С5+1 дар сатҳи вазирон (вузарои сармоягузорӣ, иқтисод, тиҷорат) бо ҳузури мудири USAID баргузор шуда, ҷонибҳо оид ба рушди робитаҳои минтақавӣ дар соҳаҳои энергетика, иттилоот, нақлиёт ва транзитро баррасӣ нмуданд.

Дар ин нишаст, ҷузъиёти сармоягузориҳои ҷадиди Амрико ба Узбекистон баён гардид.

Дар натиҷаи ин ҷаласа баёнияе иборат аз 14 банд ба имзо расид, ки баъзе қисматҳои он дар зер зикр шудаанд:

Дар банди аввали ин баёния омадааст, Амрико мутааҳҳид шудааст, ки ояндаи шукуфо ва мураффаҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамкории пайвастаро барои коҳиши оқибатҳои манфии таҳаввулоти ахири байналмилалӣ кафолат диҳад.

Дар бандҳои сеюм, чаҳор ва панҷуми ин изҳорот масъалаи мубориза бо бӯҳронҳои иқлимӣ, тамоюли муштараки ҷонибҳо барои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаи сабз ва об зикр шудааст ва Иёлоти Муттаҳида низ мутааҳҳид бар тавсиа ва иттисоли системаҳои энергетикии минтақа шудааст.

Инчунин дар бандҳои ҳаштум, нуҳум ва даҳум ба аҳамияти тавсиаи тавон ва иттисолоти ҳамлу нақл ва таронспорти Осиёи Марказӣ ва ба таври куллӣ ба масъалаи коридорҳои тронзитӣ, аз ҷумла Трансхазар ишора шуда ва ба ниёзи минтақа ба сармоягузориҳои Амрико таъкид шудааст.

Дар охир низ, Амрико ба тааҳҳуди худ нисбат ба ҳимояти истиқлол ҳокимият ва тамомияти арзии кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид намудааст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сӯзишвории бемористонҳои Ғазза тамом шудааст
Исмоил Ҳаниа: Исроил дар ботлоқи Ғазза аст

Матолиби пурбоздид