Баёнияи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар бораи ҳамлаи паҳподии имрӯз ба Исроил

Баёнияи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар бораи ҳамлаи паҳподии имрӯз ба Исроил

Ахбори байналмилал

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман бо ишора ба ҳамлаи паҳподии ин кишвар ба як ҳадаф дар Исроил, дар ҷануби Фаластини ишғолӣ, гуфт, ки то замони шикасти муҳосираи Ғазза, ин ҳамалот идома хоҳад дошт.

Ба гузориши Ал-Масира, Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, имрӯз (душанбе) хабар дод, ки як “ҳадафи ҳассоси режими саҳюнистиро дар Ашдуд” дар ҷануби Фаластини ишғолӣ, бо паҳпод ҳадаф қарор додаанд.

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман ҳамчунин гуфт, ки дар ҷараёни ин амалиёти муҳим, паҳпод бо муваффақият ба ҳадафи худ исобат карда ва ин ҳамла дар ростои марҳилаи панҷум аз мароҳили пуштибонӣ аз муқовамати Фаластин аст.

Нерӯҳои мусаллаҳи Яман ҳамчунин таъкид карданд, ки ҳар гуна ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба ин кишварро бо амалиётҳои низомии бештар посух хоҳанд дод.

Яҳё Сареъ дар поён гуфт, ки амалиётҳои ҳимоятии Яман аз миллати Фаластин то замони таваққуфи ҳамалот ва шикасти муҳосираи навори Ғазза ҳамчунон идома хоҳад дошт.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ақл ва дил
Муҳаммад Ал-Башир маъмури ташкили давлати интиқолии Сурия таъин шуд

Матолиби пурбоздид