Баёнияи расмии сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар бораи мушакборони Телавив

Баёнияи расмии сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар бораи мушакборони Телавив

Ахбори байналмилал

Яҳё Сареъ дар баёнияе эълом кард, ки артиши Яман дар амалиёте вежа, Телавив воқеъ дар Фаластини ишғолиро ҳадаф қарор додааст.

Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, ки бо ёрии Худованд як амалиёти низомии вежа анҷом шуд, ки яке аз аҳдофи муҳим дар минтақаи Ёфои ишғолӣ (ки исроилиҳо онро Телавив меноманд) ҳадаф қарор додааст.

Вай афзуд: “Ин амалиёт бо як паҳподи ҷадид ба номи “Ёфо” анҷом шуд, ки қодир буд сомонаҳои раҳгирии душманро (“Гунбади Оҳанин”-ро) давр бизанад ва бо муваффақият ба аҳдофи худ даст ёбад.”

Яҳё Сареъ хотирнишон кард: “Минтақаи Телавивро минтақае ноамн эълом мекунем ва дар тиррас ҳамалоти мо қарор хоҳад гирифт, бар ҳадаф қарор додани ҷабҳаи дохилии душмани саҳюнистӣ ва умқи сарзаминҳои ишғолӣ таъкид мекунем.”

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба идомаи ҳамалоти худ ба аҳдофи ҳассоси низомӣ ва амниятии душмани саҳюнистӣ дар вокуниш ба қатли омм ва ҷиноёти рӯзонаи душман дар Ғазза таъкид кард.

Ба гузориши Алъолам, бомдоди имрӯз расонаҳои режими Исроил ба нақл аз манобеъи амниятӣ гузориш доданд, ки як паҳподи бузург аз самти баҳр ба Телавив наздик шуд ва ин шаҳрро бомбборон кард ва мушаххас нест, ки чӣ гуна тавониста аз “Гунбади Оҳанин” убур ва ба сохтмоне дар Телавив бархӯрд кунад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамалоти Ҳизбуллоҳ дар умқи Исроил
Яман Тел-Авивро мушакборон кард

Матолиби пурбоздид