Баёнияи Раёсати Олии ҲНИТ дар бораи ҳамла ба бемористони Ғазза

Баёнияи Раёсати Олии ҲНИТ дар бораи ҳамла ба бемористони Ғазза
Ахбори байнамилал
Баёнияи Раёсати Олии ҲНИТ дар бораи ҳамла ба бемористони Ғазза
Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳамла ба бемористони Алмаъмадонӣ дар Ғаззаро, ки беш аз 1000 куштаву захмӣ ба ҷо гузошт маҳкум мекунад. Ин ҳамла бо тамоми қонунҳои байналмилалӣ ва ҳамаи арзишҳои инсонӣ мухолиф аст.
Мо шоҳиди он ҳастем, ки бештарин қурбониёни ин ҷанг дар чанд рӯзи гузашта ғайри низомиён ва ба хусус занону кӯдакон будаанд. Маъмулан дар чунин ҳолатҳо ғайринизомиён танҳо ба бемористонҳову мактабҳо паноҳ мебаранд ва бар асоси қонунҳои байналмилалӣ дар ҳолати ҷангӣ ҳеҷ неруе ҳақ надорад ба ин маконҳо ва ба хусус макони таҷаммуъи паноҳандагон ва оворагон ҳамла кунад.
Раёсати Олии ҲНИТ таъкид мекунад, ки ин ҳамла ҳеҷ тавҷеҳе надорад ва ин ҷанг бояд ҳарчи зудтар мутаваққиф шавад.
Мо аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои муассир дар ин қазия дархост мекунем, ки барои таваққуфи ин ҷанг ва таваққуфи куштори мардуми бегуноҳ ҳарчи зудтар вориди амал шаванд.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон барои мардуми Афғонистон
Макрон: “Ҳеч чиз наметавонад бомбборони бемористонро тавҷеҳ кунад”

Матолиби пурбоздид