Баёнияи Сипоҳи Эрон

Баёнияи Сипоҳи Эрон

Ахбори фаврӣ

Сипоҳи посдорни Инқилоби Исломии Эрон аз партоби мушкаӣ ва асобати онҳо ба ҳадафҳое дар даруни Исроил хабар дод.

Матни баёния

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Миллати шариф ва шаҳидпарвари Эрони Исломӣ!

Дарпосух ба ҷиноёти мутааддиди режими хабиси саҳюнистӣ аз ҷумла ҳамла ба бахши консулгарии Сафорати Ҷ.И.Эрон дар Димишқ ва ба шаҳодат расондани фармондеҳон ва мусташорони низомии Эрон, дар соатҳои бомдоди имрӯз, (якшанбе, 26-фарвардин; 14-апрел) диловармардони неруи ҳавофазои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бо ҳамроҳии соири неруҳои ин ниҳоди инқилобии мардумӣ, ба унвони бахше аз танбеҳи он режими номашрӯъ ва ҷниояткор тайи амалиёти “Ваъдаи содиқ” аборамзи муқаддаси “Ё Расулаллоҳ” бо муваффақият аҳдоферо дар дохили сарзаминҳои ишғолӣ бо даҳҳо фарванд мушак ва паҳбод мавриди исобат қарор доданд.

Ҷузъиёти ин амалиёт, ки бо мусаввабаи Шӯрои амнияти миллӣ ва зери назари Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ ва бо ҳимоят ва ҳамроҳии ғаюрмардони артиши Ҷумҳурии Исломӣ ва пуштибонии Вазорати дифоъ ва пуштибонии нируҳои мусаллаҳ анҷом пазируфт, базудӣ ба истеҳзори мардуми қаҳрамони Эрон ва озодагони ҷаҳон хоҳад расид.

Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Расонаҳои ибрӣ: Даҳҳо паҳподи эронӣ ба сӯи Исроил партоб шудаанд
Оғози ҳамлаи Эрон ба Исроил

Матолиби пурбоздид