Баёнияи Ҳамос дар радди дурӯғпардозии расонаҳои ғарбӣ алайҳи муқовамат

Баёнияи Ҳамос дар радди дурӯғпардозии расонаҳои ғарбӣ алайҳи муқовамат
Ахбори байналмилал
Ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин бо судури баёнияе, дурӯғпардозии расонаҳои ғарбӣ алайҳи муқовамат дар заминаи қатли занону кӯдакони “Исроил”-ро такзиб кард.
Ба гузориши хабаргузории Меҳр ба нақл аз расонаҳои фаластинӣ, ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) бо судури баёнияе иддаоҳои бархе расонаҳои ғарбӣ дар мавриди қатл ва куштори занону кӯдакони исроилӣ ба даст муборизони Қассомро такзиб кард.
Матни ин баёния ба шарҳи зер аст:
Ба номи Худо. Ҳамос ба таври қотеъона бар кизб будани иддаоҳои бархе расонаҳои ғарбии ҳамсӯ бо ривояти саҳюнистӣ, ки охирин мавриди он иддаои қатл ва куштори кӯдакон ва ғайри низомиён буд, таъкид ва эълом мекунад, ки Қассом ва муқовамат марокизи амниятӣ ва низомиро, ки аҳдофи машрӯъ ҳастанд, ҳадаф қарор дода ва файлҳои тасвирӣ аз майдони набард ва даҳҳо маврид санад ва тасовири мунташиршуда тавассути шаҳракнишинон низ собит мекунад, ки мо аз осеб расондан ба ғайри низомиён ва кӯдакон иҷтиноб кардем.
Режими ишғолгар аз тариқи бомбборони ҳавоӣ ва шиллики мушакҳои мамнӯъаи байналмилалӣ, то ин лаҳза 1055 ғайри низомии фаластинӣ аз ҷумла беш аз 300 кӯдак ва 200 занро ба шаҳодат расонда ва 5150 ғайри низомии дигар, ки беш аз 1200 нафар аз онон кӯдак ва 1000 нафар низ зан ҳастандро маҷрӯҳ кардааст ва даҳҳо нафар аз кодри пизишкиро ҳам шаҳид ё захмӣ кардааст ва ҳанӯз ҳам даҳҳо нафар аз шаҳрвандон аъамм аз зану кӯдаку солхӯрда зери оворҳо дар ҳоли ҷон додан ҳастанд. Ғайри низомиён ҳамчунон ба шевае ҳадафманд мавриди ҳадаф қарор мегиранд ва ин режим иқдом ба қатъи барқ ва об ба рӯйи сокинони Ғазза карда ва монеъ аз вуруди кӯмакҳои ғизоӣ ва доруӣ барои онон мешавад.
Режими ишғолгар куштори дастаҷамъиро дар ҳаққи миллати Фаластин дар пеш гирифтааст; он ҳам дар шароите, ки баъзе кишварҳо мутаассифона бо ривоёти дурӯғини душмани саҳюнистӣ ҳамсӯ шуда ва чашми худро бар ҳақоиқе, ки ҷаҳониён аз тариқи пахши мустақим мушоҳида мекунанд, бастаанд…
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эрдуғон: “Қатъи обу барқи Ғазза қатли омм ва эъдом аст”
Ал-Азҳар: “Ҷиноёт дар Ғазза лаккаи нанге бар пешонии режими саҳюнистӣ аст”

Матолиби пурбоздид