Баёнияи Ҳамос: “Режими ишғолгар дар оташи Яман хоҳад сӯхт”

Баёнияи Ҳамос: “Режими ишғолгар дар оташи Яман хоҳад сӯхт”

Ахбори байналмилал

Alalam

Иззат Ришқ, узви дафтари сиёсии ҷунбиши муқовамати исломии Ҳамос таъкид кард, ки Яман ва мардуми он ва дар раъси он бародарони Ансоруллоҳ, баҳои мавзеи шарофатмандонаи худ ва дифоъ аз Фаластин ва миллати Фаластинро, ки дар маърази наслкушии нозиҳо дар борикаи Ғазза ҳастанд, медиҳанд.

Ба гузориши Алъолам, Иззат Ришқ таъкид кард, ки душмани ишғолгари саҳюнистӣ бидуни шак дар оташе, ки имрӯз дар Алҳадидаи Яман барафрӯхта шуд, хоҳад сӯхт ва ташдиди ҷиноёти ин режими муъодилоти мавҷудро ба куллӣ тағйир хоҳад дод.

Ришқ гуфт: “Худованд шуҳадои Яман дар Алҳадидаро раҳмат кунад ва онҳо шуҳадои Фаластин ва Яман ҳастанд ва маҷрӯҳонро шифо диҳад ва ба онҳо ба хотири ҷонфишонӣ ва диловариашон беҳтарин подошро ато фармояд!”

Ҷунбиши Ҳамос ҳамчунин дар баёнияе таъкид кард, ҳамла ба Яман талоше мазбуҳона барои боздоштани муқовамат аз анҷоми вазифааш дар қиболи Фаластин аст.

Ҳамос бар ҳамбастагии комили худ бо мардуми Яман таъкид кард ва мавозеъи шуҷоъонаи ин мардум дар заминаи ҳимоят аз мардуми Фаластинро сутуд.

Ин ҷунбиш, душмани саҳюнистӣ ва давлати Омрикоро масъули афзоиши таниш дар минтақа донист ва аз тамоми кишварҳо ва нерӯҳои уммати исломӣ хост, вориди ҷиргаи рӯёрӯӣ бо душмани саҳюнистӣ шаванд.

Alalam

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷорҷ Сортун дар бораи тамаддуни исломӣ
Шайхурраис Буалӣ Сино – I

Матолиби пурбоздид