Бемории Ибни Асир
Ибни Асир, Маҷдуддин Абусаодот, муаллифи «Ҷоме-ул-усул», аз бузургоне буд, ки назди подшоҳон манзилате баҷо дошт ва мансабҳои мухталиферо ба ӯҳда гирифта буд, то ин ки беморие оризи вай шуд, ки дасту пояш аз кор бозмонд. Ба ҳамин сабаб тарки машоғили хеш гуфт ва хонанишин шуд.
Аммо руасо ва мақомот ҳамчунон ба хонааш омаду рафт мекарданд. То ин ки табибе ба наздаш омад ва дармони вайро ӯҳдадор шуд. Аммо замоне ки дармонаш кард ва наздик буд саломатияшро бозёбад, миқдоре тилло ба табиб дод ва гуфт: ба роҳи хеш рав!
Ёрон сарзанишаш карданд ва пурсиданд, ки намегузорияш, то шифои комил ҳосил ояд?
Гуфт: замоне ки беморам, маносиби ҳукуматӣ ӯҳдадор нестам ва аз ин рӯ, вақтҳоямро сарфи такмили хеш ва хондани китобҳои илмӣ мекунам.
Ибни Асир тарҷеҳ дод, ҷисмаш нотавон ва мариз бошад, аммо маносиби ҳукуматӣ бар ӯҳда нагирад. Вай дар ин муддат китоби боарзиши «Ҷоме-ул-усул» ва «Ан-ниҳоя» ва ғайри онҳоро ба риштаи таҳрир даровард.
(Манбаъ: «Кашкули Миёнҷӣ», бо андаке ихтилоф дар лафз)
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: