Берун шудан аз ислом ба чӣ маъност?

Таҳлили хабарӣ

Берун шудан аз ислом ба чӣ маъност?

Дар сафҳаи шахсии Устод Сайидюнуси Истаравшанӣ матлабе омадааст, таҳти унвони “Қонуни манъи сатри исломӣ ва “идгардак”, як ояти қуръонӣ, ислом, Омрико ва Урупо ва ҷаҳони ислом”, ки дар он ба мавзӯоти рӯз мисли қонуни манъи ҳиҷобу идгардак ва ғайра пардохта ва муҳимтарин нуктаи он – ишора ба мафҳуми берун шудан аз ислом, ё хориҷ шудан аз дини ислом аст.

Матлабро дар ҳамин ҷо метавонед пайгирӣ кунед:

 

Қонуни манъи сатри исломӣ ва “идгардак”, як ояти қуръонӣ, ислом, Омрико ва Урупо ва ҷаҳони ислом

Дирӯз порлумони Тоҷикистон, қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим”-ро тасвиб кард, ки бар мабнои он, “овардан, фурӯш, тарғиб ва пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона” ва “идгардаки кӯдакон” манъ шуд.

Қонуни мазкур, бо ин унвони ба зоҳир фиребанда, вале дар асл мухолифи ислом, бори дигар собит кард, ки мақомоти тоҷик на танҳо инсонҳои кинатӯз бо ислом ва мазоҳири исломӣ, ки болотар аз он, як мушт афроди нафаҳм будаанд. Зеро тасвиби якчунин қонун ва дар ин рӯзҳо, ҷуз нишондиҳандаи ҳамоқат ва балоҳати онҳо нест. Тардиде надорам, ки бо ин иқдоми нобихрадона, бар умри ҳукуматашон кӯтоҳ кардаанд ва рӯзе пушаймон хоҳанд шуд, ки албатта он рӯз пушаймонӣ дигар суде надорад. Ин як.

Матлаби дигар ин ки: имрӯзҳо зоҳиран олам воруна шуда, зеро дар ҳоле, ки дар ҷаҳони ғайриисломӣ мисли Омрико ва Урупо, шоҳиди гаравидани мардумонаш хусусан ҷавонони онҳо ба ислом ва рӯй оварданашон ба ин дини зинда ва пӯё ба сурати гурӯҳӣ мешавем, аммо дар ҷаҳони ислом (ва беҳтараш, ҷаҳони мусалмоннишин, ки дар одамонаш нишонае аз ислом дида намешавад) шоҳидем, ки фавҷ-фавҷ аз ислом хориҷ мешаванд.

Бале, қабули ин гуна қонунҳо аз сӯйи ҳукуматҳояшон ва низ бетафовутӣ нисбат ба сарнавишти бародарон ва хоҳарони мусалмонашон дар Ғазза ҳатто аз сӯйи “уламо” ва мубаллиғони исломиашро наметавон ҷуз хориҷ шудан аз ислом унвон кард. Дар Арабистони Саудӣ масалан, ки “уламояш” замоне ҳанҷараашон барои даъвати ҷиҳод дар Сурия ва алайҳи мусалмонон пора шуда буд, имрӯза аммо, дар ин кишвар сухан аз Фаластин гуфтан, ҷурм аст, ҷиноят аст.

Ва на танҳо ҳукуматҳои ҷаҳони исломӣ, балки ҳатто уламо ва мубаллиғонаш низ дам аз Фаластин намезананд. Медонед чаро? Фақат ба хотири ин ки ҳомиёни Фаластин дар имрӯз, шиъаён ҳастанд; барои ҳамин тарҷеҳ медиҳанд саҳюнист пирӯз шавад, вале Эрони Исломӣ на. То ба ин ҳадд нисбат ба мусалмонони шиъа кина ва адоват доранд. Инро ҳам метавон мисдоқе аз берун шудан аз ислом донист.

Дар охир як ояти қуръонӣ меоварам; ояте, ки гӯё дар бораи имрӯз аст:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا مَنْ يَرْتَدَّ مِنْكُمْ عَنْ دِينِهِ فَسَوْفَ يَأْتِي اللَّهُ بِقَوْمٍ يُحِبُّهُمْ وَيُحِبُّونَهُ أَذِلَّةٍ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ أَعِزَّةٍ عَلَى الْكَافِرِينَ يُجَاهِدُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَلَا يَخَافُونَ لَوْمَةَ لَائِمٍ ۚ ذَٰلِكَ فَضْلُ اللَّهِ يُؤْتِيهِ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ

“Эй касоне, ки имон овардаед! (Бидонед) ҳар ки аз шумо аз дини худ хориҷ шавад, Худо дар оянда қавмеро, ки бисёр дӯст дорад ва онҳо низ Худоро дӯст доранд ва нисбат ба мӯъминон сарафканда ва фурӯтан ва ба кофирон сарафроз ва муқтадиранд хоҳад овард, ки дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд ва (дар роҳи дин) аз маломати аҳаде бок надоранд. Ин аст фазли Худо, ба ҳар ки хоҳад, ато мекунад ва Худоро раҳмати васеъи бемунтаҳост ва (ба аҳволи ҳама) доност.” (Сураи Моида, ояти 54)

Дар шаъни нузули ин оят чанд қавл ҳаст, ки ин қавм чӣ касоне ҳастанд ва аҷиб ин ки ду қавл аз миёни ҳамаи он ақвол саҳеҳтар аст: як қавл ин аст, ки ин қавм яманиҳо ҳастанд ва қавли дигар ин ки ин қавм мардуми Форс ва аз Эронанд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Вақте ба гумони тавтиа, одамҳоро мекушту ба зиндон меафканд
Ҳикояти марди ношинос

Матолиби пурбоздид