Тоҷикистон дар феҳрасти бештарин теъдоди рӯзноманигорони зиндонӣ

Ахбори минтақа

Бештарин теъдоди рӯзноманигорони зиндонӣ дар Тоҷикистон

Ахбори минтақа

Ба гузориши “Озодӣ”, Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳое қарор гирифтааст, ки бештарин теъдоди рӯзноманигорон дар ин кишвар ба зиндон маҳкум шудаанд.

Тибқи ин хабар, Тоҷикистон дар байни 12 кишваре ёд шудааст, ки бештар аз ҳама хабарнигоронро зиндонӣ кардааст.

Ин рӯйхатро Кумитаи дифоъ аз журналистон, ки қароргоҳаш дар Ню-Йорк аст, рӯзи 14-уми декабр интишор додааст.

Бар асоси ин гузориш, Тоҷикистон бо баландтарин нишондод,  дар зиндон намудани рӯзноманигорон, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар ҷойи аввал қарор гирифтааст.

“Тоҷикистон шаш журналистро паси панҷара кард ва дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ин назар дар ҷои аввал қарор гирифт”, – навиштааст CPJ.

Бино ба ин гузориш, “онҳо на дар толорҳои додгоҳ, балки дар боздоштгоҳҳо ва пушти дарҳои баста, муҳокима шуда, дар паи шиканҷа ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд”.

Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибеки Саидаминӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Хушрӯз Ҷумъаев аз ҷумлаи хабарнигорону блогероне ҳастанд, ки дар як соли ахир дар Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудаанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таъкиди президент: Аз аксҳои раиси ҷумҳур сӯистифода накунед!
Истирдоди Сайид Шамс ба Тоҷикистон

Матолиби пурбоздид