Беҳтарин ахлоқ дар баёни Расули Акрам(с)

Адаб

Беҳтарин ахлоқ дар баёни Расули Акрам(с)

Рӯзе Расули Акрам(с) ба саҳобагонашон фармуданд:

Оё шуморо ба беҳтарин ахлоқи дунё ва охират роҳнамоӣ кунам?

Беҳтарин ахлоқ он аст, ки бо ҳар кас, ки аз ту гусастааст, бипайвандӣ, ба ҳар кас, ки туро маҳрум карда, ато кунӣ ва ҳар касро, ки ба ту ситам кардааст, афв кунӣ.

Усораи маорифи исломӣ, дар ин чанд ҷумла баён шудааст:

Беҳтарин ва ахлоқитарин бархурд бо касе, ки аз мо бурида ва робитаашро бо мо қатъ кардааст, ин аст, ки мо худ пешқадам шавем ва бо ӯ иртиботи хубу дӯстонае барқарор кунем.

Ҳамчунин агар дӯсте, ҳамсояе моро аз чизе маҳрумамон кард, ба ҷои интиқомҷӯӣ, ба ӯ хубӣ кунем ва ба ҷои он ки мисли ӯ рафтор намоем, ба ӯ бибахшем.

Ва дар ниҳоят касеро, ки моро нороҳат сохтааст, аз ӯ бигзарем.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таъсири ҳолоти руҳӣ ва равонӣ дар андеша
Масҷид – омили ҳамбастагӣ ва иттиҳоди мусулмонони ҷаҳон

Матолиби пурбоздид