Блинкен пешрафт дар оддисозии равобит байни Арабистон ва Исроилро бисёр хуб тавсиф кард

Блинкен пешрафт дар оддисозии равобит байни Арабистон ва Исроилро бисёр хуб тавсиф кард

Ахбори байналмилал

Alalam

Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Омрико, раванди пешрафт дар оддисозии равобит байни Арабистон ва режими саҳюнистиро бисёр хуб тавсиф кард.

Ба гузориши Алъолам, вазири хориҷаи Омрико дар конфронси матбуотии дирӯз (панҷшанбе, 21 март) бо Сомеҳ Шукрӣ, ҳамтои мисрии худ дар Қоҳира гуфт: “Ман мӯътақидам метавонем ба тавофуқе даст биёбем, ки фурсате таърихӣ барои ду тараф (Арабистон ва Исроил) ва низ барои кулли минтақа ба вуҷуд оварад.”

Вай афзуд: “Мо дар ҳоли наздик шудан ба нуқтае ҳастем, ки дар чорчӯби он ба тавофуқҳое дар хусуси оддисозии равобит байни Арабистон ва Исроил хоҳем расид, аммо дар айни ҳол наметавон ҷадвали замонӣ барои ин амр тарсим кард.”

Блинкен бо таъкид бар ин ки тарҳи оддисозии равобити Арабистон ва Исроил аз чанд моҳ пеш ва қабл аз “Тӯфон ал-Ақсо” ба таври ҷиддӣ дар дастури кор қарор гирифтааст, хотирнишон кард: “Инак метавон гуфт, пешрафти бисёр хубе дар моҳи гузашта дар ин замина ҳосил шудааст, аммо ҳамчунон бояд дар ин хусус кор шавад, вале ба таври куллӣ пешрафт хуб ва воқеӣ аст.”

Вай афзуд: “Танҳо чанд масъала боқӣ мондааст, ки бояд Омрико ва Арабистон онро ҳаллу фасл кунанд, то ин тавофуқ ба даст биёяд.”

Як мақоми баландпояи Вазорати хориҷаи Омрико моҳи январи гузашта таъкид кард, ки масъалаи роҳи ҳалли ду кишвари Фаластин ва Исроил ба назари Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон ба масъалае ғайри қобили музокира табдил шудааст.

Ҳамчунин Омрико ба иттилои исроилиҳо расондааст, ки дигар баҳси бозгашт ба қабл аз 7-октябр матраҳ нест ва исроилиҳо мӯътақиданд, ки метавонанд бидуни пешрафти қобили таваҷҷӯҳ дар хусуси ташкили давлати мустақилли фаластинӣ, бо арабистониҳо ба тавофуқ бирасанд.

Alalam

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи исроилиҳо ба нашрияи конодоӣ
“Ихроҷи сарони Ҳамос аз Қатар”, аҳруми фишори Омрико барои озодии асирони исроилӣ

Матолиби пурбоздид