Бодкунак

Адаб

Бодкунак

Достонҳои кутоҳ

Фирдавси Аъзам

Зиндагӣ, дунё, сарнавишт ё ҳар чизе, ки номаш мегузорӣ, гоҳе чунон муштат мезанад, ки муддате ба худ намеоӣ. Ва танҳо ба қурсҳои оромбахшу хобовар паноҳ мебарӣ. Хабарҳои бад ҳич гоҳ ба хубӣ намеоянд.

Се ҳафта пеш, расман аз ҳамсарам ҷудо шудам. Ба хотири машрубнӯшии эътиёдовар ва хушунатҳои беисташ. Аз хонадоршавиямон ҳанӯз ду сол намегузашт. Магар андозаи тобоварии як инсон чи қадр аст? Он ҳам дар зиндагие, ки бақояш ҳич замонат надорад.

Аммо болои ин ки ҳанӯз ошуфтагию афсурдагӣ раҳоям накарда буд, дирӯз вақти сарфи субҳона занги телефони лаънатӣ бори сангини дигареро рӯи шонаам гузошт: хабари талхи марги дӯсти ҳамдонишгоҳиям, Юлита, ки ҳамроҳи шавҳар ва духтари панҷсолааш дар шаҳри дигаре зиндагӣ мекард. Ба ҳар ҳол зиндагии ҳар касе холӣ аз ин хабарҳои устухоншикану дарҷопиркун нест. Мисли тамоми одамҳои дигар дилам сиёҳ, банди пойҳоям суст ва рӯҳам захмӣ шуд.

Шояд қадре аҷиб намояд, аммо шурӯъ кардам ба тагӯрӯ кардани хона. Ҷевонҳо, ҷаъбаҳо, миёни китобҳо, зери тахтихоб, ҳаммом, ҷайбҳо, дохили кифи дастии сиёҳам ва… Наёфтам. Асаре набуд. Эҳсос кардам санге рӯи синаам гузоштаанд. Даст аз ҷустуҷӯ кашидам, ёфтанӣ нест… Чашмам ба ёддоштҳои часпидаи рӯи девори канори ойина уфтод. Ором нафас кашидам. Паҳлӯи яке аз коғазҳо, акси пирмарде, ки лабу даҳонашро пашму риш пӯшонда буд, рост ба ман менигарист. Марде, ки аз се ҳафта пеш бо ман “зиндагӣ” мекунад. Як лаҳза ёдам омад, ки охирин бор тақрибан як ҳафта қабл тамомашон карда будам.

Саросема зарфи нуқраии ғизои гурбаамро пур кардам. Ва ҳамон тур, ки либосҳоямро мепӯшидам, “наметавонам, осон нест…”- зери лаб ғур-ғуркунон кифи дастиямро гирифта аз опортмонам берун шудам. Саросари осмон сиёҳ буд. Борон якрез фурӯ мерехт. Бод зӯзакашон шохаҳои хокистарии дарахтони холӣ ва бараҳнаро меларзонд. Фаромӯш кардам, ки чатрамро бардорам. Хостам баргардам. Барнагаштам. Фосилаи чандон зиёде набуд то фурӯшгоҳ. Танҳо бояд аз ду кӯча ва як чаҳорроҳ мегузаштам. Пои пиёда. Рафтам наздиктарин фурӯшгоҳ, ки дорухона, дӯкони рӯзномафурӯшӣ ва як бошгоҳи варзишӣ ҳам он ҷо буд. Зери сақфи даромадгоҳ, ки иборат аз чанд табақа буд, худамро такондам. Табақаҳое, ки маҳсулотро ба бахшҳои ҷудогона тақсим мекард. Мисли табақаҳои иҷтимоӣ. Сипас, мустақим ба бахше, ки ниёз доштам, (табақаи аввал) рафтам ва ду бастаи кӯчаки бодкунаки рангӣ ва як дона ғалтаки сиёҳ бардоштам. Сандуқдор, зане бо сурати устухонӣ ва тақрибан 36-38-сола, ки мисли худам чашмҳои рӯшани обӣ дошт, дар ҳоле, ки бастаи ҳисобшуда ва расидро ба ман дароз мекард, лабханде заду бо лаҳни нишотангез гуфт: “Ҳатман хушҳол мешавад…” ва сарашро ба ҷониби даричаи калони шишагии рӯ ба самти кӯча карду идома дод: “Зоҳиран тӯфон дар роҳ аст…”

Ҳарфе назадам. Захмҳо, ашкҳо, дардҳо ҳарчи қадр пинҳон бошанд, беҳтар. Ҳич кас як одами захмиро дӯст надорад. Танҳо сарамро такон додаму бидуни он ки лабҳоямро аз ҳам боз кунам, лабханде задам. Аз он лабхандҳои дуруғину маснуӣ. Мисли ухтопусҳо, ки дар ҳар мавқеияту муҳите ранг иваз мекунанд.

Баста ва расидро гирифта, ба самти роҳи хуруҷӣ шитофтам. Як гӯшаи кӯчаки зеҳнам ҳанӯз пеши Юлита буд. Танҳо дӯсти содиқе, ки ба ӯ имон доштам.

Роҳгузарон рӯи роҳравҳои махсуси пиёдагардӣ зери чатрҳои гуногун паноҳ оварда, бо шитоб дар равуо буданд. Гӯйӣ фирор мекарданд. Мисли замон, ки ҳамеша дар ҳоли гурез аст. Бале, замон намегузарад, мегурезад. Инро Юлита бароям гуфта буд. Баъзе аз роҳгузарони дигар низ гӯшаи либосҳояшонро ба сарашон кашида буданд. Мошинҳо низ мисли тӯдаи мӯрчаҳо дар ҳаракат. Шаҳр оканда аз ҳаёҳӯ. Лавҳаҳои рақамии таблиғотӣ бо шаклу андозаҳои мухталиф дар ҳар гӯшаву канор дида мешуд. Бургерҳо, питсоҳо, охирин мудели гӯшиҳо ва… бо ранги дилрабои пасзаминаҳо ва ҳуруфи дурушти чашмнавозашон одамро васваса мекард. Тақрибан ҳар тараф, ки нигоҳ мекардӣ, ҳама ҷо пӯшида аз ҳамин лавҳаҳои огаҳӣ буд; “Инҷо шикаматонро сер кунед”, “Набзи зиндагӣ инҷо метапад”, “Охирин мудели гӯширо инҷо бихаред”, “Мо шуморо ба руъёҳоятон мерасонем”, “Бо ин қурси ҷодуӣ барои ҳамеша ҷавон бимонед”, “Бонки мо-чатри шумо” ва… ин гуна импротурии ширкатҳои бузург бартариву қудраташонро ба намоиш мегузоштанду бо ҳам рақобат мекарданд. Ва ҳамаи инҳо бо фиреботарин рангҳо тарроҳӣ шуда буданд. Лаҳзае эҳсос мекунӣ дар дунёи бозиҳои роёнаӣ ҳузур дорӣ. Асири ҷодуяшон мешавӣ. Чун ҳадафашон ҳам ҳамин аст; табдил додани инсон ба кирми сари қуллоб. Инсоне, ки дар иҳотаи анвои расонаҳо ва султаи рӯзафзуни намоишгарҳо саргардон аст. Ё беҳтар аст бигӯям шикор шудааст.

Кош абзори ҷодуии идора аз роҳи дурро медоштам. Он вақт бо фишори тугмае ҳамаи ин намоишгарҳо, садоҳо ва лавҳаҳоро, ки гӯйӣ омадаанд то ба ҷои мо тасмим бигиранд, ҳазф мекардам. Ҳазфи ҳастӣ. Агар метавонистам синаи замонро мешикофтам ва худамро ба аъмоқи гузаштаҳои дур партоб мекардам. Ҷое, ки ҳанӯз тамаддун шакл нагирифта ва ҳама чи дастнахӯрда аст.

Дастамро болои сар ба шакли чатре карда гарқи андеша роҳро пеш гирифтам. Ҳарфе, ки ёдам нест аз куҷо хонда будам, якбора дар зеҳнам хутур кард: зеҳн мисли гӯшӣ аст. Вақте барномаҳои нодаркору изофиашро ҳазф мекунӣ, суръати кораш ба маротиб беҳтар мешавад…

Касе бо суръат аз канорам гузашт, ки дасташ ба китфам хӯрд. Баста аз дастам уфтод. Хостам аз қафои мард, ки ҳамчунон дар ҳоли давидан буд, биравам ва дандаву дандонҳояшро хурд кунам. Аммо ба таври тасодуфӣ чашмам ба тоблуи бузурги сабзранги он тарафи кӯча уфтод, мунсариф шудам. Ёди сухани устодам уфтодам. Устоде, ки чанд ҳафта пеш дар аввалин ҷаласа дар “Анҷумани раҳошудагон” таъкид дошт: “Коинот ҳама чиро сари ҷояш мегузорад. Фақат андаке тоқат биёру тамошо кун. Марг талх нест…” Дар он анҷуман тозаворид будам. Бо машварати Юлита узви он шудам, ёдаш ба хайр. Ва ҳар ҳафта тамрину таълими дусоата доштем. Ҷое, ки ба гуфти устод машқи “зеҳнтаконӣ” мекардем. Ҳарфҳои тоза ва дар айни ҳол оромбахш радду бадал мешуд. Аммо то мусаллат шудан ба идора кардани зеҳну афкорам, ҳанӯз замон лозим доштам. Чун тағйир додани ақидаҳо, нигаришҳо ва боварҳое, ки дар мағзу устухонат ҷо гирифтаанд, ба ҳамин осониҳо муяссар намешавад. “Агар пеш аз ошноиям бо ин анҷуман буд, ҳатман ҳисоби ин марди густохро мерасидам. Чӣ қадар бетафовутанд одамҳо…” – гуфтаму хам шуда, бастаро, ки тар шуда буд, бардоштам.

Худамро ҷамъ карда, ҳамчунон мерафтам, то ин ки ба чаҳорроҳ расидам. Чароғи роҳнамо сурх шуда буд. Атроф, пешу-пушт анбӯҳи одамоне бо фосилаҳои дуру наздик, дақиқан мисли мӯҳраҳои бозии шоҳмот меистоданд, ки чеҳраҳо ва рангу ҳолоти гуногун бо либосҳои рангбаранг доштанд. Аммо осмон ҳамчунон якранг буд: сиёҳ, мисли дили ман.

Марди қадбаланду сиёҳпӯсте ба сутуни чароғи роҳнамо такя зада, андешамандона ба тарафи дигари роҳ хира шуда буд. Бастаи сафеде дар даст ва боронии сурх ба тан дошт. Мӯйҳои дарози фирфирияш аз зери сарпӯши боронияш дида мешуданд. Кафшҳои варзишияш ҳам сурхгун буданд. Ба худам гуфтам: Ҳатман ба инҷо кӯч кардааст. Шояд танҳост, шояд ҳам аз дорухона меояд. Оё ранги зиндагӣ дар кишвари ӯ танҳо сурх аст, ки ин ҳама сурхпӯш шуда? Ҳатман аз дасти ҳамон рангҳои лаънатӣ хонаву зодгоҳашро раҳо кардаву инҷо омадааст. Ҳамеша назарам ҳамин буда, ки одамҳо аз дасти фишори рангҳо кӯч мекунанд. Ва ин рангҳо дар ҳама ҷо ҳастанд. Ҷое сатҳиянду ҷои дигар дурушту амиқ. Чи қадр аз ранги сурх бадам меояд. Оташ, хушунат, танҳоӣ, таҷовуз, фақр, кӯч қудрат, ҷанг ва… инҳо магар чӣ рангиянд? Сиёҳ? Иштибоҳ накунед. Шарорат як ранг дорад ва он сурх аст. Хутуте, ки соҳибқудратон, махсусан қудратҳои тамомиятхоҳ ба рӯи зиндагии мо мекашанд магар сурх нест? Ва борҳо гӯшзадамон мекунанд: хати қирмизи мо ин аст! Сатҳи кӯчаҳое, ки дар онҷо ҷанг хамёза мекашад, магар лолагун нест? Марзҳо чӣ тур? Ҳамин хатҳои сурх ҳастанд, ки шикофе дар робитаҳо эҷод мекунанд, дурӣ меоваранд. Ман аз тамоми хатҳои сурхе, ки марзҳоро шакл медиҳанду ҳисорҳоро меофаринанд, мутанаффирам. Ман аз шавҳарам бадам меояд. Ӯ ҳам мудом пироҳани сурх ба тан дошт.

Чароғи роҳнамо ҳамчунон сурх буд. Марди миёнсолу қадпасте бо сари шафтолумонанд ва комилан бемӯ дар чанд қадамии қисмати рости паҳлӯям бо чашмҳои тарсноку бодомиаш ин тасвирро дар зеҳнам ба вуҷуд меовард, ки дар рӯбарӯям гӯйӣ марди масту шаруре истодааст. Чаро ӯ ҳам шавҳарамро ба ёд меовард?! Чашмҳояш, ки зерашон кисаҳои тираи овезон дамида буд, мисли ду тугмаи сиёҳи кӯчак менамуданд. Айни чашмҳои арӯсакҳои филмҳои ваҳшат. Шояд дузд буд ё авбош. Намедонам, аммо дар як нуқта қарор надошт. Мисли фирфира даври худ мечархид. Ва лаҳзае одамро ёди гаҳвораҷунбон меандохт. Агар ду марди дар паҳлуи ӯ истода намедоштандаш, мумкин буд уфтаду нақшбарзамин шавад. Хуб шуд сари фурсат ба додаш расиданд. Ва агар каме онсӯтар аз ӯро нигоҳ мекардед, марди ороста ва бовиқореро медидед, ки дар ҳоли пок кардани шишаҳои айнакаш буд. Чунин ба назар менамуд, ки мақоми расмие дорад. Чатрашро бод гоҳе меҷунбонд. Дар гӯшаи роҳ ду нафар, ки зоҳиран зану шавҳар ё шояд дӯст буданд, зери як чатр, бидуни он ки ба ҳам нигоҳ кунанд, пич-пич мекарданд. Аммо касе ҳавосаш ба ман набуд. Касе зеҳни маро намехонд. Чеҳраҳо холӣ аз лабханд буданд. Намедонам чаро, аммо дидани ин чашмандоз, тасвиреро дар зеҳни ман менамоёнд, ки гӯйӣ ҳич кас ба сурати ҳам нигоҳ намекунад.

Ронандаи мошини хокистариранги қисмати дигари роҳ аз ойинаи пеш худашро назора карда, дасте ба мӯйҳояш мекашид. Пирмарде ҳам дар ҳоли гузарондани болотарин тугмаи палтояш буд.

Чароғ ҳанӯз ранги сурхи лаънатияшро иваз накарда буд. Нақлияҳои гуногун ҳанӯз он ду тарафи роҳ саф кашида буданд. Гӯйӣ дар баробари ҳайбати диктотуре сари таъзим фуруд овардаанд. Ба дилам гуфтам, инро бубин, гаронтарин худрави ҷаҳонро ҳам дошта бошӣ, боз дар баробари чароғи роҳнамо кам меорӣ, маҷбурӣ таваққуф кунӣ. Ин аст қудрати хатҳои сурх. Шавҳарам намунаи як диктотур буд. Магар диктотур ҳамон золим нест?

Бо атсаи баланде сарамро ба ақаб баргардондам. Зани хушсурате бо либоси синабоз, дар як даст чатри бузурги зард, бо қошу қавоқи овезон ва чашмҳои маҳзун бо дастмоли коғазӣ биниашро пок мекард. Зоҳири ошуфтаву малулаш зебоияшро қадре камранг карда буд. Оё ӯ ҳам мисли ман зулмдидаи шавҳараш аст ва хабари ғайричашмдоште шунида? Накунад аз шифти шабонаи кор меояд? Дар ҳамин фарзиячинӣ будам, ки садои занги телефонаш баромад. Бале, тахмини охириям дуруст буд. Аз кори шабона бармегашт. Таҷрубаашро доштаам. Фақат ба хотири он ки чанд дарсад ҳуқуқи зиёд бигирӣ, маҷбур мешавӣ ба ин шиканҷаву хобгурезӣ тан бидиҳӣ, хоби ширини шабонаро ҳаром кунӣ ва то субҳ қаҳваи талх бинӯшӣ.

Одамҳои дигаре низ омаданду ба ҷамъи мо пайвастанд. Зани миёнсоле ҳамроҳи саге зоҳир шуд. Як лаҳза фикр кардам сагаш робот аст. Сагробот. Касе чӣ медонад! Шояд дар ояндаи наздик сагроботҳо, гурбароботҳо, парандароботҳо ҳамқисмати инсонҳои танҳо бишаванд. Дидани ин ҳама лавҳаҳои муҳаррику зиндаи диҷитолӣ, ки инсонҳоро ба асорат гирифтаанд, ин фарзро ба яқин мекашонанд.

Борон бевақфа рӯи сари ман, лавҳаҳои огаҳӣ, мошинҳо ва тамоми шаҳр яксон мерехт. Ва бод, ки парчами серангаи овезон дар сутуни бағали сохтмони нимкораро ҳам ба шиддат меҷунбонд, муйҳоямро парешон мекарду ба суратам мезад. Худои ман, бод ҳам муштам мезад, ҳаминро кам доштам. Ман он сохтмонро ба ёд дорам. Онҷо фурӯшгоҳи қадимии китоб буд. Рӯзгоре бо Юлита аз онҷо дидан карда будем. Ҳоло ба ҷояш қарор аст чӣ бисозанд? Кофишоп? Мағозаи тиллофурӯшӣ? Ва ё рестурон?

Ёдам намеояд кай охирин бор касеро дар метруҳо, автобусҳо, поркҳо ва ҷойҳои умумии дигар китоббадаст дида бошам. Қафасҳои китоб дар хонаҳо рӯз ба рӯз камтару холитар мешавад. Дар кадом шабнишинӣ, маҳфил ва меҳмониҳои дӯстона суҳбат аз китобу оянданигарӣ мешавад? Мо насли рӯ ба заволем. Насли қаҳрӣ бо китоб. Ин тарснок нест?

Боду борон гӯйӣ даст ба дасти ҳам дода шаҳрро меруфтанду мешустанд.

Билохира, ранги зард ҷои сурхро гирифт. Бодомичашм гоҳе ба тарафам бо ҳамон чашмҳои ҷустуҷӯгару беҳолаш хира мешуд ва афташ маро метарсонд. Сиёҳпӯст ҳамоно канори сутун меистод. Садои гӯшхароши ожири омбулонс ногаҳон дар фосилае баромад, ки навори асабу зеҳни сангинамро мехарошид ва чунон баланд буд, ки тамоми ҳаёҳуи шаҳрро мепӯшонд. Мошинҳои ҷодаи муқобили чароғи роҳнамо роҳ боз карданд то бемонеъ убур кунад. Мошини ёрии таъҷилӣ на ранги сурхро мешиносад ва на роҳбандонро. Гоҳе ронандаҳои ин навъ мошинҳо бе он ки бемореро ҳамл кунанд, барқасд ин садоро рӯшан мекунанд, то дигарон барояшон фарши сурх бичинанд. Албатта кори дуруст мекунанд. Шояд воқеан бемореро ҳамл мекунанд.

Осиё ба навбат. Чароғ сабз шуд ва роҳ боз. Мошинҳо аз ҳаракат монданд. Танҳо чароғҳои ҷилавашон рӯшан буду барфпокунҳояшон беист дар ҳаракат. Ҳоло мо, роҳгузарон, ки чароғ барои муддате дар як нуқта ҷамъамон карда буд, аз арзи гузаргоҳи пиёдагард мегузаштем. Ҳар кас ба самте рафт. Ҷамъ пароканда шуд. Қадамҳоямро тезтар бардоштам. Овози шуми омбулонс бо вуҷуди ҳамҳамаи борону бод зери пӯсти шаҳр, ҳанӯз ба гӯш мерасид. Зеҳнам дар ҳоли инфиҷор буд.

Хона расидам. Бо ҷайбҳои пур аз боду либосҳои тар. Зарфи гурба холӣ буд. Либосҳоямро иваз ва сару рӯямро хушк кардам. Бастаҳоро кушодам. Шурӯъ кардам ба пуф кардан. Нафасамро дар онҳо мерехтам. Аз тариқи бинӣ ҳавои ҳуҷраро мисли ҷорӯббарқӣ мекашидаму шушҳоямро пур мекардам ва аз роҳи даҳон онро ба дохили бодкунак мерехтам. Гӯйӣ як навъ дарунтаконӣ мекардам. Вақте резинҳои рангӣ пур аз ҳаво мешуданд, чанд бор тобашон медодам ва нахи сиёҳи нозукро даври сари онҳо мепечондам.

Дере нагузашт атрофамро анбӯҳе аз бодкунакҳои рангию дамкарда пур карданд. Баъзеяшон ҳаракат мекарданду ба якдигар бармехӯрданд. Гӯйӣ бозӣ мекунанд. Гурба омад ва худашро ором-ором ба тани ларзонам молид. Навори рӯйдодҳои ахир ва пажвокҳои тӯли масир дар зеҳнам мечархид. Пешониям арақ карда ва оташеро рӯи рухсораҳоям эҳсос мекардам. Гурба қатраҳои дурушти ашкеро, ки аз чашмонам мерехт, намедид. Шояд ҳам эҳсос мекард…

Бод бо тамоми зӯр панҷаҳои худро ба шишаҳои тиреза мезад. Гӯё мехост ба дохил паноҳ бибарад ва бодкунакҳои маро бо худ бибарад. Аммо борон андаке фурӯкаш карда буд.

Бо он ки сӯзишеро дар гулуям ҳис мекардам, аммо ҳамчунон машғули бод кардани бодкунакҳо будам. Бодкунаке, азбаски зиёдӣ ба он ҳаво дода будам, ногаҳон мунфаҷир шуд. Гӯйӣ касе пушти панҷара шиллик карда бошад. Гурба гурехт. Аммо ман беист ҳамчунон дар ҳоли пур кардани шиками бодкунакҳо будам. Ва дар зеҳнам ин ҷумлаи устодам танинандоз буд: “Мӯъҷизаи оромишро дар дарунат ҷустуҷӯ кун”. Сабук шуда будам. Эҳсос кардам батадриҷ хун дар тамоми рагҳоям медавад ва зеҳнам мисли ойина шаффоф мешавад.

Охирин бодкунакро аз даруни бастаи селофан берун кашидам. Ҳавои шушҳоямро дар он рехтам. Ба айвонак (балкон) рафтам ва онро ба берун сар додам. Сипас, чандтои дигарро ҳам ба дасти бод супурдам. Нишоне аз борон набуд. Дидам бод чи гуна бодкунакҳоро ба фарози бомҳои хонаҳо ва ба чаҳор тарафи шаҳр мебурд. Бодкунакҳоеро, ки пур аз ҳасратҳо ва оҳҳои ман буданд.

Фирдавси Аъзам

Достонҳои кутоҳ

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эътирози мухолифин дар Варшава, дар вокуниш ба  сафари Раҳмон ба Аврупо
Норизоятӣ ва адами эътимоди мардуми Амрико ба амалкарди Бойден

Матолиби пурбоздид