Боздиди намояндагони Эрон аз Донишгоҳи миллии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар Кулоб
Ахбори илмӣ-фарҳангӣ
Ба гузориши радиои Садои Хуросон, муовини вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон, оқои Солорӣ, бо ҳузур дар Донишгоҳи миллии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар Кулоб, бо қадрдонӣ аз ҳусни меҳмоннавозии мардуми Кулоб, ба пешинаи равобит ва решаи муштараки торихӣ ва тамаддунии ду кишвари дӯсту бародари Эрону Тоҷикистон ишора карда гуфтааст:
Эрону Тоҷикистон дӯстони қадимии асри сахтиҳо ҳастанд, ки таърихи ин ду кишвар нишон медиҳад, ҳамвора мавриди ҳамла, найранг ва тавтиаи душманон ва бегонагон будааст.
Оқои Солорӣ бо таъкид бар ин ки дӯстии миллатҳои ду кишвар, барои имрӯзу дирӯз нест, балки решае ба умқи таърих дорад, тасреҳ кард:
Дунё муддатҳост, ки байни мо – ду миллати ҳамзабон, ҳамфарҳанг ва ҳамтаъриху тамаддун, ҷудоӣ мехоҳад.
Инчунин оқои Солорӣ хотирнишон кард:
Таърих нишон медиҳад, ки душманони мо ҳамвора дар паи тафриқаафканӣ, тавтиаофаринӣ ва таъкид бар ҷудоии миёни Эрон ва Тоҷикистон буда ва ҳастанд.
Оқои Солорӣ, муовини умури ҳунарии вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон идома дод:
Агарчӣ чанд соле ба васвасаи тавтиагарону тафриқаафканон, фироқе миёни мо ва шумо афтод, аммо бо дирояту тадбири масъулини Эрону Тоҷикистон, хушбахтона ин шикофи амиқ ва тавтиаҳои бегонагон, имрӯз мунҷар ба наздикӣ ва дӯстии ҳарчӣ бештари ду кишвар шудааст.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн