Боздошти террористони доишӣ дар Эрон
Ахбори байналмилал
Боздошти як гурӯҳи ДОИШ дар Эрон, ки қасди бомбгузорӣ дар маросими солгарди Имом Хумайнӣ (р)-ро дошт
Шабакаи вобастаи ба гурӯҳи теруристии ДОИШ, тавассути нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Эрон шиносоӣ ва боздошт шуд.
Ба гузориши Асри Эрон, сухангӯи пулиси Эрон бо эъломи ин хабар, афзуд: “Тайи амалиёти бузург ва печида, воҳиди мубориза бо теруризми фармондеҳии интизомии Ҷумҳурии Исломӣ дар рӯзҳои гузашта, шабакаи интиҳорӣ ва теруристии вобаста ба гурӯҳи ДОИШ, ки қасди иқдомоти харобкорона ва бомбгузорӣ дар маросими солгарди Имом Хумайнӣ (р)-ро доштанд, тавассути нерӯҳои пурталоши фармондеҳии интизомии Теҳрони бузург ва устонҳои Исфаҳон, Қум ва Албурз шиносоӣ ва боздошт шуд.”
Сухангӯи пулиси Эрон тасреҳ кард: “Дар ин амалиёт тамоми авомили ин гурӯҳи теруристӣ шомили 13 нафар аз ҷумла раҳбар, тимҳои ҳидоят ва пуштибонӣ ва омилони интиҳории гурӯҳ ба ҳамроҳи васоил ва таҷҳизот дастгир шуданд.”
Вай гуфт: “Ҷузъиёти бештар ва иттилооти такмилӣ аз инҳидоми ин шабакаи теруристӣ тайи рӯзҳои оянда иттилоърасонӣ хоҳад шуд.”
(yjc.ir)
Қаламонлайн