Бозтоби баёнияи ҷунбиши “Ватандор” дар пайи ҳодисаи теруристии Кирмон дар расонаҳои Эрон

Mashreghnews

Баёнияи “Ватандор” дар пайи ҳодисаи теруристии дилхароши Кирмон, бозтоби густардае дар расонаҳои Эрон дошт. Хабаргузории “Машриқ”, яке аз маъруфтарин хабаргузориҳои Эрон, бо ишора ба ин баёния, навиштааст: “Додоҷон Атовулло, рӯзноманигор, сиёсатмадор ва раҳбари ҷунбиши “Ватандор”-и Тоҷикистон, дар пайи ҳодисаи теруристии Кирмон, баёнияи ин ҷунбишро дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук мунташир намуд, ки ба шарҳи зайл аст:
“Беш аз сад кушта ва зиёда аз 200 захмӣ дар як рӯзи зимистонӣ кори дасти кист?
Солҳост, ки Омрико ва Исроил Эронро таҳдид мекунанд. Махсусан, баъди ҷанг бо Фаластин. Ду шайтон, яке кучак ва дигаре калон, орзу мекунанд, ки дар харитаи ҷаҳон, Эрон набошад. Агар бошад ҳам Эроне бошад, ки аз Вошингтун ё Телавив идора шавад, мисли аксари кишварҳои Ховари Миёна.
Агар Эрон набошад, дунё ангуштари бенигин аст.
Агар дунё равшан аст, ин равшанӣ аз нур ва фурӯғ ва чароғи Эрон аст.
Басе касон ва нокасон дар дунё ҳастанд, ки бо ҳасодат ба озодагон ва фарзонагони ин мамлакат менигаранд.
Ҳеч кишваре дар дунё нест, ки мисли Эрон бадхоҳ дошта бошад. Терури имрӯза дар Кирмон ҳамлаи шағолон ба қароргоҳи шерон аст.
Сухан гуфтан дар мавриди ин ҳамлаи ваҳшиёна сахт мушкил аст. Онҳое, ки ба ин ҷиноят даст заданд, бояд бидонанд, ки Эронро ҳеч гоҳ наметавонанд ба зону биншонанд. Эрон танҳо ба Худо саҷда мекунад.
Эроне, ки қариб ним сада аст, ки нисфи дунё таҳримаш карданд, вале Эрон як қадам ба ақиб барнагашт.
Эрон, кӯҳест, ки аз сангпартоии бадхоҳон абрӯяш хам нахӯрд. Ин кӯҳи азим ҳамеша побарҷост. Ин кӯҳи баланд номус ном дорад. Ин кӯҳи баланд иззат ном дорад. Ин кӯҳи баландро ҳеч абарқудрате наметавонад фатҳ бинамояд. Дар тамоми дунё баландтарин қуллае, ки ҳаст ва менамояд, Эрон ном дорад.
Макони шаҳидон ҷаннат бод! Ба азодорони Кирмон таслият мегӯем. Бо миллати азизи Эрон ғамшарикем. Тоҷикистон бо шумост!
Поянда бод Эрон!
Душманонат хору залил гарданд ва сангҳое, ки ба ту меандозанд, санги қабрашон бод!
Худо ёрат, Эрони танҳо!”

Mashreghnews

Қаламонлайн