Бубахшем то озод шавем
Сабки зиндагӣ
Бахшишро аз хуршед биёмӯз, муҳаббатро беҳисоб бахшиш кун! Дарвозаҳои дилатро ба рӯи ҳама бикушо ва бовар дошта бош, Худое, ки дар ин наздикист, беҳтаринҳоро бароят рақам задааст!
***
Дигаронро бубахшед… Беадабӣ, тӯҳматҳо, беақлӣ ва хиёнатҳо нишонаи адами булуғи руҳии инсонҳост… Инсонҳои норас ин маворидро зиёд доранд, шумо инсони расида бошед. Бо сабру шикебоӣ ва бидуни ин ки доварӣ ё сарзаниш кунед ва бидуни он ки аз ин ҳарфҳо нороҳат шавед, аз канори онҳо бигзаред…
Агар ҳавои дилатон абрӣ шуд ва чашмҳоятон ашк бориданд, бигзоред ин ашкҳо борони раҳмату бахшиш бошанд, барои онҳое, ки намедонанд ва замини дилашон хушк шудааст. Инҷост, ки дили бахшандаи шумо чашмаи ҷӯшоне мешавад ва ба манбаи азими лутфи Худованд мепайвандад…
***
То вақте набахшидаем, нируи ҳаётии вуҷудамонро сарфи он рухдод мекунем, ки боиси ранҷиши мо шудааст… То вақте ба он рухдод фикр мекунем, дар ҷое аз вуҷудамон гӯё нируе руҳи моро ба занҷир кашидааст. Вақте дигариро барои иттифоқоти пеш омада намебахшем, дар воқеъ лаёқати дарёфти худро аз ҳастӣ поён меоварем… Вақте намебахшем, наметавонем бо зиндагӣ ҷорӣ бошем. Ин яъне сукун ва ин сукун ҳатто оби зулолро ҳам ба вайронӣ мекашонад… Пас бубахшем то озод шавем…
***
Бузург касест, ки қалбаш кӯдакона, қаҳраш бекина, дӯст доштанаш беиддао ва бахшиши ӯ беинтиҳост…
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: