Бузургтарин иштибоҳ дар роҳи худошиносӣ

Бузургтарин иштибоҳ дар роҳи худошиносӣ

Вақте дар сухани баъзе бузургони дониш, масалан Стивен Ҳокинг дар замони мо, диққат мекунед, мебинед, ки онҳо роҳеро дар қабул ё инкори Худо рафтаанд, ки ҳар касе бо он роҳ бихоҳад Худоро биёбад, қатъан намеёбад ва хато рафтааст. Яъне агар қарор аст ба дунболи чунин Худое шавед, мутмаин бошед чунин Худое вуҷуд надорад ва нест, шояд фақат дар зеҳнатон вуҷуд дошта бошад.

Тавзеҳ ин ки: дар худошиносӣ, шумо ҳаргиз ба дунболи чигунагӣ наравед – чизе, ки амсоли Ҳокинг дар қабул ё радди вуҷуди Худо дунболи онанд – балки дунболи чароӣ бошед. Чигунагӣ яъне сабабият ва иллият. Ҳаргиз Худоро ба ҷойи сабаб нанишонед. Яъне, вақте ба шумо гуфтанд, фалон кӯдак онгуна ё ингуна офарида шуда (масалан падару модаре дошта ва ин кӯдак ҳосили омезиши он падару модар буда ба ин маъно, ки нутфае аз падар ба баччадони зан рафта ва он гоҳ кӯдак ба вуҷуд омада ва ғайра аз иллатҳо ва сабабҳо), зуд нагӯед, пас Худо куҷост?!

Худованд ҷаҳони ҳастиро ингуна офарида, яъне ҳама чиз бидуни истисно аз тариқи сабаб халқ мешавад ва ба қавли Имом Содиқ:

أبَى اللّه أن يُجرِيَ الأشياءَ إلاّ بِأسبابٍ، فَجَعَلَ لِكُلِّ شَيءٍ سَبَبا

“Худованд ибо дорад аз ин, ки чизҳо (умур)-ро ҷуз аз тариқи сабабҳо фароҳам оварад, пас, барои ҳар чизе сабабе қарор додааст…”

Ин иштибоҳ аст, ки мо, инсонҳо вақте ба дунболи Худо меравем, нохудогоҳ ӯро ба ҷойи сабаб менишонем ва ба ҳамин иллат аст, ки вақте сабаб барои мо кашф шуд, зуд пеши худ мегӯем, пас Худо куҷост?! Ҳатто донишманде мисли Огуст Камт низ бар ин бовар аст, ки башар чун аз сабабҳои воқеии ашё огоҳ набуд, Худое фарз кард. Асосан, бештари фалосифаи ғарбӣ чунин мепиндоранд.

Ва ин дар ҳолест, ки Худо мустақиман дар ба вуҷуд омадани ашё дахолат намекунад. Ӯ барои ҳар чизе, ба қавли Имом Содиқ, сабабе қарор додааст. Бояд пурсид, варои ин низом ва қонунҳо ва асбоб кист ва чӣ касе ин низомро ба ин пухтагӣ халқ карда.

Ва чун ҷаҳон ҷаҳони сабабу мусаббаб аст, мо, инсонҳо сабабро, ки кашф кардем, метавонем дар он дахлу тасарруф намоем. Масалан, инсон метавонад худаш нутфа бисозад, чун нутфа ҳам билохира аз ашёи моддӣ таркиб ёфта ва баччадоне ҳам бисозад ва он гоҳ он нутфаи худаш сохтаро дар дохили баччадон биандозад, ки бешак кӯдак ва навзоде ба вуҷуд меояд. Дар ин сурат, нагӯед, пас Худо куҷост? Худованд низоме ва қонуне дуруст карда, ки бар мабнои он қонун, агар нутфа дохили баччадон рехта шавад, навзод эҷод мешавад. Ин аст ҳунар, на ин ки мо онро кашф кунем.

Хулоса, мо бояд дунболи чароӣ бошем, на чигунагӣ. Ҳама чиз, бидуни истисно ва ҳатто мӯъҷизаҳо, чигунагӣ яъне сабаб доранд. Бояд ба дунболи нозими ин низом бошем.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Истилои сарзамини мо ва паёмадҳои он – (2)
Ту ин озодиро дорӣ…

Матолиби пурбоздид