Вазири дифои собиқи Исроил: “То соли 2026, дигар ному нишоне аз “Исроил” боқӣ нахоҳад монд”

Вазири дифои собиқи Исроил: “То соли 2026, дигар ному нишоне аз “Исроил” боқӣ нахоҳад монд”

Ахбори байналмилал

Вазири пешини дифои режими Исроил, бо интиқоди шадид аз чигунагии идораи ҷанги Ғазза тавассути кобинаи Натонёҳу ва шикасти он дар ҷилавгирӣ аз ҳамлаи 7 октябр, гуфт, ки бо идомаи кори эътилофи ҳоким ва порлумони кунунӣ, то соли 2026 дигар ному нишоне аз “Исроил” боқӣ нахоҳад монд.

Ба гузориши NEW ARAB, Авигдор Либерман, вазири дифоъи собиқи режими Исроил ва раиси ҳизби “Исроил байтуно”, дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Маъорив” гуфт, Натонёҳу “Исроил”-ро ба самти нобудӣ меронад ва наметавонад ҳеч кореро идора кунад.

Вай афзуд, Натонёҳу фақат мекӯшад, то ҷойе, ки мумкин аст, замони бештаре дар қудрат бимонад.

Либерман, бо ишора ба тамоми хатарот ва бӯҳронҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ва амниятӣ, ки мавҷудияти режими Исроилро таҳдид мекунанд, тасреҳ кард, ки низоми сиёсии Исроил бемор аст ва лоббиҳои манфиатталаб дар ин режим ҳарфи аввалро мезананд.

Вай, Натонёҳуро масъули ҳамлаи “шанбеи сиёҳ” (7 октябр) донист ва ӯро муттаҳам кард, ки дар саросари солҳои зиндагии сиёсиаш, бо озод кардани раҳбарони Ҳамос аз ҷумла Шайх Аҳмад Ёсин (раҳбари фақиди ҷунбиши Ҳамос) ва Яҳё Синвор, раҳбари кунунии он дар Ғазза ва беш аз ҳазор нафар аз аъзои он, боиси тақвияти ин ҷунбиш шудааст.

Либерман хостори канорагирии кобинаи Натонёҳу шуд ва халос шудан аз дасти вайро подоше барои ҳамаи исроилиҳо донист.

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мўъминон оинаи якдигаранд
 Ирфон ва тасаввуф ба баёни содда

Матолиби пурбоздид