Вазири исроилӣ: “Ҳамос ба ҳамаи хостаҳояш расид” 

Вазири исроилӣ: “Ҳамос ба ҳамаи хостаҳояш расид” 
“Тавофуқи Ғазза такрори иштибоҳоти гузашта аст”
Times of Israel
Вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ, оташбаси Ғаззаро ба нафъи муқовамати Фаластин донист ва гуфт: “Тавофуқи Ғазза такрори иштибоҳоти гузашта аст”.
Ба гузориши расонаи давлатии исроилии Times of Israel, Итамар Бен Гойер, вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ, тайи паёме дар Х (Твиттери собиқ) эълом кард, ки тавофуқи Ғазза такрори иштибоҳоти гузашта аст.
Times of Israel манзури Бен Гойер аз иштибоҳоти гузаштаро табодули ҳазор асири фаластинӣ аз ҷумла Яҳё Синвор, раҳбари феълии Ҳамос дар Ғазза, бо як асири саҳюнист эълом кард.
Вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ дар ин паём, пазириши назари муқовамати Фаластин барои табодули бахше аз асирони саҳюнистро ғайри мантиқӣ донист ва гуфт: “Ҳар гуна тавофуқи оташбас бояд заминаи озодии ҳамаи асиронро фароҳам мекард”.
Бен Гойер, тавофуқи оташбаси кунуниро ба нафъи муқовамати Фаластин донист ва гуфт: “Ин оташбас ҳамон чизе аст, ки Ҳамос мехост”.
Вай идома дод, ки озодии занону кӯдакони саҳюнист аз назари байналмилалӣ ба нафъи муқовамати Фаластин аст ва гурӯҳҳои муқовамат аз муддатҳо пеш хоҳони таҳаққуқи он будаанд.
Вай гуфт: “Ҳамос (ба изои озодии занону кӯдакони саҳюнист), ба ҳамаи аҳдофаш аз ҷумла дарёфти сӯхт, озодии муборизони фаластинӣ, таваққуфи амалиёти низомӣ ва ҳатто (эъломи Ғазза ба унвони) минтақаи парвозмамнӯъ расид”.
Бен Гойер хостори идомаи амалиёти низомӣ алайҳи муқовамати Фаластин барои водор кардани он ба озодии тамоми асирони саҳюнист шуд ва гуфт: “Ҳамаи гузинаҳои пеши рӯй (-и Исроил) дар ҳоли ҳозир бад ҳастанд”.
Вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ рӯзи сешанбе низ ба шикасти режими саҳюнистӣ дар парвандаи табодули асирон ишора карда ва гуфта буд: “Мо ибтидо хостори озодии 80 асир шуда будем, баъд ба 70 асир ҳам розӣ шудем ва ҳоло ба 50 асир ҳам розӣ шудаем. Қаблан гуфта будем, ки набояд ғизо ва сӯхт вориди Ғазза шавад, аммо акнун мардуми ин минтақа, ҳам ба сӯхт ва ҳам ба ғизо дастрасӣ доранд”.
Times of Israel
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Едиот Аҳронот: “Синвор нақшаҳояшро ҳамон тавр ки мехоҳад, пеш мебарад”
Телавив пас аз 47 рӯз ҷанг, бо тамоми шартҳои Ҳамос тан ба оташбас дод

Матолиби пурбоздид