Вазири иттилоърасонии Яман: “Ҳамаи киштиҳои исроилӣ ҳадафи мост”

Вазири иттилоърасонии Яман: “Ҳамаи киштиҳои исроилӣ ҳадафи мост ва ин, оғози кор аст”
Ахбори байналмилал
Зайфуллоҳ Шомӣ, вазири иттилоърасонии Яман тасреҳ кард: “Аз ин пас ҳамаи киштиҳои исроилӣ ҳадафи аввалии нерӯи дарёии Яман хоҳанд буд ва ин, оғози кор аст.”
Зайфуллоҳ Шомӣ дар гуфтугӯ бо хабарнигори шабакаи Алъолам аз рӯйи киштии тавқифшудаи исроилӣ, гуфт: “Тавқифи ин киштии исроилӣ тавассути нерӯи дарёии артиши Яман, дар ҳимоят аз бародаронамон дар Фаластин ва муқовамати исломӣ ва дар посух ба куштори золимонаи миллати мазлуми Фаластин тавассути Исроил сурат гирифтааст.”
Вай афзуд: “Ин иқдом паёме дошт барои дӯсту душман, ки нерӯи дарёии Яман бо тамоми имконоти худ омодаи ҳимоят аз бародаронамон дар саросари Ғазза аст ва нерӯи дарёии Яман бо ҳар таҳаррук ва иқдоме алайҳи миллати Яман низ муқобила хоҳад кард.”
Зайфуллоҳ Шомӣ идома дод: “Аз ин пас, ҳамаи киштиҳои исроилӣ ҳадафи аввалияи нерӯи дарёии Яман хоҳанд буд ва ин, оғози кор аст.”
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дидори Амирабдуллоҳиён бо Исмоил Ҳаниа
Едиот Аҳронот: “Синвор нақшаҳояшро ҳамон тавр ки мехоҳад, пеш мебарад”

Матолиби пурбоздид