Васияти Убайди Зоконӣ

Таърих

Васияти Убайди Зоконӣ

Ин мард васияташ низ танзгуна буд

Убайди Зоконӣ дар таърихи Эронзамин маъруф аст. Ва маъруфияти ӯ аз шоирӣ ва танзгӯӣ ва шӯхтабъии ӯст. Ӯ дар соли 690 ҳиҷрии қамарӣ дар рустои Зокон (15 километрии шимоли ғарби Қазвин ) ба дунё омад ва дар синни 82-солагӣ даргузашт.

Убайд, ки аз уламои асри Шоҳ Таҳмосб буд, ҳунари шоириро дар 23-солагӣ оғоз кард ва дар 26-солагӣ аз чеҳраҳои саршиноси шеъри замони худ ба шумор меомад. Аз маъруфтарин шӯхиҳои ӯ, васияти аҷиби ӯст, бад-ин тартиб:

Ӯ дар солҳои пирӣ бо ин ки чаҳор писар дошт, танҳо буд ва писарҳои ӯ ҳазинаи зиндагии ӯро таъмин намекарданд. Ӯ дар ин маврид чорае андешид. Ва он ин ки: ҳар як аз писаронашро ҷудогона ба ҳузур талабид ва ба ӯ гуфт:

— Алоқаи махсусе ба ту дорам ва фақат ба ту мегӯям, ба бародарҳоят нагӯ. Умреро талош кардаам ва андӯхтае ба даст овардаам ва мутаассифона ҳеч кадом аз писаронам ғайр аз ту лиёқати ирс бурдан аз онро надорад ва онро ба сурати пул дар хумрае гузоштаам ва дар фалон ҷо дафн кардаам. Пас аз марги ман, ту иҷоза дорӣ, ки онро барои худ бардорӣ.

Ин васияти ҷудогона боис шуд, ки аз он пас, писарҳо расидагӣ ва муҳаббати саршоре ба падар мекарданд ва бахусус дур аз чашми якдигар ин корро менамуданд, то дигарон пай ба роз набаранд. Ба ин тартиб, Убайд охири умрашро бо хушии зиндагӣ гузаронид, то аз дунё рафт.

Писарон ҳар кадом дар пайи фурсате буданд, то ба он ганҷ даст ёбанд. Кунҷковии онҳо дар махфӣ нигаҳ доштани ганҷ боис шуд, ки ҳар чаҳор писар ба асли ҷараён пай бурданд ва фаҳмиданд, ки ба ҳар чаҳор нафар ин васият шуда. Бо ҳам тасмим гирифтанд дар соати таъйиншуда суроғи он хумраи пур аз пул бираванд.

Бо шодӣ ва ҳазор ҳасрат ба он маҳал рафта ва он ҷоро канданд, то сару каллаи хумра пайдо шуд. Ҳама дар шавқу завқ ғарқ буданд ва ҳар чи ба васли он пул наздик мешуданд, оташи ишқашон шӯълавартар мегардид. Вақте комилан даври хумраро холӣ карданд ва сари хумраро боз намуданд, ногаҳон диданд, даруни хумра холист, танҳо барги коғазе ёфтанд, ки рӯйи он ин шеър навишта шуда буд:

Худой донаду ман донаму ту ҳам донӣ,
Ки як фулус надорад Убайди Зоконӣ.

(Достони дӯстон, Муҳаммади Муҳаммадии Иштиҳордӣ)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муаррифии китоб
Пирӯзӣ

Матолиби пурбоздид