Вақте душман нуқтаи қуввати шуморо ба нуқтаи заъфи шумо табдил медиҳад

Таҳлили хабарӣ
Вақте душман, нуқтаи қуввати шуморо ба нуқтаи заъфи шумо табдил медиҳад
Ёддоште аз Сайидюнуси Истаравшанӣ
Аз Шивоно ҷумлаи ҳикматомезе зимни як достони кӯтоҳ нақл шудааст. Шивоно, ҳакиме буда дар Шарқ, дар рӯзгорони гузашта, подшоҳони замонаш ба вай эҳтироми зиёде мегузоштаанд. Ин ҳаким мегӯяд: “Нуқтаи заъфи ҳар инсоне, ҳамон нуқтаи қуввати ӯст, ки агар мувозиб набошад, метавонад боиси шикасташ шавад.”
Имон, шуҷоат, шаҳомат, истодагӣ, салобат ва вафодорӣ ва ғайра аз ин қабил сифатҳо, вежагиҳое ҳастанд сутуданӣ ва писандида, ки дар ҳар инсоне агар ёфт бишаванд, ӯ бешак пирӯз аст ва шикастнопазир. Ва ба иборати дигар, ин сифатҳо ва вежагиҳо нуқоти қуввати инсон маҳсуб мешаванд агар дар ӯ ёфт бишаванд. Душмани якчунин инсоне ҳар андоза ва ҳар миқдор қавӣ бошад, ӯ дар баробари инчунин инсоне саранҷом шикаст хоҳад хӯрд. Оё метавон инсонеро, ки дар роҳи ҳадафи худ ҳозир аст худро ба куштан бидиҳад, шикаст дод? Маҳол аст. Дар таърих намунаҳое дорем. Дар таърихи ислом, гурӯҳе буданд маъруф ба Хавориҷ, ки ба ғоят шуҷоъ ва мӯъмин буданд ба дараҷае, ки орзу ва таманнои онҳо, фақат кушта шудан дар роҳи Худо буд.
Бешак ин сифот аз назари ислом писандида ва сутуданӣ аст ва мӯъмини воқеӣ бояд чунин бошад, ки агар чунин набошад, дар имони худ таҷдиди назар кунад. Яъне ҳар мусалмоне агар ороста ба ин сифот ва вежагиҳо набошад, ӯ мӯъмини воқеӣ набудааст. Аз ин назар, Хавориҷ – ки мавриди накӯҳиш ва мазаммат ҳастанд ва ҳар мусалмоне аз онҳо безорӣ меҷӯяд – далели накӯҳида будани онҳо, ҳаргиз ва абадан ин нест, ки дорои имони қавӣ ва шуҷоати васфнопазир будаанд. Онҳо, ба ин далел, ки ҳозир буданд дар роҳи Худо кушта шаванд, ҳаргиз мавриди мазаммат нестанд. Имрӯзҳо мутаассифона касоне дида мешаванд – ҳатто дар миёни худи мусалмонон – ки Хавориҷро ба хотири ҳамин вежагиҳояшон мазаммат мекунанд ва бо унвонҳое чун тундрав, мутаъассиб, ифротӣ ва ғайра аз ин ановин мехонанд. Ин ки агар мӯъмине дар роҳи Худо худро ба куштан бидиҳад ва ҳозир бошад дар ин роҳ қурбон шавад, ин ҳаргиз мазмум нест, балки матлуб аст. Мазмум ва накӯҳида будани Хавориҷ, аз як назари дигар аст, ки ҳоло тавзеҳ хоҳам дод.
Ислом, таъкиди фаровон ва зиёд бар ин нукта дорад, ки он сифот ва вежагиҳои писандида, ки дар боло гуфта гузаштем, бояд тавъам ва ҳамроҳ бо огоҳӣ, басират, илм ва маърифат бошанд:
قُلْ هَٰذِهِ سَبِيلِي أَدْعُو إِلَى اللَّهِ عَلَىٰ بَصِيرَةٍ أَنَا وَمَنِ اتَّبَعَنِي
“Бигӯ: ин тариқа ва роҳи ман аст, ки ман ва ҳар кас пайрави ман аст, бар пояи басират ва биноӣ ба сӯйи Худо даъват мекунам…” (Юсуф/12)
Агар он сифот ва вежагиҳо ҳамроҳ бо илм, огоҳӣ ва маърифат набошанд, на танҳо фоидае нахоҳанд дошт, ки зарару зиён доранд. Ойини ислом дар таърихи худ, зарбае, ки аз ноҳияи мусалмонони мӯъмин ва вафодор ва шуҷоъ, вале ҷоҳил ва нодон ва аҳмақ хӯрда, аз ҳеч душмане ба он андоза нахӯрда. Хавориҷ ҳамон тавре ки гуфтем, инсонҳои ба ғоят шуҷоъ ва босалобат ва мӯъмине буданд, вале ба дараҷае аҳмақ, нодон ва ҷоҳил буданд ва аз ин ноҳия ба ислом зарба ворид сохтаанд, ки ҳазрати Алӣ ҷангидан бо онҳо ва решакан кардани онҳоро яке аз ифтихороти худ дар ҳаёташ медонад. Ӯ гуфтааст, агар ман набудам, аҳаде ҷуръат надошт бо ин ҷамоат биҷангад.
Дар таърих аст, ки вақте ҳазрати Алӣ Абдуллоҳ ибни Аббосро суроғи инҳо фиристод, ки насиҳаташон кунад, то балки даст аз лаҷоҷат бардоранд, Ибни Аббос вақте аз назди онҳо баргашт, ба Алӣ гуфт, ман гурӯҳеро дидам, ки:
لهم جباه قرحة لطول السجود
Пешониҳояшон аз зиёдии саҷда захмӣ шудааст.
وأید کثفنات الإبل
Дастҳое, ки мисли зонуи шутур пина бастааст.
علیهم قمص مرحضة
Либосҳои кӯҳнаи зоҳидмаобона ба тан доранд.
وهم مشمرون
Аз ҳама болотар, қиёфаи мусаммам ва тасмими қотеъи инҳост.
Якчунин табақае яъне табақаи мутанассики ҷоҳил, табақаи мутаъаббиди ҷоҳил, табақаи хушкмуқаддас буданд, ки бо маорифи исломӣ ошно нест, вале алоқаманд ба ислом аст, бо руҳи ислом ошно нест, вале ба пӯсти ислом часпидааст, муҳкам ҳам часпидааст.
* * *
Мусибат замоне бузург мешавад, ки душман, ба шумо ва вежагиҳои шумо ҳатто аз худатон бештар ошно бошад. Ин ки Шивоно мегӯяд, нуқтаи қуввати инсон метавонад боиси шикасташ шавад, мисли ин ки дақиқан дар бораи Хавориҷ сӯҳбат мекунад. Онҳо аввал дар канори Алӣ буданд, аз ёрон ва пайравони Алӣ буданд ва алайҳи душманони ӯ меҷангиданд. Душман ҳам медонист, ки то модоме, ки якчунин инсонҳои босалобат ва шуҷоъ ва мусаммам, дар канори Алӣ ҳастанд, шикасти Алӣ маҳол аст. Дар айни ҳол, душман медонист, ки Хавориҷ бо вуҷуди салобату шуҷоат, аммо нодон ва аҳмақанд. Бинобар ин, коре кард ва ба ҳила ва найранге мутавассил шуд, ки ҳамон нуқтаи қувват, ки дар Хавориҷ вуҷуд дошт, ба як нуқтаи заъфи Алӣ табдил шуд. Душман вақте эҳсос кард, ки дигар шикаст мехӯрад, нақша кашид, ки аз ҳамин табақаи нодон яъне Хавориҷ истифода кунад. Дастур дод, сипоҳиёнаш Қуръонҳоро болои найза карданд ба ин аломат, ки мо мусалмон ҳастем, мо аҳли Қуръонем, чаро бо мо меҷангед? Агар мехоҳед биҷангед, пас биёяд ин Қуръонҳоро бизанед.
Дар ин ҳангом, фавран ҳамин табақа яъне Хавориҷ (ки аввал ба ин ном хонда намешуданд, баъдҳо ба ин ном хонда шуданд) даст аз ҷанг кашиданд, гуфтанд: мо бо Қуръон намеҷангем. Омаданд пеши Алӣ, ки дигар қазия ҳал шуд, Қуръон ба миён омад, ҳоло, ки Қуръон ба миён омада, дигар ҷанг маънӣ надорад. Алӣ фармуд: магар шумо намедонед, ки аз рӯзи аввал сухани ман ба инҳо ин аст, ки биёед мо бар асоси Қуръон ҳукумат ва қазоват кунем, бибинем ҳақ бо кист. Бинобар ин, ҳоло инҳо дурӯғ мегӯянд, инҳо Қуръонро ба миён наовардаанд, ҷилд ва коғази Қуръонро сипар қарор додаанд барои ин ки баъд боз алайҳи Қуръон қиём кунанд, аҳаммият надиҳед, бизанед биравед ҷилав. Гуфтанд: аҷаб! Чӣ ҳарфҳое Алӣ мезанад?! Мо то ба ҳол туро одами хубе медонистем ва мегуфтем, ту одами хубе ҳастӣ, маълум шуд ту ҳам одами ҷоҳталаб ҳастӣ, яъне мо биравем бо Қуръон биҷангем?! Ҳаргиз бо Қуръон намеҷангем!
Хулоса, кор ба ҷойе расид, ки Алиро таҳдид ба қатл карданд ва то расид кор ба ҷойе, ки Алиро кофир хонданд ва саранҷом бо ӯ ҷангиданд ва Алӣ онҳоро решакан кард.
* * *
Имрӯза душмани мо яъне саҳюнистҳо, зарангтар аз онанд, ки фикраш меравад. Ин саҳюнистҳои хуношом чун медонанд бо уммате тарафанд, ки аз мурдан намеҳаросад, босалобат ва боимон аст, шуҷоъ аст, шикастнопазир аст ва ба иборати дигар, дорои нуқоти қувват аст аз имону шуҷоату салобату шаҳомат; сифоте, ки ӯро ба кӯҳе устувор ва нуфузнопазир табдил кардааст ва дар айни ҳол, саҳюнист нек огоҳ аст, ки дар миёни ин уммат афроде аҳмақ ва аблаҳ ва нодон вуҷуд доранд, ки метавон аз онҳо суистифода кард, бинобар ин омад ва ҳамон кореро кард ва ба ҳамон шевае рӯй овард, ки душманони Алӣ ба он мутавассил шуда буданд. Саҳюнистҳо имрӯза аз ДОЪИШ – ки кучактарин фарқ бо Хавориҷ надоранд – яъне афроди босалобат ва боимон ва шуҷоъ, вале дар айни ҳол нодон ва аҳмақ, аз ин ҷамоат истифода кард. Албатта, ба гунае истифодаашон мекунад, ки худи онҳо ҳаргиз эҳтимоли инро, ки мавриди истифода қарор мегиранд намедиҳанд, балки фикр мекунанд, аз онҳо душмантар бо саҳюнистҳо дар рӯйи замин вуҷуд надорад.
Амалиёти дирӯзи ДОЪИШ дар Кирмони Эрон кучактарин фарқ бо кори Хавориҷ надорад. Онҳо бо мусалмонон дақиқан ҳамон кореро карданд ва муртакиби ҷинояте шуданд, ки Хавориҷ бо Алӣ карда буд.
Аммо бо ин ҳама, имрӯз дирӯз нест. Худоро шукр имрӯз дар миёни ин уммат афроде ҳастанд, ки тамоми нақшаҳо ва тарҳҳои шайтонии саҳюнистҳоро нақши бар об мекунанд. Рӯзҳои оянда ин воқеиятро хоҳанд дид, иншоаллоҳ!
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи тӯпхонаии Кореяи Шимолӣ ба ду ҷазираи Кореяи Ҷанубӣ
Иллатҳои мафосиди ахлоқӣ

Матолиби пурбоздид