Вақте футбол ин ҳама тағйиру таҳаввул эҷод мекунад – 2

Таҳлили хабарӣ
Вақте футбол ин ҳама тағйиру таҳаввул эҷод мекунад ҳатто дар даруни инсонҳо
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Бахши дуввум
2) Мо, тоҷикҳо мувофиқу мухолиф аз ин ба баъд бояд ёд бигирем (на ин ки фақат бидонем ва лақлақаи забонамон шавад, балки амалан бояд чунон бошем ва бидонем), ки фарқ аст байни кишвар ва байни дастгоҳи ҳокимаи кишвар. Кишвар, мутаъаллиқ ба ҳамаи тоҷикистониҳо аст, ба хилофи дастгоҳи ҳокима ва афроде, ки зимоми идораи кишвар дар дастони онҳо қарор дорад хусусан раисиҷумҳур, ки дар як бозаи замонии муайян дар раъси ҳирами қудрат қарор дорад, ҳоло ё мардум ӯро интихоб карда ва ё аз тариқи кудато (инқилоб ба истилоҳ) қудратро дар ихтиёр гирифтааст ҳамон тавр ки дар Тоҷикистон чунин аст. Ва табиист, ки бо сиёсатҳои дастгоҳи ҳокима на ҳамаи ақшори миллат розӣ аст ва бояд чунон бошад. Ва ба ҳамин ҷиҳат аст, ки ҷомеаҳое дар дунё пешрав аст ва шаҳрвандонаш азизу сарбаланд, ки дар он ҷомеаҳо, ҳукуматаш мухолиф дорад, яъне опозисиюн дорад. Ва опозисиюн ба ин хотир, ки мунтақиди ҳукумат ва сиёсатҳои ӯст, лузуман “душмани миллат” ва “хоини миллат” ва аз ин қабил ановин нест.
Хуб, ниҳодҳо ва муассисоте, ки дар кишвар фаъол ҳастанд, инҳо аз они ҳамаи шаҳрвандон ва мутаъаллиқ ба ҳамаи сокинони он сарзамин ҳастанд сарфи назар аз ин ки мувофиқи сиёсатҳои дастгоҳи ҳокима бошанд ё мухолифи он. Тими миллии футбол, аз ин ҷумла аст. Аз они дастгоҳи ҳокима нест, балки аз они ҳамаи ақшори миллат аст. На як мувофиқ ва ҳукуматӣ ҳақ дорад онро аз они худаш бидонад ва пирӯзии ӯро пирӯзии худаш шуморад ва на як мухолиф ва опозисиюн ҳаққи чунин кореро дорад.
Аз ин рӯ, ғалат мекунад он раисиҷумҳур ва ё вазире, ки пирӯзии тими миллиро пирӯзии худ дар арсаи сиёсӣ талаққӣ кунад ва ҳам он опозисиюне, ки шикасти тими миллиро як навъ шикасти ҳукумат дониста ва барои он ташвиқ бикунад, ӯ ғалат мекунад.
Идома дорад…
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ғазза ва инсоният
Ҳамлаи муқовамати исломии Ироқ ба Исроил

Матолиби пурбоздид