Вақте ҳайбати Исроил мешиканад

Таҳлили хабарӣ

Вақте ҳайбати Исроил мешиканад

Аз замони таъсиси режими ҷаълии “Исроил” дар соли 1948 (зеро то ин замон чизе ба номи “Исроил” рӯйи нақшаи ҷаҳон вуҷуд надошт), тарфанде, ки ин режим барои бақои худ ба кор бурд ин аст, ки дар зеҳни ҷаҳониён бахусус мусалмонон, аз худ як ҳаюло ва деви тарсноке сохт, ки гӯӣ ба ҳама кор қодир аст, дар ҳамаҷо ҳузур дорад ва хулоса, “кун фа якун” аст.

Ва ин тасвир, ки ба роҳҳои гуногуне аз ҷумла синамо, дар зеҳни ҷаҳониён тарсим мешуд, бо камоли таассуф кори худро кард ва тақрибан ҳама боварашон шудааст, ки Исроил “кун фа якун” аст.

То ин ки фаластиниҳо ва сипас лубнониҳо бо ин давлати дурӯғин вориди ҷанг шуданд; ҷанге, ки то имрӯз идома дорад. Муҳимтарин самараи ҷанги размандагони фаластинӣ ва лубнонӣ бо ин ҳаюло, шикаста шудани ин тасвири дурӯғин аст, хусусан дар як соли ахир яъне баъд аз 7 октябри 2023.

Ин “ҳайбати дурӯғин”-и шикасташуда имрӯз ба ҳадде расида, ки дигар ба ҳадафе табдил гардида барои ҳар касе, ки бихоҳад мавҷудият ва будани худ дар рӯйи гетиро нишон бидиҳад; дуруст мисли ҳадафе, ки тирандозон дар тамринҳо ва ба истилоҳ, машқҳои худ, дар рӯ дар рӯйи худ насб ва ба сӯяш тирандозӣ мекунанд.

Мавриди ахири он, эъломи мавҷудияти гурӯҳе ҷиҳодӣ ба номи “Ал-муқовама ал-исломия фӣ билодил-Ҳарамайн” (Муқовимати исломӣ дар билоди Ҳарамайн) аст, ки ба сӯйи ин “ҳайбат” чандто паҳпод шиллик кард. Агар ин “ҳайбат” набуд, имрӯз касе аз вуҷуди якчунин гурӯҳе бо ин тавоноиҳо хабар надошт, ба ҷуз шумори андаке аз мусалмонон. Албатта пеш аз ин, як гурӯҳи баҳрайнӣ низ ба сӯйи ин “ҳайбат” паҳпод шиллик карда буд.

Албатта, ин “ҳайбат” зоҳиран ҳанӯз дар зеҳни баъзе”фарҳехтаҳои” мо побарҷост. Имрӯз яке аз онон барои исботи ин ки ин “ҳаюло” ва “дев” дар ҳамлаи ахири масхарааш ба Эрон, гӯӣ Эронро “доғун” кардааст, бароям ба нақл аз сойтҳои исроилӣ ин иддаъоро, ки мо хеле зӯрем, матлабе ирсол карда буд.

Мутаассифона ин “ҳайбат” зоҳиран ҳоло-ҳоло аз зеҳнҳо маҳвшуданӣ нест.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тааммуле дар исми “Рабб”
Азамати шахсияти ҳазрати Фотимаи Заҳро (саломуллоҳи алайҳо)

Матолиби пурбоздид