Вокуниш аввалӣ ба ҷинояти терури Солеҳ ал-Орурӣ 

Вокуниш аввалӣ ба ҷинояти терури Солеҳ ал-Орурӣ 
Муқовамати Лубнон (Ҳизбуллоҳ) бо 62 фарванд мушак, як пойгоҳи муҳимми низомии саҳюнистҳоро ҳадаф қарор дод
Ожири хатар дар 94 шаҳраки саҳюнистнишин ба садо даромад
Ахбори байналмилал
Ба гузориши шабакаи хабарии Алмаёдин, муқовамати исломии Лубнон пойгоҳи муҳимми контроли ҳавоии “Мирун”-ро дар Ҷалили Аъло, ки яке аз ду пойгоҳи аслии режмии саҳюнистӣ аст, бо 62 фарванд аз анвоъи мухталифи мушак ҳадаф қарор дод.
Муқовамати исломии Лубнон хотирнишон кард, ҳадаф қарор додани пойгоҳи “Мирун” ба унвони бахше аз вокуниши аввалӣ ба ҷинояти терури Солеҳ ал-Орурӣ, раҳбари аршади Ҳамос ва бародаронаш сурат мегирад.
Бино бар ин гузориш, пойгоҳи “Мирун” бар фарози кӯҳи Ҷирмоқ, ки баландтарин қулла дар Фаластини ишғолӣ аст, қарор дорад.
Ин пойгоҳ танҳо маркази мудирият, муроқибат ва контроли ҳавоӣ дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ маҳсуб мешавад ва ҷойгузини умдае барои он вуҷуд надорад.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи муқовамати Ироқ ба пойгоҳи низомиёни омрикоӣ дар Сурия
Қадршиносии вақт ва замон

Матолиби пурбоздид