Воқеияти давлат ва давлатдорӣ
Меҳмоншо Шарифзода
Дар ин сарзамин аз чор зарфияти сиёси-музофотии (ғармӣ, кулобӣ, помирӣ ва хуҷандӣ) дар соя шакл гирифта яке «давлат»-ро аз қудратҳои беруна чун «тӯҳфа» қабул кард. Чунон, ки шоҳидем ин қавм, ки ба гуфти худ ‘соҳибдавлат’ шуданд ва онро ба истилоҳи Бозор Собир “кафшер” ҳам карданд, аслан моҳияти давлат ва давлатдориро нашинохтаанд ва давлатро чуноне, ки Усмонов тасвир карда, танҳо сарчашмаи ба даст овардани дороӣ шинохтаанд ва оқибат фасоду дуздиро дар ҷомеа ва дар ниҳодҳои давлатӣ ниҳодина карданд.
Дар ин маврид антрополог Редклиф Броун (Radcliffe – Brown), мушоҳидаи амиқ ва аҷибе дорад, ки менависад: “Давлат ин воқеияте нест, ки қафои ниқоби амалҳои сиёсӣ истода бошад. Балки ин худ ниқобест, ки намегузорад амалҳои сиёсиро ончунон, ки ҳастанд… дида бошем.”
Қаламонлайн