Ганҷи тавозуъ

Ганҷи тавозуъ

Яке аз подшоҳони фозил фарзандашро чунин панд медод:

Агар мехоҳӣ, то ҳамаи халоиқро бо додани мол дӯсти худ гардонӣ, хазинаи мамлакат холӣ мегардад ва ин мақсад ҳосил нашавад.

Лекин фурӯтанӣ кун ва рӯи хуш нишон деҳ, ки ҳамаи халоиқ дӯсти ту мегарданд, бидуни он ки аз хазинаи мамлакат чизе кам шавад.

Ганҷи хостаро поён аст, аммо ганҷи тавозуъро поёне нест.

Чунон ки аз тавозуъ дӯстӣ ба даст ояд ва аз такаббур ҳазор чандон душманӣ.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оё Тоҷикистон муҳите муносиб барои сармоягузории хориҷист?
Генерал Қосими Сулаймонӣ кӣ буд?

Матолиби пурбоздид