Гуле аз гулҳои биҳишт

Адаб

Гуле аз гулҳои биҳишт

Сабки зиндагӣ

Ташвиқ ба фарзанддор шудан дар ҳадиси мубораки Паёмбар:

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Хонае, ки кӯдак дар он набошад, баракат надорад”.

Инчунин фармудаанд: “Фарзанди шоиста гуле аз гулҳои биҳишт аст”.

Рӯзии ҳалол:

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: Фарзандонатонро дар раҳими модаронашон тарбият кунед.

Савол шуд: Ин чӣ тавр мумкин аст, ё Расулаллоҳ?

Фармуданд: Бо хурондани рӯзии ҳалол ба модарашон.

Духтарон раҳмат ва баракати илоҳӣ ҳастанд:

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Духтарон дилсӯз мададгор ва бобаракатанд. Ҳар кас як духтар доша бошад, Худованд ӯро пӯшише аз дӯзах қарор медиҳад ва ҳар кас ду духтар дошта бошад, ба хотири он ду, вориди биҳишт мешавад ва ҳар кас се духтар ё бештар дошта бошад, ҷиҳод ва садақа аз ӯ бардошта мешавад”.

Тарбият бо меҳрубонӣ:

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Бо хашм тарбият мумкин нест”. Яъне натиҷае нахоҳад дошт.

Азону иқома дар гӯши кӯдак:

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Ба ҳар кас фарзанде дода шавад, бояд дар гӯши рости ӯ азон ва дар гӯши чапаш иқомат бигӯяд, чаро ки мояи эминӣ аз шайтони раҷим аст”.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дудастагӣ ва ихтилоф дар давлати Исроил
Абӯрайҳони Берунӣ

Матолиби пурбоздид