Гурбаи обиранг

Адаб

Гурбаи обиранг

Фирдавси Аъзам

Гобиё бидуни сару садо вориди зиндагиам шуд. Танҳо як борхалтаи варзишии сабук ҳамроҳаш буд, ки бӯи китобҳои қадимӣ ва наъно медод. Бозичаи чӯбии осмониранги аҷибе ба шакли баландгӯяк, ки чанд тугмаи кӯчаке ҳам дар танаш дошт, гӯшаи борхалтааш овезон буд.

Дар рӯзҳои навпои ошноиямон маро ба қаҳвахонаи кучаке даъват кард, ки дар кунҷи хилвати шаҳр пинҳон шуда буд.

Ба маҳзи вуруд, бо саҳнаи аҷибе рӯбарӯ шудам; гурбаҳо, аз ҳар рангу нажод, бо чашмони дурахшон роҳат зери пойҳо ва гоҳе рӯи бағали муштариён ҷо хуш карда ва ба оромӣ чурт мезаданд.

Ин ҷонварони мармуз ба навъе ҷонмояи қаҳвахона шуда буданд; канори панҷараҳо, рӯи сандалиҳо дароз мекашиданд ва гоҳе навозиши мулоиме аз муштариён дарёфт мекарданд. Гобиё чунон оромише дошт, ки гурбаҳо низ ба сӯи ӯ кашида мешуданд. Зоҳиран барои нахустин бор набуд, ки инҷо меомад. Гоҳе нигоҳаш аз миёни анбӯҳи чашмҳои дурушт, гурбаеро дунбол мекард.

Муштариён ба оромӣ атрофи гурбаҳои хобидаи рӯи замин қадам мезаданд. Дар ин макон, ҳамзистӣ миёни инсону ҳайвон ба шакли шигифтангезе вуҷуд дошт. Гурбаҳо на танҳо аз рафтуомадҳо азият намешуданд, балки ба назар мерасид ин таъомулро дӯст доранд.

“Гурбаҳо бахше аз рӯҳи ин қаҳвахонаанд”- ҳайратро аз чашмони ман хонда, тавзеҳ дод Гобиё ва идома дод: “монанди ҳар китоб ва нағмае ки дар ҳавои инҷо мепечад. Аҳлиянд. Дар ибтидо, инҳо буданд ки моро интихоб карданд, на мо.”.

Ҷумлаи аҷиби охирашро дуруст нафаҳмидам, аммо суол ҳам накардам. Ба худам гуфтам шояд инҷо мӯш зиёд дорад.

Насими мармуз дар печу хами деворҳои хиштӣ мелағзид. Атри гуворои қаҳва дар фазо мепечид. Берун, осмон пӯшида ба ранги нуқраӣ, дохили қаҳвахона, гармии дилнишине ҳукмфармо буд.

Ӯ рӯбарӯям нишаста буд. Финҷони қаҳвааш беҳаракат. Либоси ороставу ҷаззобе пӯшида буд. Чашмҳои дурахшони обиаш монанди дарёчаи Нерис асроре дар дили худ доштанд. Гоҳе нигоҳаш ба қобҳои чӯбии рӯи девор меуфтод, ҷое, ки чеҳраҳои зиёди ниқобдор сархушона дар сояҳои ниманиҳон тамошоямон мекарданд. Шояд он аксҳо марбут ба ҷашни корновол буданд. Намедонам, аммо ниқобҳои шоду хушсохти корноволиро ба ёдам меоварданд. Ниқобҳое, ки намедонӣ зерашон чи сурате хобида аст. Канорашон тақвими хушранге бо тасвири зебо ва хандони маймуни қаҳваиранге низ гузошта буданд. Чашмҳояш барқ мезаданд.

Кам ҳарф мезад. Аз гузаштааш чизе намегуфт. Агар ҳам мегуфт, рӯшан набуданд. Вожаҳояш нағмае дошт, садое, ки бо рӯҳам ҳарф мезад ва афкорамро ба ҷойҳои ношиносе мебурд, ки фақат дар хобҳо по гузошта будам. Гоҳе диранг мекард. Гӯё дар ҷустуҷӯи калиде барои қуфли асроромези зеҳнаш буд. Дунёи ношинохтае пушти мардумакҳояш қарор дошт; печида ва амиқ. Зебоии маъсумонаю ширинаш мисли муҷассамаи бостонӣ, ки ҷилвагарӣ мекунад, нигоҳамро ба худ медӯхт.

Дар ҳоле ки ангуштонаш лабаи финҷони қаҳваро навозиш медоданд ва гурбаи хокистарие зери пояш меламид, бо нигоҳи маънодор пурсид: “Ба назарат таҳи ин финҷон чӣ розе аст?”

Ман, ҳамчун касе ки дар миёнаи руъёву бедорӣ ғӯтавар бошад, гуфтам: “Шояд чизи ғайримунтазирае, намедонам.”

Лабхандаш амиқтар шуд. Дар он лаҳза, финҷони қаҳва на танҳо зарфе барои нӯшидан, балки ба конуне барои гуфтугӯи ногуфтаҳое миёни мо бадал гашт. Гобиё сарашро ба оромӣ такон дод. “Шояд таҳи ин финҷон паёме дорад; мисли зиндагӣ, ки талхиҳояшро бояд бо сабурӣ пазируфт…”

Нигоҳаш ҳамчунон дар таҳи финҷон хира монда буд, гӯӣ дар он таҳ дунёи дигареро ҷустуҷӯ мекард, дунёе, ки танҳо худаш бо он ошно буд.

Дар он гӯшаи хилват мӯҳои сурхаш шонаҳои урёни борикашро мепӯшонд. Зоҳиранг мӯяшро ранг дода буд. Дар ҳоле ки хам шуд, то гурбаро бардорад бо лабханди ширину малеҳ гуфт: “Дар бораи худат бештар бигӯ, ҳар чизе, ман гӯш мекунам”. Ман аз гузаштаҳои дур, аз руъёҳо, кобусҳо, шикастҳо ва дастовардҳои кучакам гуфтам.

Қаҳваҳои рӯи миз ва гурбаҳои ором шоҳидони хомӯши достонҳоямон буданд. “Розҳои зиндагият кудоманд?” бо садои орому хиҷолатӣ пурсиду лабҳояш ларзид. Нигоҳаш, мисли чашмони гурбаҳо пур аз барқи кунҷковӣ. Дар он лаҳза, миёни ҳарфҳои маъмулӣ, ҳақиқатҳои хуфта хамёзакунон бедор мешуданд. Ғарқ дар хотирот, таъриф мекардаму бо ҳар калима, гӯӣ даре ба долонҳои пинҳони зеҳнам боз мешуд.

Бо тамоми вуҷуд мешунид. Дар он кунҷе, ки деворҳо пӯшида аз ниқобҳои хандону нигоҳҳои дарунгаро буд, хотиротамро бо ӯ шарик шудам.

Гурба бо як париши нарм аз бағалаш ором пойин омаду пушти панҷара рафт.

***

Аз дари қаҳвахона берун омадем. Атри қаҳва ҳамчунон дар қабати либосамон мавҷ мезад. Зери нури заъифи моҳ, ки ба оромӣ аз миёни абрҳо пайдову пинҳон мешуд, шона ба шона, хилвати хиёбонҳои шабонаи Вилнюсро паймудем. Сояҳоямон рӯи сангфаршҳо ва гоҳе деворҳои қадимӣ мелағзиданд. Гоҳе садои мулоими гурбаҳо аз нокуҷое ба гӯш мерасид.

Расидем ба опортмонам. Ҷое ки нуру сояҳо намоише аз зиндагиро иҷро мекарданд. Сояҳое, ки рӯи деворҳо зиндагӣ меёфтанд. Ҳама чиз дар утоқ ба оромӣ дар ҳаракат буд; пардаҳо ба нармӣ дар насим мерақсиданд, ду соя рӯи тахт ба ҳам мепечиданд, моҳ шоҳиди лаҳзаҳои муштараки мо буд. Дар он лаҳзаҳо, ҳар чизе, ҳатто замон маънои худро аз даст дода буд. Фақат мо будему набзи ороми дақиқаҳое, ки мехостем абадӣ шаванд. Шояд фақат ман ин тур мехостам…

Шаб аз нисф гузашта буд.”Мешавад бароям токсӣ бигирӣ?”. Ҳамон тур, ки телефунашро нигоҳ мекард, бо садои нарм, вале мусаммам пурсид. Саре такон додаму бо дастони ларзон шумораи токсиро гирифтам. Борхалтаашро бардошт. Ҳамон тур ки бозичаи чӯбиро ламс мекард, ба самти дари хуруҷӣ рафт. Бо нигоҳи пурмаъно ба ман, бидуни ҳич ҳарфи дигаре дарро баст.

Ба назар мерасид бо ҳар қадаме, ки аз ман дур мешуд, тиккаи номаръие аз диламро ҳам бо худ мебурд. Ҳуҷра холӣ шуд. Атри васвасаангези танаш ҳамчунон дар ҳаво пахш.

Рафтанаш ногаҳонӣ буд. Хиёлҳои ширин чун фонусҳое ба даври сарам чархиданду пилкҳоямро ба хоби сангин фаро хонданд. Ӯро дидам; канори рӯде ки дар наздикии гӯристони гурбаҳо мегузашт, қадам мезадем, об баргҳои поизиро ба дунболи худ мекашид. Ӯ кафшҳояшро даровард ва поин рафт то баччагурбаеро наҷот диҳад. Дастамро дароз кардам то баланд шавад, аммо ӯ ғарқ шуд. Танҳо ҳалқаҳое аз мавҷу ҳубобҳои об боқӣ монд…

Субҳи рӯзи баъд зангаш задам. Телефунаш хомӯш ва рӯи пайғомгир буд. Тамосе бо китобфурӯшие, ки онҷо кор мекард, гирифтам. Посухе набуд, ки бидиҳанд. Ба онҷо рафтам. Наёфтамаш. Гӯӣ замон бо ҳамаи вусъаташ худро дар як нуқта ҷамъ карда. Нуқтае, ки дигар ӯ дар он вуҷуд надошт. Аз он лаҳза, соатҳо табдил ба навои бепоёни интизор шуданд.

Сандалиҳои холии қаҳвахонаҳо, роҳравҳои сокити китобфурӯшиҳо, нимкатҳои танҳои поркҳо, ҳама яксадо фарёд мезаданд: “Ӯ куҷо рафта?”. Суоле, ки монанди акси садо дар зеҳнам мепечид, бепосух. Интизору беқарорӣ меафзуд. Пурсишҳо дар зеҳнам мепечиданд, бе онки сарнахе аз нопадидшудани ногаҳониаш бидиҳанд.

Дар ҷустуҷӯии ӯ борҳо худамро ба ҷойҳое бурдам, ки хотироти муштаракамонро нигаҳ дошта буданд: ба сафҳаҳои китобҳоямон, ки гӯшаҳояшон ҳанӯз хамида буд, байни мизҳои қаҳвахонае, ки рӯи онҳо бо ҳам қаҳва менӯшидем ва дар утоқе, ки ҳамчунон танини хандаҳои гузаштаро дар худ дошту ҳавояш саршор буд аз атри латифи ҳузураш. Аммо ӯ ба даштҳои номаълуме рафта буд, ҷое ки зиндагӣ ламснопазир аст; шояд аз ибтидо фақат як хиёл буд. Шояд дар ҷое дастнаёфтанию дур ба дом уфтода. Намедонам.

Барои чандумин бор ба қаҳвахона рафтаму пурсидам: “Касе ӯро надида аст?”. Гурбаҳо беқарор шуданду зери мизҳо рафтанд. Лаҳзае сукут, сипас нигоҳҳои ҳамдардию ҳайрони муштариён ба ҳамроҳи сарҳо ба нишонаи надонистан такон хурданд. Ин нигоҳҳо яхдони дарунамро холитару сардтар мекард.

***

Солҳост ки Гобиё рафта. Қаҳвахонаи кучак, ки шабе шоҳиди гармои дастҳоямон бар финҷонҳои қаҳва ва чашмҳоямон рӯи гурбаҳои ором буд, акнун дар сукути ғамангезу нафасгир фурӯ рафта. Сандалие, ки ӯ замоне рӯяш менишаст, ҳоло ҳамроҳи тозае ёфта аст. Дуди сигору атри қаҳва монанди меҳе асроромез фазоро фаро гирифта. Аммо акнун на танҳо хабаре аз Гобиё нест, балки гурбаҳои кунҷкови Вилнюс низ нопадид шудаанд. Фақат як гурбаи обиранг дар пушти панҷара боқӣ монда аст. Ба назар мерасад, ки он сӯи шишаро бо дилтангӣ тамошо мекунад. Шояд ҳам мунтазир аст. Ҳаргиз гурбае бо чунин ранг надида будам; сартопо пӯшида аз хазҳои нарми обӣ, ки нурро ба худ мегирифт ва дар торикӣ медурахшид. Чаро танҳост?

Бо рафтани Гобиё, дили қаҳвахона низ аз тапиш монда аст. Ҳоло рӯзона ба ин ҷо меоям. Ба кафи кошиҳои сард нигоҳ мекунам, шояд асаре аз қадамҳои ӯ боқӣ монда бошад. Ба финҷонҳои холӣ даст мекашам, дар пайи бӯи боқимондаи ангуштони Гобиё. Зери мизҳоро мегардам, ӯро намеёбам. Қобҳои чӯбӣ ҳанӯз рӯи девор ҷо хуш кардаанд. Акси чанд гурба ҳам ба ҷамъашон афзуда шудааст.

Рафтанаш монанди финҷони қаҳваи сард буд, ки зери ком мелағзаду ногаҳон талхиашро бар ҷонат менишонад.

Ҳанӯз ҳам гоҳе сояи Гобиёро дар кӯчаву паскӯчаҳо мебинам. Ва гоҳе эҳсос мекунам садои қадамҳояшро пушти сарам мешунавам. Аммо вақте бармегардам, сукуту торикист ва танҳо сояи баланду борики худамро мебинам.

Фирдавси Аъзам

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муноҷот
Насиҳати Луқмон ба фарзандаш

Матолиби пурбоздид