Гӯед ба Наврӯз, биёяд!
(Гулрухсор Сафӣ)
Гӯед ба Наврӯз, ки нав нест ғами мо,
Аз ҳасрати хунинкафанон чашми нами мо.
Аз ваҳшати оқипадарон пушти хами мо,
Гӯед ба Наврӯз, ки ҳар рӯз биёяд!
Ҳар рӯз биёяд, дари ғамхона кушояд,
З-ойинаи дил занги ҷароҳат бизудояд,
Булбул алами миллати бечора сарояд,
Гӯед ба Наврӯз аламсӯз биёяд!
Гӯед ба Наврӯз, ки масрур биёяд,
Бедаҳшату беҳасрату мағрур биёяд,
Бар чашму дили ғамзадагон нур биёяд,
Гӯед ба Наврӯз фаромӯз биёяд!
Дилхоҳу дилогоҳу дилафрӯз биёяд,
Бар гулшани сармозада хушсӯз биёяд,
Бар кишвари раҳмондаи шаб рӯз биёяд,
Гӯед ба Наврӯз шабе рӯз биёяд!
Гӯед ба Наврӯз, ки размида биёяд,
Аз сангари мардони шараф дида биёяд,
Аз гӯри шаҳидон гули ғам чида биёяд,
Гӯед ба Наврӯз, ки гулдӯз биёяд!
Дар гӯш расад нолаи мурғони гирифтор,
Гулпӯш кунад марқади ёрони вафодор.
Ҷовид кунад умри фари барқи шарарбор,
Гӯед ба Наврӯз шабафрӯз биёяд!
То меҳани мо пойгаҳи мири шикор аст,
Дар гулшани мо куштани гулғунча баҳор аст.
Ҳар пушта мазор аст, мазори дили зор аст,
Гӯед ба Наврӯз, ки пирӯз биёяд!
Ошиқ накунад ёди гулафшони чаман, вой,
Шоир нарасад бар дари илҳоми сухан, вой,
“Хун медамад аз хоки шаҳидони Ватан, вой!”-
Эй вой чаман, вой сухан, вой Ватан, вой!
Қаламонлайн













