Дабири кулли Ҳизбуллоҳ: Муқовимат силоҳи худро таҳвил нахоҳад дод

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ: Муқовимат силоҳи худро таҳвил нахоҳад дод

Ахбори байналмилал

Шайх Наим Қосим: “То замоне, ки таҷовуз идома дорад, муқовимат ҳаргиз силоҳи худро таҳвил нахоҳад дод”

 “Агар лозим бошад, вориди набарди карбалоӣ хоҳем шуд”

“Эътирозоти мардумӣ эҳтимолан ба сафорати Омрико дар Лубнон бирасад”

Шайх Наим Қосим, дабири кулли ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки ба муносибати арбаини ҳусайнӣ барои мардуми Лубнон суханронӣ мекард, гуфт: “Мо имрӯз ба баракати ҷиҳод ва наҳзати Имом Ҳусайн (а) дар масири кушоиш ва пирӯзӣ қарор дорем.”

Ба гузориши Алманор, дабири кулли Ҳизбуллоҳ изофа кард: “Шаҳодати Имом Ҳусайн (а) танҳо ба маънои расидан ба мақоми шаҳодати шахсӣ набуд, балки ӯ ин мафҳумро аз сатҳи фардӣ ба эҳёи ҷамъӣ иртиқо дод. Шаҳодати ӯ на фақат барои худаш ва ёронаш, балки барои зинда кардани уммати ислом буд, то ин уммат аз он барои ояндаи худ илҳом бигирад.”

Шайх Наим Қосим идома дод: “Дар ҳар мақтаъ аз таърих, мо миёни ду интихоб қарор дорем: ё дар ҷабҳаи Имом Ҳусайн (а) бошем ё дар ҷабҳаи Язид. Дар замони мо низ интихоб равшан аст; мо дар канори “Ҳусайни аср” ҳастем, ки андешаҳо ва мавозеъашро Имом Хумайнӣ поягузорӣ кард, Имом Хоманаӣ идома дод ва шаҳид Шайх Роғиб Ҳарб, Сайидаббос Мӯсавӣ ва Сайидҳасан Насруллоҳ ҳамон масирро паймуданд.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ таъкид кард: “Мо бо озодии Фаластин ҳастем ва дар баробари Язиди замон, ки ҳамон Омрикои тоғут ва режими саҳюнистӣ ва ҳампаймонони он аст, меистем. Муқовимати имрӯз, самараи мактаби Карбалост.”

Шайх Наим Қосим изҳор дошт: “Мо ҷомеа, оянда, фарзандон ва зиндагии худро бар пояи тарбияти ҳусайнӣ, карбалоӣ ва зайнабӣ бино мекунем; тарбияте, ки саросар ишқ ба Худост. Муқовимат, зоидаи мактаби Карбалост, ҳаёте барои уммати исломӣ дар масири Имом Ҳусайн (а) ва парчаме, ки дар ниҳоят ба соҳибуззамон (а) супурда хоҳад шуд.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ хотирнишон кард: “Дар 14 мурдоди 1385 (2006), пирӯзии ҷанги 33 -рӯзаро ҷашн гирифтем; ҷанге сахт ва ҳамаҷониба, ки муқовимат дар баробари таҷовузи душман ба муддати 33 рӯз истод ва саранҷом бо “Амалиёти Ваъдаи содиқ” ба пирӯзии бузург даст ёфтем. Пирӯзии ҷанги тамуз аз баракоти ёрии илоҳӣ ва инояти муҳаммадӣ ва алавӣ буд, чаро ки Худованд моро дар ҳоле ёрӣ кард, ки шуморамон андак ва душманонамон бисёр буданд.”

Шайх Наим Қосим гуфт: “Пирӯзии ҷанги тамуз, пирӯзии ирода ва муқовимат ва шикасти режими саҳюнистӣ буд; шикасте, ки ҷилави ишғол ва шаҳраксозии ин режим дар Лубнонро гирифт ва ба унвони пирӯзии “сегонаи мардум, артиш ва муқовимат” шинохта шуд. Ин пирӯзӣ, душманро 17 сол дар шок ва ҳарос фурӯ бурд ва монеъ шуд, то дубора ба таҷовузгарӣ даст бизанад, чаро ки аз ҳузур ва қудрати муқовимат бим дошт. Дар ҳамин муддат, ин пирӯзӣ заминасози бозсозӣ дар саросари Лубнон шуд.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ идома дод: “Лозим аст аз Ҷумҳурии Исломии Эрон қадрдонӣ кунем, ки бо ҳамаи тавон аз мо ҳимоят кард ва шаҳидоне чун Ҳоҷӣ Қосим Сулаймониро дар канори мо тақдим кард, он ҳам танҳо барои пуштибонӣ аз ҳақ. Эрон ҳамчунон дар канори мост ва хоҳад монд, ҳамон гуна, ки парчами муқовимат ҳамеша барафрошта хоҳад буд.”

Фаластин қутбнамои муқовимат аст

Шайх Наим Қосим ёдовар шуд: “Ҳама бояд бидонанд, ки Фаластин ҳамчунон қутбнамои мо хоҳад буд ва ҳар гуна таҷовузи режими саҳюнистӣ бо ҳимояти Омрико, мардуми Фаластинро аз идомаи муқоваматашон бознахоҳад дошт; онҳо дар поён пирӯз хоҳанд шуд, зеро соҳибони хок ҳастанд. Ба шуҳадои артиши Лубнон, ки дар Зибқин ба файзи шаҳодат ноил омаданд, таслият арз мекунем; ин шуҳадо, шуҳадои вазифаи инсоният ва ҳақ ва ҳамчунин шуҳадои муқовимат, артиш ва ватан ҳастанд. Муқовимат, намоди шараф, иззат, ватандӯстӣ ва истиқлол аст; ин муқовимат аст, ки шаҳодат медиҳад ва ниёзе ба таъйиди расмӣ ё назари мутакаббирон ва ҳеч каси дигар надорад.”

Муқовимат ҳокимияти Лубнонро ҳифз кард

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ изҳор дошт: “Муқовимат дастовардҳое дорад, ки дар тӯли замон намоён мешаванд; ин муқовимат буд, ки дар соли 2000 хоки ҷануби Лубнонро озод кард ва дар соли 2017 бо ҳимояти артиши Лубнон, хоки шарқи Лубнонро озод сохт. Муқовимат, заминасози ҳифзи гузинаи Лубнони мустақил ва дорои ҳокимият шуд; наметавон бидуни ишора ба муқовимат дар бораи истиқлол ва ҳокимият сӯҳбат кард. Ин муқовимат, қудрати Лубнон дар мувоҷеҳа бо чолишҳост ва ин дастовардҳо мояи ифтихори кишвар аст. Бояд аз касоне, ки муқовимат накарданд, пурсид: шумо дар баробари таҷовуз, ишғол ва истиқлол куҷо будед? Аммо муқовимат, нур ва рӯшноӣ аст; хуршеде, ки бар ҳама метобад.”

Артиши Лубнон ба танҳоӣ қодир ба ҳифозат аз кишвар нест

Шайх Наим Қосим таъкид кард: “Пазириши тавофуқи оташбас тавассути ҳукумат ва кӯмаки муқовимат барои пойбандӣ ба муфоди он, нишон дод, ки сабру таҳаммул дар ин марҳила зарурӣ аст; ҳатто пас аз ҳашт моҳ, мо ба унвони муқовимат ва ҷомеаи муқовимат ҳадаф қарор гирифтем, чун имон доштем ин даврон ниёзманди сабр аст. Тибқи як назарсанҷӣ, лубнониҳо мӯътақиданд, артиш ба танҳоӣ қодир ба ҳифозат аз Лубнон нест ва диплумосӣ ба танҳоӣ низ кофӣ нест. Назари аксарияти мардуми Лубнон, ҳимоят аз муқовимат ва идомаи ҳузури он аст.”

Давлати Лубнон дар ҳоли хидмат ба пружаи Исроил аст

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ изҳор дошт: “Тасмими давлат барои халъи силоҳи муқовимат, муқовимат ва мардуми Лубнонро дар замони таҷовуз, аз силоҳи дифоъӣ маҳрум мекунад; ин тасмим ба маънои тасҳили куштори размандагони муқовимат ва хонаводаҳояшон ва ихроҷи онҳо аз хок ва хонаҳояшон аст. Беҳтар буд давлат контроли худро густариш медод ва исроилиҳоро аз Лубнон берун меронд. Давлат дар ҳоли хидмат ба пружаи Исроил аст. Оё давлат аз тамҷиди Натонёҳу аз ин тасмим хушҳол аст?”

Исроил бояд аз хоки Лубнон берун шавад

Шайх Наим Қосим таъкид кард: “Борҳо гуфтаем: таҷовузро мутаваққиф кунед ва Исроилро аз Лубнон берун кунед. Дар ин масир, мо ҳама тасҳилоти лозимро барои шумо фароҳам кардаем, то стратегияи дифоъӣ ва амнияти миллиро баррасӣ кунед. Аммо тасмими давлат, гуноҳе бузург аст; пазириши ин тасмим ба маънои тасҳили куштори ҳамватанон ва ҳампаймонони онҳост, то худашон зиндагии роҳате дошта бошанд. Шумо талош намекунед аз Лубнон муҳофизат кунед, балки ҷони худро ба қимати ҷони ҳампаймононатон ҳифз мекунед.”

Агар наметавонед, бигузоред муқовимат муқобила кунад

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ ишора кард: “Оё кишвар метавонад оромиш дошта бошад вақте як гурӯҳ ба гурӯҳи дигаре ҳамла мекунад? Агар эҳсоси нотавонӣ мекунед, бигузоред мо бо душман муқобила кунем. Ҳамон тавр, ки ҷангҳои мукаррари Исроил шикаст хӯрд, ин бор ҳам шикаст хоҳад хӯрд. Вазифаи давлат сохтани кишвар аст, на таҳвили он ба душмани исроилӣ ва омрикоӣ”

Шайх Наим Қосим идома дод: “Эй ҳомиёни тарҳи ҳокимият ва инҳисори силоҳ! Оё раиси ситоди кулли артиши Исроилро дар хоки мо надидед, ки ба сарбозонаш бобати ин ишғол табрик мегуфт ва ваъдаи иқдомоти бештар медод? Оё суханони Натонёҳу дар бораи “Исроили бузург”-ро нашунидед? Бархе кишварҳои арабӣ дар зарба задан ба муқовимат ва размандагони он аз Исроил ҳимоят мекунанд. Давлат тасмими бисёр хатарноке гирифтааст, ки нақзи мисоқи миллӣ ва тахриби амнияти миллиро ба ҳамроҳ дорад. Артишро вориди ин масир накунед; собиқаи миллии артиш пок ва беайб аст.”

Муқовимат силоҳи худро таҳвил нахоҳад дод

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ таъкид кард: “Ҳизбуллоҳ ва ҷунбиши Амал тасмим гирифтанд, то иҷрои тарҳи рафтан ба хиёбон ва баргузории тазоҳуротро ба таъхир биандозанд, то фазо барои баҳс ва ислоҳот фароҳам шавад. Муқовимат силоҳи худро таҳвил нахоҳад дод; таҷовуз идома дорад ва ишғолгарон ҳанӯз ҳузур доранд. Агар лозим бошад, ин муборизаро ба сабки Карбало пеш хоҳем бурд, то дар баробари ин пружаи исроилӣ–омрикоӣ биистем ва итминон дорем, ки дар ин набард пирӯз хоҳем шуд.”

Давлати Лубнон масъули ҳар гуна ҳарҷу марҷ дар оянда аст

Шайх Наим Қосим дар поён гуфт: “Давлати Лубнон масъули ҳар гуна фитнае аст, ки мумкин аст рух диҳад. Ва ҳамчунин масъули ҳар гуна ҳарҷу марҷи дохилӣ ё ҳар гуна харобкорӣ дар Лубнон аст. Ин масъулият шомили кӯтоҳии давлат дар анҷоми вазифааш барои дифоъ аз хоки Лубнон ва шаҳрвандони он низ мешавад.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пурсише дар бораи чигунагии тадриси фалсафа
Паёми Нетонёҳу ба мардуми Эрон

Матолиби пурбоздид