Дабири Ҳавзаҳои илмияи Эрон: Танҳо истисно “Исроил” аст; бо ҳама оштӣ мекунем!
Дабири Ҳавзаҳои илмияи Эрон: “Мехоҳем бо ҳама оштӣ кунем ба ҷуз режими ишғолӣ”
Дабири Ҳавзаҳои илмияи Эрон гуфт: “Бинои мо ин аст, ки бо ҳама аз дари оштӣ ворид шавем ва танҳо истиснои мо режими ишғолӣ (“Исроил”) аст ва Омрико ҳам агар рӯзе одам шуд ва ба хостаҳои миллат тан дод, онҷо ҳам баҳсе надорем.”
Ба гузориши Fararu, Оятуллоҳ Сайид Ҳошими Ҳусайнии Бушаҳрӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Қум дар робита бо он чи дар соли гузашта (аз 21 марти 2022 ва то ба имрӯз) рух дод, унвон кард: “Таҳаррукоти хубе дар сиёсати хориҷӣ иттифоқ афтод ва иртибот бо кишварҳои ҳамсоя монанди Арабистон ва Аморат рух дод.”
Вай хитоб ба усулгароҳо ва ислоҳталабон гуфт: “Он чи марбут ба шароити кишвар, амният ва ҳалли мушкилоти мардум аст, қобили шӯхӣ нест. Ба рухи ҳам накашем ва даъвои дохилӣ роҳ наяндозем.”
Вай ёдовар шуд: “Агар хуб аст, дер ё зудаш муҳим нест, агар метавонад мушкиле аз кишвар ҳал кунад, канори ҳам бошед, то ин масъала шакл бигирад. Бинои мо ин аст, ки бо ҳамаи кишварҳо аз дари оштӣ ворид шавем ва танҳо истиснои мо режими ишғолӣ аст ва Омрико ҳам агар рӯзе одам шуд ва ба хостаҳои миллат тан дод, онҷо ҳам баҳсе надорем.”
Бушаҳрӣ бо ишора ба оғози соли нав гуфт: “Наврӯз башорати баҳор медиҳад ва умедворам рӯзе Наврӯз башорати баҳори зуҳури Маҳдӣ бидиҳад. Замоне, ки ислом вориди Эрон шуд, фарҳанги исломиро бо суннатҳои миллӣ дарҳам омехтанд ва натиҷа ин шуд, ки дар ҳангоми соли нав замзамаи “ё муқалибал-қулуби вал-абсор” дар ҳама ҷо шунида мешавад.”
(Манбаъ: Сафҳаи шахсии Сайидюнус Истаравшанӣ, дар Фейсбук)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн