Дар баробари ҳокимон ва соҳибқудратон чӣ рафторе дошта бошем?

Дар баробари ҳокимон ва соҳибқудратон чӣ рафторе дошта бошем?
Паёмбари Акрам(с) фармуданд:
“Касе, ки зимомдор ва ҳокимеро ба чизе ки боиси хашми Худованд аст, розию хушнуд гардонад, аз дини Худо хориҷ шудааст”.
Инчунин ҳазрати Расули Акрам(с) фармудаанд:
“Бадтарин инсонҳо касест, ки охираташро ба дунёяш бифурӯшад ва бадтар аз он касест, ки охираташро ба дунёи дигарон бифурӯшад”.
Ҳазрати Расули Акрам(с) дар мавриди касе, ки дар назди сарватманде тамаллуқ ва хушомадгӯиро пеша мекунад мефармоянд, ин шахс дусеюми динашро аз даст додааст:
“Касе, ки назди сарватманде биравад ва барои ӯ (ба хотири сарвату қудраташ) курниш ва тамаллуқ намояд, дусеюми динашро аз даст додааст”.
Дар ин маврид инчунин ҳазрати Паёмбари Акрам(с) фармудаанд:
“Ҳангоме ки рӯзи қиёмат фаро мерасад, мунодии ҳақ нидо медиҳад: Куҷоянд ситамгарон? Куҷоянд ёрони ситамгарон ва онон ки лиқа дар давоти смитамгар мениҳоданд ва (ононро дар ситамгарӣ ёрӣ менамуданд), ё кисаи ононро мебастанд ё қаламе аз ононро ислоҳ менамуданд? Пас ҳамаи онҳоро бо ситамгарон якҷо маҳшур гардонед!”
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Паёми Дориюш…
Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ; мавзӯи нишасти сарони ИДМ

Матолиби пурбоздид