Дар дӯстӣ ва душманӣ зиёдаравӣ макун

Дар дӯстӣ ва душманӣ зиёдаравӣ макун

Сабки зиндагӣ

Имом Ғаззолӣ (р) ривояти ҷолиберо аз ҳазрати Паёмбари Акрам (с) дар китоби “Эҳёи улуми дин” нақл мекунад. Ин ривоятро Имом Тирмизӣ (р) низ дар Сунани худ овардааст.

Ҳазрат мефармояд:

“Дӯсте, ки мавриди алоқаи туст, ба як андозаи муайян дӯсташ бидор ва зиёдаравӣ макун, зеро чи басо рӯзе душманат гардад. Ва ҳамчунин, бо душманат низ дар душманӣ зиёдаравӣ макун, ки чи басо рӯзе дӯстат гардад.”

Ба иборати дигар, агар бо як нафар дӯсту рафиқ ҳастӣ, саъй кун ҳамаи асрори худро барои вай ифшо макунӣ, бояд як ҳадди муайянеро дар ин дӯстӣ нигаҳ бидорӣ, зеро ки аз куҷо маълум аст, ки рӯзе ин одам душманат гардад?!

Ва низ агар бо касе миёнаи хубе надорӣ ва масалан душманат аст: ё дар сиёсат бо ту мухолиф аст ё дар андешаву ақида бо ҳам ихтилофи назар доред, дар душманӣ бо вай зиёдаравӣ макун ва ба истилоҳ, хутути қирмизро ҳамеша риоят ва пардадарӣ макун, ки рӯзе шояд бо ту дӯст гардад, ки он вақт пеши ӯ хиҷолатзада хоҳӣ шуд.

Хулоса, инсон бояд ҳамеша эътидолро дар ҳама чиз риоят кунад, ба хусус дар дӯстиҳо ва душманиҳо.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Душманон қатъан посухи дандоншикан дарёфт хоҳанд кард”
Саргузашти босмачиҳо – ХIII

Матолиби пурбоздид