Дар мушт ғарбел нагунҷад…

Адаб

Дар мушт ғарбел нагунҷад…

Мавлоно гӯяд:

Подшоҳе писари худро ба ҷамоати аҳли ҳунар супурда буд, то ӯро аз улуми нуҷуму рамлу ғайра омӯхта буданд ва устоди тамом гашта, бо камоли кавданӣ ва балодат (кундзеҳнӣ).

Рӯзе подшоҳ ангуштаре дар мушт гирифт, фарзанди худро имтиҳон кард, ки: биё бигӯ дар мушт чӣ дорам?

Гуфт: Он чи дорӣ гирд аст ва зард аст ва муҷавваф (миёнтиҳӣ) аст.

Гуфт: Чун нишонҳои рост додӣ, пас ҳукм кун, ки он чӣ чиз бошад?

Гуфт: Мебояд, ки ғарбел бошад.

Гуфт: Охир, ин чандин нишонҳои дақиқро, ки уқул (ақлҳо) дар он ҳайрон шаванд додӣ аз қуввати таҳсил ва дониш, ин қадр бар ту чун фавт шуд, ки дар мушт ғарбел нагунҷад?

Акнун, ҳамчунин уламои аҳли замон, дар улум мӯй мешикофанд ва чизҳои дигарро, ки ба эшон таъаллуқ надорад, ба ғоят донистаанд ва эшонро бар он иҳотати куллӣ гашта ва он чи муҳим аст ва ба ӯ наздиктар аз ҳама он аст худи ӯст ва худии худро намедонад. Ҳама чизҳоро ба ҳиллу (ҳалол будану) ва ҳурмат ҳукм мекунад, ки ин ҷоиз аст ва он ҷоиз нест ва ин ҳалол аст ё ҳаром аст, худро намедонад, ки ҳалол аст ё ҳаром аст, ҷоиз аст ё ноҷоиз, пок аст ё нопок аст.

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.71-72)

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таътилоти ҳаштрӯза дар ҷашни байналмилалии Наврӯз
Кумакҳои 25 миллион долларии Амрико барои кишварҳои Осиёи Миёна дар роҳ аст

Матолиби пурбоздид