Дар ёди ту номам…

Адаб

Дар ёди ту номам…

Адиба Хуҷандӣ

Чу гул бишкуфт дар ёди ту номам,
Ки бинвиштӣ ба садҳо гул саломам.
Гули зебоии доимбаҳорам,
Ки Наврӯз аст фардоҳо давомам.
Ба чашмони зумурадгуна савганд,
Ки ишқи туст хуршеде ба бомам.
Ки ишқи туст хуршеде ба қалбам,
Ва суӣ туст ин роҳу маромам.
Ба ҷуз ишқи ту дар ақлам хирад нест,
Ки бахт ишқи ту бадномии номам.
Азоби ин ҳасудонро нигаҳ кун,
Аз ин гулгулшукуфти бардавомам.
Ба дастони ту хуршед аст ё гул,
Ки пур аз нур бошад субҳу шомам.
Ту яктоӣ, Худо якто, бимонӣ,
Ту Наврузӣ дили орому ромам.
Чи хушбахтам, ҳасудонам зиёданд,
Ки гардад умрашон дар гирди номам.
Туро ман дуст медорам ту ҳам ку,
Аҷаб хушбахтии доимдавомам.
Чу борон омадам ман гиря – гиря,
Ту чун хуршед мехоҳӣ паёмам.
Ту гуфтӣ – Саркашӣ, ошӯбгар ҳам,
Бале, аммо туро тӯфони ромам.
Адиба Хуҷандӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эътирофи расонаҳои исроилӣ дар бораи пӯк будани “Исроил”
Ёдат мекунам

Матолиби пурбоздид