Дарди дили танг нагуфтам…

Адаб

Дарди дили танг нагуфтам…

Фирдавси Аъзам

Дар пеши касе дарди дили танг нагуфтам
Хомӯшаму чун мурғи шабоҳанг нагуфтам
Монанди фалонӣ нашудам шоири дарбор
Чизе ба ҷуз аз миллату фарҳанг нагуфтам
Ойина манам, об манам, мазҳабам ишқ аст
Бо шишадилон марсияи санг нагуфтам
Бисёр ғазал гуфтаам аз ваҳдати дилҳо
Аз сулҳу сафо гуфтаам аз ҷанг нагуфтам
Ҳарчанд ки дур аз Ватанам, хотирааш сабз
Як бор ҳам аз ҳасрати Афранг нагуфтам
Гоҳе худам аз дасти худам мехурам афсӯс
Шеъре ки ба дилҳо бизанад чанг нагуфтам
Ҳамсӯҳбати ман ойинаву чашмаву меҳр аст
Сад шукр ки аз нақшаву найранг нагуфтам
Ҳамранги худам ҳастаму ҳамранги шумо на!
Аз тафриқа безораму аз ранг нагуфтам.
Фирдавси Аъзам
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Зарурати вуҷуди мухолифон дар ҳар ҳукумате
Ҳикояти пандомӯз аз Гулистон

Матолиби пурбоздид