Дарку тасаввури мо аз Макиавеллӣ нодуруст аст

Дарку тасаввури мо аз Макиавеллӣ нодуруст аст

Мақолае аз Эрико Бенер (Erica Benner) дар Guardian

Макиавеллӣ бештар ба унвони нахустин омӯзгори сиёсати фиребкорона ба тасвир кашида мешавад. Бештари мардум тасаввур мекунанд, ки Макиавеллӣ танҳо равишҳои сиёсатмадоронро тавсиф накардааст, ӯ ин равишҳоро тавсия мекунад, яъне ин ки худи Макиавеллӣ нахустин инсони “макиавеллист” будааст. Аммо агар ин коргузори итолиёӣ мекӯшидааст, то ба мо дар бораи ҳокимони худкома ҳушдор диҳад, на ин ки онҳоро роҳнамоӣ кунад, он гоҳ чӣ бояд гуфт? Ё агар мо дар ҳоли нодида ангоштани паёмҳои камтар возеҳи Макиавеллӣ бошем, он гоҳ чӣ?

Агар фарди тозаворид дар дунёи сиёсат ҳастед, ки мехоҳад сареъ ба болотарин мақом дар як демукросӣ даст ёбад, чӣ гуна бояд ин корро анҷом диҳед? Шумо метавонед кори худро бо мутолеаи китобе оғоз кунед, ки як коргузори итолиёии бепул онро 500 сол пеш навиштааст. Тибқи ин китоб, сареътарин роҳ он аст, ки аз оғоз бахт ёри шумо бошад: миқдори зиёде пули меросӣ ва имтиёзи иртибототи хонаводагӣ.

Агар дурӯғгӯӣ ва шикастани савгандҳоятон ба шумо дар саркӯби мухолифин кӯмак мекунад, бигузор чунин бошад. Мардумро беҳтарин дӯсти худ кунед. Қавл диҳед, ки аз манофеъи онҳо дар баробари хориҷиҳо ва нухбагони фурсатталаб дифоъ кунед. Ба душманиҳои ҳизбӣ доман бизанед, ба тавре, ки ба назар бирасад танҳо шумо фаросӯи ин душманиҳо ноҷии меҳан ҳастед.

Номи ин китоб “Шаҳриёр” ва нависандаи он, Никуло Макиавиллӣ аст. Ба ғайр аз телевизиюн ва твиттер, ба назар мерасад текникҳои “шаҳриёрон ҷавон”-и ҷоҳталаб, он чунонки ӯ онҳоро меномад, заррае тағйир накардааст.

Аммо чаро Макиавеллӣ як китоби комил дар бораи онҳо навиштааст ва онро бо чошнии достони мардоне омехтааст, ки бо ришвадиҳӣ ва суистифода аз нуқоти заъф ба қудрат расидаанд: Жулиус Сезор, Поп Олександри шашум, Сезор Бурҷиё (Cesare Borgia)?

Бештари мардуми имрӯза тасаввур мекунанд, ки Макиавеллӣ танҳо равишҳои ин сиёсатмадоронро тавсиф накардааст, ӯ ин равишҳоро тавсия мекунад, яъне ин ки худи Макиавеллӣ нахустин инсони “макиавиллист” будааст, нахустин омӯзгори сиёсати фиребкорона.

Бар тибқи вожаномаи англисии Оксфурд, макиавиллит ба маънои “ҳуққабоз, дасисачин ва бевиҷдон, ба вежа дар дунёи сиёсат” аст. Ҳамроҳ бо ахбори рӯзона, фарҳанги омма низ чеҳраҳои макиавеллистро ба хонаҳои мо овардааст ва ба онҳо ҷилвае инсонӣ ва саргармкунанда додааст: Тунӣ Супрону (Tony Soprano), Фронк ва Хлор Ундервуд дар сериёли “Хонаи пӯшолӣ”, лорд Питер Белйиш аз шахсиятҳои сериёли “Бозии тоҷу тахт”.

Ин инсонҳои макиавеллист одамҳои разл ҳастанд, аммо аз он навъе, ки зиракона амал мекунанд. Мо дар ҳини тамошои тарфандҳои онҳо аз сафҳаи телевизиюн, ҳамонанди қурбониёни онҳо, ба ночор ба воситаи қувваи ибтикори мунҳарифи онҳо андаке фирефта мешавем. Бинобар ин, дигар барои мо ҳайраткунанда нест, ки тасаввур кунем марде бисёр боҳуш, ки дар панҷ қарн пеш мезистааст; дар давроне, ки тасаввур мекунем бисёр золимонатар аз даврони худмон аст, вақти худро ҳар шаб пушти мизи кораш дар атрофи шаҳри Тускон (Tuscan) мегузарондааст ва дар ҳоле, ки ҳамсару фарзандонаш ҳамон наздикӣ хобидаанд, китоби роҳнамои ҳокимони худкома ва популистҳои бадбини имрӯзинро ба риштаи таҳрир дармеовардааст.

Аммо агар мо дар ҳоли нодида ангоштани паёмҳои камтар возеҳи Макиавеллӣ бошем, яъне бинишҳои жарфтари ӯ дар бораи дунёи сиёсат, он гоҳ чӣ бояд гуфт? То ҳудуди як даҳа пеш, ҳаргиз ба зеҳни ман хутур намекард, ки ин пурсишро матраҳ кунам.

Бахше аз шуғли ман он буд, ки дарсҳое аз Афлотун то НАТО-ро дар ҳавзаи таърихчаи андешаҳо тадрис кунам ва баҳс аз Макиавеллӣ дар ибтидои соли таҳсилӣ иттифоқ афтод, байнӣ баҳс аз Угустин ва Ҳобз. Ҳамонанди бисёре аз мударрисони хаста аз фишори кори зиёд, ман барои тадрис роҳҳои миёнбури хосси худро доштам.

Ман китобҳои “Шаҳриёр” ва “Гуфторҳо”-ро бармедоштам, тамоми иборот ва ҷолиби таваҷҷӯҳро барҷаста месохтам ва аз боқии матолиб ба суръат мегузаштам. Ман дар чакидаҳои окодемик мехондам, ки Макиавеллӣ шефтаи наҷоти шаҳри зодгоҳи худ, Флоренсиё ва кишвараш Итолиё буд, он ҳам дар замоне, ки ҳар ду бар асари ҷангҳо вайрон шуда буданд. Оре, ӯ барои хушунат ва риёкорӣ узрҳои шарурона метарошад. Аммо далоили ӯ, меҳанпарастона, аз рӯйи ҳусни ният ва инсонӣ буданд.

Бо ин вуҷуд, ман ҳар чӣ бештар мехондам, бештар ин назарияро зери суол мебурдам. Ман кам-кам мутаваҷҷеҳ шудам, ки навиштаҳои Макиавеллӣ дар замонҳои мухталиф бо лаҳнҳои мутафовите сухан мегӯянд. Дар як лаҳза ба назар мерасад, ки ӯ мардонеро ситоиш мекунад, ки савгандҳои худро озодона зери по мегузоранд ва барои муомилоти мунсифона аҳаммияти чандоне қоил нестанд.

Аммо ӯ ҳамчунин, дар банде, ки ағлаби андешамандон онро нодида мегиранд, мегӯяд, ки “пирӯзиҳо бидуни як қадр эҳтиром, ба вежа барои адолат, ҳаргиз пойдор нахоҳанд буд”. Ман дар муқобили ҳар ҳукми макиавеллистии бадбинона, ду ё се ҳукми дигар пайдо мекардам, ки бо он дар тазодд буданд.

Ман кам-кам ба ин амр шак кардам, ки Макиавеллӣ ба тавсияҳои худаш бовар доштааст. Ин шаккҳо ташдид шуданд ҳангоме, ки ман ба ковиши зиндагӣ ва замонаи ӯ пардохтам ва кӯшидам дарёбам чӣ чизе ӯро водоштааст чунин суханоне бигӯяд. Достони мутадовал он аст, ки ӯ китоби “Шаҳриёр”-ро ба унвони як тақозономаи шуғлӣ навиштааст, ҳангоме, ки дар пайи он буд, ки ба унвони мушовири мумтозтарин хонаводаи Флоренсиё, яъне хонаводаи абарсарватманд Мадичӣ истихдом шавад.

Аммо Макиавеллӣ ба унвони як корманди муҳим ва масъули дифоъ ва умури хориҷа, яке аз сарсахттарин мудофеъони ҷумҳури будааст. Дуруст як сол пеш аз он ки ӯ нахустин пешнависи “Китоби кучак”-и худро тамом кунад, хонаводаи Мудичӣ пас аз гузарондани солҳо табъид, бо кудатое бо пуштибонии хориҷӣ вориди Флоренсиё шуданд. Онҳо амиқан ба дилбастагиҳои ӯ бадгумон буданд, ӯро аз масъулиятҳояш барканор карданд, сипас бо суизанн ба тавтеаи ӯ алайҳи онҳо, ӯро ба зиндон андохтанд ва шиканҷа карданд.

Агар Макиавеллӣ китоби “Шаҳриёр”-ро барои хонаводаи Мудичӣ фиристода бошад, ки номӯҳтамал ба назар мерасад, ӯ наметавониста интизор дошта бошад, ки онҳо “насиҳат”-и ӯро мабнӣ бар ришвадиҳӣ, кулоҳбардорӣ ва одамкушӣ барои расидан ба қудрат, ба унвони ҳикмати дӯстона, ҳадия бипазиранд. Ин амр низ кӯмаке ба баровардани ҳадафи ӯ намекардааст, ки ӯ хонаводаи Мудичиро дар эҳдоияи китоб “шаҳриёрон” хитоб мекунад ва бар дурии онҳо аз мардум исрор меварзад.

Дуруст ҳамонанди диктотурҳои мудерн хонаводаи Мудичӣ муштоқ буданд, то ин тасаввурро зинда нигаҳ доранд, ки онҳо сирфан “шаҳрвандони мумтоз” дар Ҷумҳурии Флоренсиё ҳастанд, на подшоҳ ё диктотур. Онҳоро шаҳриёрон хитоб кардан, як густохии ҷасурона буд.

Ҷойи шигифтӣ нест, ки хонандагони “Шаҳриёр” дар авоили даврони мудерн, файласуфоне назири Фронсис Бекан, Эспинузо ва Русу тардиде надоштанд, ки ин китоб ифшои зираконаи фиребҳои шаҳриёрон аст, як китоби роҳнамои дифоъ аз худ барои шаҳрвандон. Русу онро “китоби ҷумҳурихоҳон” лақаб дода буд.

Бар мабнои шӯҳрат ё зоҳир қазоват накунед. “Ҳеч чизеро танҳо бар мабнои суханони мароҷеъ қабул накунед”. Инҳо бархе аз андарзҳои камтар шинохташудаи Макиавеллӣ ҳастанд ва мо бояд онҳоро дар мавриди суханони худаш ба кор барем. Агар мо дубора ба кирдори ӯ дар ҷараёни зиндагиаш нигоҳ биандозем ва ин ки чӣ гуна зиндагии ӯ афкорашро шакл додааст, чунон ба назар мерасад, ки гӯӣ тасаввури мо аз Макиавеллӣ ба куллӣ нодуруст аст.

Ва акнун замони он аст, ки фаҳми дурусте аз ӯ дошта бошем, зеро дар муқоиса бо ӯ, ҳеч нависандаи муосире роҳнамои беҳтаре барои фаҳм ва рӯёрӯӣ бо ҷаҳони сиёсии мо нест. Ӯ ҳам ба унвони коргузори олирутбаи ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҳам аз тариқи осораш, шомили анбӯҳе аз ашъор, комедиҳои беадабона ва таърихчаи талх, аммо мактуми Флоренсиё, зиндагии худро сарфи мубориза барои дифоъ аз ҳукумати ҷумҳурии шаҳраш дар баробари таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ мекунад. Ҷанге душвор бо набардҳое дар ҷабҳаҳои мухталиф.

Ин амр Макиавеллиро вомедорад, то сафари тӯлонӣ дар миёни Фаронса ҳамроҳ бо подшоҳ Луи дувоздаҳум анҷом диҳад ва Макиавеллиро ба дарбори Сезор Бурҷиё мекашонад, ки дар онҷо тайи чандин моҳи аъсобхурдкун мекӯшад, то ҷавони пархошҷӯро мутақоъид кунад, ки аз ҳамла ба Флоренсиё худдорӣ намояд.

Макиавеллӣ мутақоъид шуда буд, ки таҳдидҳои воқеии озодӣ аз дарун сарчашма мегирад, аз як сӯ бар асари нобаробариҳои фоҳиш ва аз сӯи дигар ҳизбигароии ифротӣ. Ӯ бо чашми худаш мушоҳида карда буд, ки ҳукумати истибдодӣ дар чунин шароите метавонад бо суҳулати ваҳшатнок реша бидавонад ва шукуфо шавад, ҳатто дар ҷумҳуриҳое назири Флоренсиё бо суннатҳои ифтихоромез аз худҳукуматии мардумписанд.

Таърихчаи пурталотуми шаҳраш, ба Макиавеллӣ дарсе омӯхт, ки ӯ мекӯшад онро ба хонандагони ояндаи худ интиқол диҳад: ин ки ҳеч инсони воҳиде наметавонад бар мардуме озод чира шавад магар он ки онҳо худашон ба вай иҷоза диҳанд. Ӯ ба мо мегӯяд: “Одамиён он қадр содда ҳастанд, он қадр дар баробари ниёзҳои ҷорӣ фармонбардор ҳастанд, ки инсони фиребкор ҳамеша касеро хоҳад ёфт, ки иҷоза бидиҳад фиреб дода шавад”.

Ӯ ба ҳар як аз мо мегӯяд: шумо он кас набошед! Шаҳрвандон бояд мутаваҷҷеҳи ин амр бошанд, ки бо эътимоди беш аз ҳадд ба раҳбарон ва эътимоди бисёр кам ба худашон, онҳо кобусҳои сиёсии худашонро ба вуҷуд меоваранд. Ӯ наздик ба поёни ҳаёташ, ба дӯсташ мегӯяд: “Ман дӯст дорам роҳи дӯзахро ба мардум нишон диҳам, то онҳо битавонанд аз он дурӣ кунанд”.

Бинобар ин, шаҳрвандон барои ҳифзи озодиҳои худ чӣ коре метавонанд анҷом диҳанд? Аввал ин ки онҳо метавонанд худро таълим диҳанд, то найрангҳои мухталиф дар китоби роҳнамои диктотури ояндаро ташхис диҳанд.

Китоби “Шаҳриёр”-и Макиавеллӣ бештар ин найрангҳоро тавсиф мекунад, ба шеваҳое, ки ибҳоми гиҷкунандаи онҳоро тақлид мекунад. Барои мисол, рӯзе, ки Дунолд Тромп фармони иҷрои худ дар бораи муҳоҷирони ҳафт кишварро имзо кард, ин суханон ба наҳви дардомезе баҷо буданд:

“Бузургтарин мояи манзилати як шаҳриёри ҷадид он аст, ки корҳои бузург пеш бигирад ва сармашқҳои беназир аз худ ироа диҳад. Намунаи чунин шаҳриёре дар даврони мо, Фердинонд Орогун (Ferdinand of Aragon) аст. Агар корҳои ӯро дар назар бигирем, корҳое бузург ва бархе аз онҳо фавқулъода ҳастанд. Ӯ зеҳни борунҳои Костилро бо ҷанг машғул кард, ба наҳве, ки онҳо мутаваҷҷеҳ нашуданд, ки ӯ дар ҳоли ба даст овардани шӯҳрат ва қудрат дар баробари онон аст.

Дар канори ин, барои даст задан ба корҳои бузургтар ва ҳамвора бо истифода аз дин, ӯ ба кори ситамгарии диндорона рӯй овард, яъне ба ихроҷ ва поксозии моронуҳо (яҳудиён ва мусалмононе, ки бо зӯр маҷбур шуданд ба масҳият бигараванд) аз қаламрави подшоҳии худ даст зад; ҳеч сармашқе некбатбортар аз ин наметавонад вуҷуд дошта бошад.

Ва бинобар ин, ӯ ҳамвора корҳои бузург пеш гирифта ва анҷом додааст, ки ҳамвора зеҳни мардумони таҳти султаи ӯро дар ҳолати билотаклифӣ ва ситоиш ва саргарм бо натоиҷи он корҳо нигаҳ доштааст. Ва корҳои ӯ яке пас аз дигаре анҷом шудааст ба наҳве, ки мардум ҳаргиз фурсати онро надоштаанд, то ба таври мудовим алайҳи ӯ иқдом кунанд.”

Ҳангоме, ки мо медонем, ки инҳо суханони Макиавеллӣ ҳастанд, мо тамоюл дорем, ки иҷоза диҳем, то хонишамон аз ин суханон таҳти таъсири шӯҳрати ӯ қарор гирад. Аммо агар фарде ношинос ин матнро дар интернет дар маърази диди умум қарор диҳад, чӣ гуна дар бораи он қазоват хоҳед кард: ба унвони ситоиши беҳадду ҳаср аз дирояти сиёсии як раҳбари бузург, ё масхараи бемаззаи худбузургбинӣ ва ҳуққаҳои сатҳии ӯ?

Шояд шумо гумон кунед, ки кулли ин як чолиши фикрӣ аст барои озмудани ин ки оё шумо метавонед бӯи дардисарро дар пушти суханон пуртамтароқ ҳис кунед ё хайр. Ва шояд шумо аз худ бипурсед: оё чунин токтикҳое барои эҷоди ҳавосспартӣ ва саргармӣ, ҳаргиз метавонад барои давлатҳо суботи пойдор ба армуғон оварад? Посухи Макиавеллӣ ин аст, ки на, онҳо наметавонанд. Муваффақияти сиёсии ҳақиқӣ ниёзманди равишҳои комилан мутафовит аст: диплумосии муҳофизакорона, роҳи ҳаллҳои баландмуддат барои масоили печида.

Макиавеллӣ дар канори омӯзаҳои худ барои шаҳрвандон, паёме низ барои шаҳриёрони популисти тозакор дорад. Ӯ ба онҳо мегӯяд, ки шояд шумо бо истифода аз токтикҳои “тафриқа биандоз ва ҳукумат кун” ва дигар тарфандҳои мавҷуд, ба суҳулат ба авҷи қудрат расида бошед.

Шояд мардум нусхаи манфиатталабонаи шуморо барои муддате бовар кунанд. Аммо дар корзори рӯзонаи ҳукуматдорӣ воқеиятҳое сарсахтонатар таъсиргузор ҳастанд. Сипас шумо васваса хоҳед шуд, то ба ҳама нишон диҳед, ки раис кист ва талош мекунед, то аз як назми маданӣ ба як назми мутлақа фаро равед.

Аммо огоҳ бошед: шаҳрвандоне, ки ба он хӯ гирифтаанд, ки қавонин ва муҷриёни қонун бар онҳо ҳукумат кунанд, дар ин вазъиятҳои бӯҳронӣ ҳозир нестанд аз як худкома фармонбардорӣ кунанд. Ва агар шумо озодиҳои онҳоро салб кунед, онҳо ҳаргиз он озодиҳоро фаромӯш намекунанд. “Хотираи озодии дерини онҳо оромишро аз чашмонашон мерубояд”.

Онҳо бо шумо хоҳанд ҷангид ва шуморо поймоли замине сӯхта ва хунолуд хоҳанд кард. Пас, ба худатон заҳмат надиҳед, ки барои берун нигаҳ доштани хориҷиҳо девор бисозед. Нобаробариҳои заҳрогин, шаҳрвандоне, ки аз якдигар нафрат доранд, давлате, ки фоқиди машрӯият аст: инҳо ҳамон чизҳое ҳастанд, ки давлатҳоро осебпазир месозанд. Деворҳо танҳо шикасти шуморо дар рӯёрӯӣ бо ин масоил ба намоиш мегузоранд.

Имрӯза низ боз ҳам демукросиҳои кӯҳна ва нав барои ҳифзи ҳаёти худ меҷанганд. Дар байни изҳороти дупаҳлӯи худ, Макиавеллӣ ин нуктаро равшан месозад, ки чаро ҳукумати мардумписанди қонунмдор ҳамвора беҳтар аз ҳокимияти истибдодӣ аст: “Мардуме, ки ҳар он чиро, ки мехоҳанд метавонанд анҷом диҳанд, бехирад ҳастанд, аммо шаҳриёре, ки ҳар он чиро, ки мехоҳад метавонад анҷом диҳад, девона аст”. Зиндагӣ ва суханони ӯ моро бармеангезад, то алоими хатари сиёсиро бо ҳушёрии бештаре бихонем ва ҷангҷӯёни сарсахт дар роҳи озодиҳои худ бошем.

Guardian

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Танҳо роҳи наҷоти Исроил аз фурӯпошӣ ба ривояти женероли саҳюнист
Консулгарии Исроил дар Туркия ба оташ кашида шуд

Матолиби пурбоздид