Дарро ба рӯям бастӣ…

Адаб

 

Дарро ба рӯям бастӣ…

Пиразане масеҳӣ дар хоб ба Худо гуфт: Худоё! Ман хеле танҳо ҳастам, оё меҳмони хонаи ман мешавӣ?

Нидое омад, ки фардо Худо ба диданаш хоҳад омад.

Пиразан аз хоб бедор шуд, бо аҷала шурӯъ ба ҷору ва тамиз кардани хона кард, рафт ва чанд нони тоза ҳам харид ва хушмаззатарин ғизоеро, ки медонист, пухт. Сипас нишаст ва мунтазир монд.

Чанд дақиқа баъд дари хона ба садо даромад. Пиразан бо аҷала ба тарафи дар рафт ва онро боз кард. Пеши дар пирамарди фақире буд. Пирамард аз ӯ хост, то ғизое ба вай бидиҳад. Пиразан бо асабоният ба сари пирамарди фақир дод зад ва дарро баст.

Ним соат баъд боз дари хонаро заданд. Пиразан дубора дарро боз кард. Ин бор кӯдаке, ки аз сармо меларзид, аз ӯ хост, то аз сармо паноҳаш диҳад, вале пиразан бо нороҳатӣ дарро баст ва ғур-ғуркунон ба хона баргашт.

Наздики ғуруб бори дигар, дари хона ба садо даромад. Ин бор пиразан мутмаин буд, ки Худо омадааст, пас саросема ба сӯйи дар давид. Дарро боз кард, вале ин бор низ зани фақире пушти дар буд. Зани фақир аз ӯ каме пул хост, то барои кӯдакони гуруснааш ғизое бихарад. Пиразан, ки хеле асабонӣ шуда буд, бо доду фарёд зани фақирро дур кард.

Шаб шуд, вале аз Худо хабаре набуд. Пиразан ноумед шуд ва бо нороҳатӣ сар ба осмон баланд кард ва ба Худо гуфт: Худоё! Магар ту нагуфтӣ, ки имрӯз ба диданам меойӣ?

Ҷавоб омад, ки ман се бор ба хонаи ту омадам ва ту ҳар се бор дарро ба рӯйи ман бастӣ.

Манбаъ: “Достонҳои оромиш бо Худо”

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Меҳри модар
Бо раият сулҳ кун

Матолиби пурбоздид