Дарси ибрат

Таҳлили хабарӣ

Дарси ибрат

Ёддошт

Ҳеч кас ва аҳаде дар Банглодеш гумон намекард ва ба хобаш намеомад, ҳатто як ҳафта пеш аз ин ҳаводис, ки нахуствазир ба ин хиффату зиллат сарнагун ва аз кишвар фирор кунад.

Балки баръакс, дар шурӯи нооромиҳо, ҳамин бонуи нахуствазир, Ҷамоати Исломии Банглодешро гурӯҳе терурист эълон карда ва фаъолияти онро мамнӯъ карда буд ва бо ин кораш, хотираш ҷамъ буд, ки дигар ҳама ором хоҳад шуд.

Вале ҳеч чиз пеши роҳи хашму ғазаби мардумро гирифта наметавонад, ҳеч чиз. Имрӯз коре шуд, ки ҳамон тавре ки арз кардам, ҳатто ба хоби нахуствазир ва нерӯҳои низомии вежааш, ки мудом ин бону ба он ифтихор ва тасреҳ мекард, ки дар шибҳиқорра беҳтарин нерӯҳои вежа аст, натавонистанд пеши роҳи хурӯши мардумро бигиранд.

Умед аст, ки ин ҳодиса барои “ҳасинаҳо” ва амсоли ӯ дар минтақаи мо дарси ибрат шавад ва ба худ оянд.

Ҳодисаи Банглодеш як ҳушдор барои онҳо ва беҳтарин дарси ибрат барояшон аст; зеро нерӯҳои вежаи Шайх Ҳасина дар шибҳиқорра воқеан яке аз муҷаҳҳазтарини нерӯҳо буданд ва аҳаде фикр намекард, ки дасти касе ба нахуствазир бирасад!

Сайидюнус Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Дар акс: Нерӯҳои вежаи Банглодеш, ки фақат аз Шайх Ҳасина итоат мекарданд

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Meta аз нахуствазири Молезӣ узрхоҳӣ кард
Ишғоли иқоматгоҳи Шайх Ҳасина

Матолиби пурбоздид