Дарсҳое аз таҳаввулоти Сурия барои Меҳвари Муқовимат

Таҳлили хабарӣ

Дарсҳое аз таҳаввулоти Сурия барои Меҳвари Муқовимат

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Оё иттифоқоти ахир дар Сурия барои Меҳвари Муқовимат шикаст буд? Бале, сад дар сад. Инро бояд пазируфт. Мунтаҳо, шикаст поёни роҳ нест, барои одами безарфият бале, шикаст, поёни роҳ аст, аммо барои касе, ки ҳадафе воло дорад, шикастҳо ҳама дарс ҳастанд, ӯ аз шикастҳо дарс меомӯзад ва ба роҳи худ идома медиҳад.

Одам, вақте дар нимаи роҳ бо шикаст мувоҷеҳ мешавад, ба ҷойи ин ки шикасти худро тавҷеҳ кунад, ба баррасии омилҳое, ки ба ин шикаст мунҷар шудаанд мепардозад ва сипас бо эътироф ба онҳо, ба ислоҳи худ мепардозад. Асосан, шикаст аз ин манзар, на ин ки ба зарару зиёни ту, ки ба суд ва фоидаи туст.

Бинобар ин, дар ин ёддошти қадре тӯлонӣ (ки аз азизон мехоҳам ҳавсала ба харҷ диҳанд ва мутолеа кунанд), ба асоситарин омилҳо (аз назари нигоранда), ки мунҷар ба ин шикаст дар нимаи роҳ шуд мепардозам, ба ин умед, ки то дар оянда дигар ин иштибоҳҳо такрор нашаванд. Албатта аввал чанд ҷумла аз инсонҳои обдида ва коркушта, ки дар ниҳоят пирӯз шудаанд, бароятон нақл бикунам:

“Шикаст, бахше аз зиндагӣ аст, агар шикаст нахӯред, намеомӯзед ва агар наомӯзед, ҳаргиз тағйир нахоҳед кард.”

“Пирӯзӣ он нест, ки ҳаргиз замин нахӯрӣ, он аст, ки баъд аз ҳар замин хӯрдане бархезӣ.” Ин ҷумла аз Гондӣ аст, ки шабеҳи он аз Мондило низ нақл шуда ба ин шакл:

“Бузургтарин ифтихор дар зиндагӣ ин нест, ки ҳаргиз замин нахӯрем, балки дар ин аст, ки ҳар бор, ки замин мехӯрем, бархезем.”

“Аз шикаст натарсед, балки аз ҳадаф надоштан битарсед. Ҳадаф надоштан ҷурм аст.”

“Шикаст яъне шумо дар масири пешрафт ҳастед. Яъне шумо дар масир ҳастед ва ин хеле беҳтар аз сукун ва адами талош аст.”

“Шикастҳо маъмулан барои касоне иттифоқ меафтад, ки ҷуръати риск доранд, агар коре намекунӣ, шикаст намехӯрӣ ва албатта муваффақияте ҳам дар интизорат нест.”

“Баъзе аз афрод аз шикаст ба унвони як баҳона барои таслим шудан истифода мекунанд. Афроди дигар ба шикаст ба унвони як фурсат барои тасмимгирӣ ва ба кор андохтани стротежиҳои ҷадид истифода мекунанд.”

“Афроди муваффақ ҷойгузинҳоро мебинанд ва талош мекунанд, ки роҳҳои ҷадидро имтиҳон кунанд. Афроде, ки фақат шикастро мебинанд, наметавонанд роҳи дигареро пайдо кунанд ва ба зудӣ хаста мешаванд.”

* * *

Ва аммо дарсҳое аз ин шикаст, ки умедворам дигар такрор нашавад:

1) Меҳвари муқовимат дар набарди ахир яъне дар “Тӯфон ал-Ақсо”, ки бо тамоми қувват ба кӯмаки Ҳамос ва фаластиниҳо бархост – ки дуруст ҳам кард ва вазифааш ин буд – дар канори ҷанг дар майдон, кори тафҳим ва ба истилоҳи нави тоҷикӣ, “фаҳмондадиҳӣ” анҷом надод ва дар ин росто ба саҳлангориҳои ҷиддӣ роҳ дода шуд. Алъон ин фикр дар ҷаҳон ҳоким шудааст, ки гӯӣ ин ҷанг як ҷанги шиъа ва суннӣ аст, ки шиъа мехоҳад бар ҷаҳони ислом тасаллут ёбад ва Қудс баҳона аст ва аз ин қабил пиндорҳо. Вақте бархе расонаҳои ҳомии Меҳвари Муқовимат ва баъзе руҳониҳои ҳомӣ, ба ҷойи ҳарф аз зарурати пайкор бо зулму ситами саҳюнистҳо ва ин ки вазифаи мусалмонҳо озодсозии Қудс аст, ба ҷойи ин, вақте шабу рӯз аз шиъа ва суннӣ ва ихтилофот байни онҳо ва “Сақифа” ва саҳоба ва ҳаводиси таърихӣ ва охируззамон ва ғайра баҳс мекунад, хуб дар ин сурат, оё пиндори бепояи ҷанги шиъа ва суннӣ фазоро пур накунад?!

2) Бояд бипазирем, ки шахси Башшор Асад ва Ҳизби Баъс ба монеъе дар баробари пешрафт ва тавсиъаи сиёсӣ–иқтисодии кишвари Сурия табдил шуда буданд. Ва ин воқеияти талх аз чашмони Меҳвари Муқовимат ва бахусус Ҷумҳурии Исломии Эрон дур афтода буд. Бузургтарин иштибоҳи давлати Башшор Асад, нодида гирифтани мардум, саркӯби мардум ва озодӣ ва ҳуқуқи онон буд.

3) Башшор Асад баъд аз саркӯби ДОИШ ва теруристҳо ва поёни ҷанги дохилӣ дар солҳои қабл, ба оштии дохилӣ иқдом накард ва сармаст аз пирӯзии низомӣ, раванди ҳукмронии иштибоҳи худро идома дод. Ӯ ваъдаҳои ислоҳоти сиёсиро фаромӯш кард ва ба канор ниҳод.

4) Меҳвари Муқовимат ва бахусус ҷаноби Алиакбари Вилоятӣ, дар тарҳи хеш, ки баъд аз “баҳори арабӣ” рехта ва номи онро “бедории исломӣ” ниҳодаанд ва то ин ҷойи кор ҳазинаҳои зиёде дар ин роҳ харҷ шуд, таҷдиди назар кунанд. Ин тарҳ мубтанӣ бар он аст, ки тамоми аҳзоб ва гурӯҳҳои исломхоҳи ҷаҳони ислом, бидуни истисно, бо Меҳвари Муқовимат ҳамроҳ ва дар канори он ҳастанд. Яъне ин хушбинӣ вуҷуд дошт (ва шояд ҳанӯз дар назди ҷаноби Алиакбари Вилоятӣ вуҷуд дорад), ки ҳамаи ин гурӯҳҳои исломхоҳ ва аҳзоби исломӣ аз ҷумла Ихвонулмуслимин ва аҳзоби исломӣ бо гароишҳои салафӣ, ҳатто ҳамин Раҷаб Тайиб Урдуғон, дар канори Меҳвари Муқовимат ҳастанд ва аз ин рӯ бояд тақвият ва кӯмак шаванд. Дар ҳоле, ки ҳаводиси ахири Сурия ва қабл аз он, яъне он чи дар ҷараёни “Тӯфон ал-Ақсо” мушоҳида шуд, хилофи инро собит карданд. Яъне ин аҳзоб на танҳо бо Меҳвари Муқовимат ҳамроҳ набудаанд, балки болотар аз он, душмани он будаанд, ки ҷуз нобудии он ва ҷуз пайкор бо онро дар сар надоштаанд.

Бинобар ин, бояд дар таомул бо онҳо як таҷдиди назари ҷиддӣ сурат гирад. Инҳо бо камоли таъассуф на дӯст, ки душман будаанд. Вақте инҳо дар ростои таҳаққуқи аҳдофи худ, ҳозиранд бо саҳюнистҳо таъомул кунанд ва дар авҷи қатли омми мусалмонҳо дар Фаластин, аз саҳюнист дар расонаҳои худ даъват ва бо ӯ сӯҳбат ороянд ва ҳатто раҳбари як ҳизби исломгаро бо ӯ хушу беш кунад, он ҳам дар авҷи леҳ-леҳ шудани кӯдакон ва занон дар Ғазза ба дасти ҳамин афроде, ки даъват мешуданд, ин дигар тавҷеҳ надорад.

Қалмонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Натонёҳу: Сарнагунии Башшор Асад рӯзи таърихӣ дар Ховари Миёна аст
Андешаи мутаҳҳар

Матолиби пурбоздид