Дарсҳои омӯзандаи қиёми ҳусайнӣ

Таърих

Дарсҳои омӯзандаи қиёми ҳусайнӣ

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Ҳусайн ибни Алӣ дар суханон ва хитобаҳои худаш он ҷо, ки аз амр ба маъруф ва наҳй аз мункар сӯҳбат мекунад, ҳамвора сӯҳбаташ ин аст:

وَعَلَی الْاِسْلامِ السَّلامُ اِذْ قَدْ بُلِیَتِ الْاُمَّةُ بِراعٍ مِثْلِ یَزیدَ

(“Фотеҳаи исломро бояд хонд, зеро уммат гирифтори чӯпоне ҳамонанди Язид шудааст.”)

إِنّي لَمْ أَخْرُجْ أَشِراً وَلا بَطِراً وَلا مُفْسِداً وَلا ظالِماً وَإِنَّما خَرَجْتُ لِطَلَبِ الْإِصْلاحِ فی أُمَّةِ جَدّي

(“Ман барои ҷоҳталабӣ ва комҷӯӣ ва ошӯбгарӣ ва ситамгарӣ қиём накардам, балки барои ислоҳ дар кори уммати ҷаддам қиём кардам.”)

Баъд аз 20-30 сол, ки ин ҳарфҳо фаромӯш шуда буд, Ҳусайн ибни Алӣ ба номи як нафар муслеҳ ва ислоҳталаб, ки бояд дар уммати ислом ислоҳ эҷод кард, қиём кард ва ба мардум ишқу идеал дод. Рукни аввали ҳамосаи зинда шудани як қавм ҳамин аст. Миллате шахсият дорад, ки ҳисси истиғно ва бениёзӣ дар ӯ бошад. Инҳост дарсҳои омӯзандае, ки аз қиёми Ҳусайн ибни Алӣ бояд омӯхт. Ӯ ҳисси истиғно ва бениёзӣ ба мардум дод. Рӯзе, ки мехоҳад аз Макка ҳаракат кунад, як зарра қиёми худашро машрут намекунад ва ин тавр мефармояд:

خُطَّ الْمَوْتُ عَلی وُلْدِ آدَمَ

(“Қаллодаи марг бар гардани одамизод ҳамонанди гарданбанде аст бар гардани духтарони ҷавон (марг ҳамеша ҳамроҳи одамӣ аст).”) Ва дар охири хутба мефармояд:

فَمَنْ كَانَ فینا باذِلاً مُهْجَتَهُ مُوَطِّناً عَلی لِقاءِ اللّهِ نَفْسَهُ، فَلْیَرْحَلْ مَعَنا فَإِنَّني راحِلٌ مُصْبِحاً إِنْ شاءَ اللّهُ تَعالی

Ман фардо субҳ ҳаракат мекунам, ҳар кас, ки омодаи ҷонбозӣ аст ва ҳозир аст хуни қалби худашро дар роҳи мо бирезад ва тасмим ба мулоқоти Ҳақ гирифтааст, фардо субҳ ҳаракат кунад, ки ман рафтам. Дигар беш аз ин ҳарфе нест. Ин миқдор истиғно қатъан дар дунё назире надорад.

Аз ин болотар шаби Ошӯрост, ки асҳоб ва аҳли байташро ҷамъ мекунад ва аз онҳо тамҷид ва ташаккур мекунад. Баъд ба онҳо мегӯяд: бидонед, аз ҳамаи шумо муташаккир ва мамнунам, вале бидонед, ки душманон бо шумо коре надоранд ва агар бихоҳед биравед монеъи шумо намешаванд. Ман ҳам аз назари шахси худам, ки бо ман байъат кардаед, байъати худамро аз дӯши шумо бардоштам ва маҳзури байъат ҳам бо ман надоред; ҳар кас мехоҳад биравад озод аст.

Ҳусайн алайҳис салом аз аҳли байт ва асҳобе, ки дар бораи онҳо гуфтааст, ки аҳли байте беҳтар ва бовафотар аз инҳо суроғ надорам, ин миқдор истиғно нишон медиҳад ва ҳаргиз суханоне аз ин қабил, ки манро танҳо нагузоред, ман ғарибам, мазлумам, бечораам, намегӯяд. Албатта таклифи дини Худоро барнамедорад; аз ин рӯ бо афрод, ки итмоми ҳуҷҷат мекард, агар дар онҳо тамоюл ба мондан намедид, ба онҳо мегуфт аз ин саҳна дур бишавед, зеро ман намехоҳам шумо ба азоби илоҳӣ гирифтор шавед, чун агар аз касе истимдод кунам ва ӯ садои истимдоди маро бишнавад ва маро мадад накунад, Худованд ӯро ба азоби ҷаҳаннам мубтало хоҳад кард. Ин дарси истиғно дарси кучаке набуд. Ҳамин истиғно буд, ки баъдҳо руҳияи истиғно ба вуҷуд овард ва чӣ қадр қиёмҳо ва наҳзатҳо ба вуҷуд омад!

Ҳусайн ибни Алӣ дарси ғайрат ба мардум дод, дарси таҳаммул ва бурдборӣ ба мардум дод, дарси таҳаммули шадоид ва сахтиҳо ба мардум дод. Инҳо барои миллати мусалмон дарсҳои бисёр бузурге буд. Пас ин ки мегӯянд, Ҳусайн ибни Алӣ чӣ кард ва чӣ тавр шуд, ки дини ислом зинда шуд, ҷавобаш ҳамин аст, ки Ҳусайн ибни Алӣ руҳи тоза дамид, хунҳоро ба ҷӯш овард, ғайратҳоро таҳрик кард, ишқу идеал ба мардум дод, ҳисси истиғно дар мардум ба вуҷуд овард, дарси сабру таҳаммул ва бурдборӣ ва муқовамат ва истодагӣ дар муқобили шадоид ба мардум дод, тарсро рехт; ҳамон мардуме, ки то он миқдор метарсиданд, табдил ба як идда мардуми шуҷоъ ва диловар шуданд.

Ин достон маъруф аст, мегӯянд: Нодир дар яке аз ҷангҳояш сарбозеро дид, ки фавқулъода шуҷоъ ва далер буд ва аз шуҷоат ва диловарии ӯ эъҷоб мекард. Як рӯз ӯро хост, гуфт: ту бо ин шуҷоат ва диловариат, он рӯзе, ки афоғина рехтанд ба Исфаҳон ғорат карданд ва куштанд куҷо будӣ? Гуфт: ман Исфаҳон будам. Гуфт: ту Исфаҳон будӣ ва афоғина омаданд ва он ҳама ҷиноят карданд? Гуфт: бале будам. Гуфт: пас он рӯз шуҷоатат куҷо буд? Гуфт: он рӯз Нодире набуд; миқдоре аз шуҷоате, ки имрӯз ман дорам аз руҳияи Нодир дорам; туро, ки мебинам, ғайрати ман таҳрик мешавад, шуҷоъ ва далер ва диловар мешавам.

Ин ки ман таъкид мекунам, ки ҳамосаи ҳусайнӣ ва ҳодисаи Карбало ва Ошӯро бояд бештар аз ин ҷанба мавриди истиноди мо қарор бигирад, ба хотири ҳамин дарсҳои бузурге аст, ки ин қиём метавонад ба мо биёмӯзад. Ман мухолифи рисо ва марсия нестам, вале мегӯям, ин рисо ва марсия бояд ба шакле бошад, ки дар айни ҳол он ҳисси қаҳрамонии ҳусайниро дар вуҷуди мо таҳрик ва эҳё кунад. Ҳусайн ибни Алӣ як сужаи бузурги иҷтимоӣ аст. Ҳусайн ибни Алӣ дар он замон як сужаи бузург буд; ҳар касе, ки мехост дар муқобили зулм қиём кунад, шиораш “Ё ла соротил-Ҳусайн!” буд. Имрӯз ҳам Ҳусайн ибни Алӣ як сужаи бузург аст, сюжае барои амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, барои иқомаи намоз, барои зинда кардани ислом, барои ин ки эҳсосот ва авотифи олии исломӣ дар вуҷуди мо эҳё бишавад.

Бо вуҷуди ин ки ароизи дигаре дар ин бора дорам, дар ҳамин ҷо ба ароизам хотима медиҳам ва бармегардам ба ояте, ки дар ибтидо хондам. Ояти аҷибе аст:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اسْتَجِيبُوا لِلَّهِ وَلِلرَّسُولِ إِذَا دَعَاكُمْ لِمَا يُحْيِيكُمْ

(Сураи Анфол, ояти 24) айюҳан нос! Ин даъвати пайғамбарро иҷобат кунед; мехоҳад шуморо зинда кунад. Ҳаёти як миллат ба доштани сарвати зиёд нест, ҳатто ба илм ҳам нест (илм ба танҳоӣ кофӣ нест, ки як миллатро зинда кунад), балки ҳаёти миллат ба ин аст, ки он миллат шахсиятеро дар худаш эҳсос кунад. Эй басо миллатҳои олиме, ки шахсият надоранд ва эй басо миллатҳои ҷоҳил, ки шахсияти худашонро ҳифз кардаанд. Агар алҷазоириҳо баъд аз 150 сол мубориза тавонистанд истеъмори Фаронсаро ба зону дароваранд ва ба истиқлол бирасанд, барои ин буд, ки дар онҳо як ҳамоса ва як эҳсоси маниш вуҷуд дошт. Агар дар он тарафи машриқзамин, миллати дигаре (ветномиҳо) дорад бо қавитарин ва сарватмандтарин миллатҳои ҷаҳон мубориза мекунад, чаро мубориза мекунад? Оё адад ё сарваташ бо онҳо мубориза мекунад? Абадан! Эҳсоси шахсият ва маниши он миллат мубориза мекунад, мегӯяд: ман туро ба оқоӣ қабул надорам, ман ё бояд зинда бошам рӯйи пойи худам бошам ва касе бар ман ҳукумат накунад ва ё бояд набошам.

(Ҳамосаи ҳусейнӣ, Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Қаламонлайн   

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қофилае, ки ба ҳаҷ мерафт
Ташкили коргуруҳи Осиёи Марказӣ дар Сенои Амрико

Матолиби пурбоздид