Дархост кардани чизе аз падару модар
Сабки зиндагӣ
Мухотаби ин навишта навҷавонони азиз мебошанд
Тасаввур кунед, ки ба унвони навҷавон ба чизе эҳтиёҷ дорам ва дар ин синну сол истиқлоли молӣ надорам ва худам даромади иқтисодӣ надорам, чӣ гуна аз падару модарам онро дархост кунам?
Табиист, ки мо ба унвони фарзанд, хостаҳоямонро аз падару модарамон металабем ва дар ин марҳала, чигунагии баёни дархостамон аз волидайн, барои иҷобат шудани он хоста, аҳамияти бисёре дорад.
Масалан ман ба унвони як навҷавони 10-12 сола, як духтар, ё як писар, туби футбол, ё кафши варзишӣ мехоҳам, хуб, бояд аз падар ё модарам бипурсам, то бароям бихаранд.
Шумо ба унвони фарзанди хонавода падару модаратонро беҳтар аз ҳар касе мешиносед. Барои баёни хостаҳоятон ҳатман бояд бо таваҷҷуҳ ба шинохтатон аз онҳо амал кунед, барои мисол, мулоҳизае монанди алоқамандиҳои падару модаратон, назарашон, шинохташон нисбат ба дархосте, ки доред, бояд дар назар бигиред.
Равиши дархост аз волидайн ба ҷуръатмандӣ иртибот дорад. Ҷуръатмандӣ ба маънои тавоноии баёни хостаҳо ва ҳамаи эҳсосотатон ба шакли содиқона ва албатта бо риояти адаб аст.
Ҳангоме ки чизеро аз падар ё модарамон жархост мекунем. Ба ин чанд нукта бояд диққат кунем.
Замони баёни дархост
Оё замони муносиберо барои ин дархостамон интихоб кардаем. Масалан дар ин замон, падарам хаста нестанд. Оё гуфтани ин масъала дарин замон мантиқӣ аст? Аз ҳама муҳимтар, оё хостаи ман амалӣ ҳаст, ё на? Яъне падар ё модарам барояшон сахтӣ ва мушкилотеро эҷод намекунад?
Чӣ гуна дархост кунем?
Баёни дархост
Дар чигунагии баёни дархост аз падару модар бояд ба ин масоил диққат кунем:
Оё хостаи ман дар ҳоли ҳозир мантиқӣ аст?
Оё падару модарам тавоноии баровардани хостаамро доранд?
Оё ман масолеҳи падару модарамро дар назар гирифтаам?
Пас аз он ки мавориди зикршударо риоят кунед, метавонед барои таъсиргузории бештар, ба нукоти зер низ таваҷҷӯҳ кунед:
Дархости худро ба сурати мушаххас баён кунед.
Хостаи худро мушаххас ва возеҳ баён кунед. ҷузъиёти заруриро баён кунед. Аз баёни мубҳам бипарҳезед. Бигзоред падару модар бидонанд, ки қарор аст, чӣ коре анҷом диҳанд.
Ба таври мисол. Агар пул мехоҳед, маблағи онро баён кунед ва ин ки барои чӣ коре сарф мекунед.
Лозим нест тамоми ҷузъиётро бигӯед, ҷузъиёти заруриро бигӯед, кофист.
Агар дар баёни хостаатон, суханро тӯлонӣ кунед, мумкин аст, гуш надиҳанд.
Муҳимтарин нукта ин ки ҳангоми баёни хостаатон эътимод ба нафс – яъне худбоварӣ дошта бошед. Агар шумо худатон аз чизе ки мехоҳед мутмаин нестед, наметавонед тасаввури мусбате аз худатон нишон диҳед ва ҳамчунин эҳтимоли рад шудани дохостатонро зиёд мекунад.
Нуктаи муҳимми баъдӣ, чигунагии баёни он дархост хоҳад буд.
Аввал боварӣ ҳосил кунед, ки дархостатонро дуруст фаҳмиданд. Гоҳе вақтҳо, бо вуҷуди талошҳои зиёди мо, барои баёни возеҳи матлабамон, паём иштибоҳ бардошт мешавад.
Пас, беҳтарин роҳ ин аст, ки аз волидайнамон бипурсем, ки дуруст фаҳмидаанд ё на. Аз ҷумлаҳои мусбат истифода кунем. Нагӯем, шумо чӣ чизеро дӯст намеоред ё намехоҳед. Балки бигӯем, чи чизеро мехоҳед. Инчунин дар хостаҳоямон, аз ҷумлаҳои дастурӣ (фармон додан) истифода накунем. Ва бо оромиш хостаи худро баён кунем.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: